Инак, соли нави таҳсил низ оғоз гардид.
Омӯзгороне, ки хабарҳои хушро чашмдор буданд, боз ноумед гаштанд. Солҳост, ки оиди кам будани соатҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик устодони ин соҳа арз менамоянд ба мақомоти гуногун. Аммо натиҷае нест.
Тасаввур кунед, ки дар синф 30-35 нафар хонанда мехонанд. Дар як ҳафта 3-соат забони давлатӣ, 3-соат забони англисӣ, 1-соат русӣ – ҷамъ 7-соат. Аммо аз ду фан: ҳам забон ва ҳам адабиёти тоҷик 2-3 соат. Яъне 1 ё 1,5 соатӣ. То ҳол ягон муассисаи дахлдор ба ин масъала бояду шояд равшанӣ наандохтааст. Дар низом оварда шудааст, ки агар волидони хонандагон даъво намоянд, аз ҳисоби забони тоҷикӣ 1-соат ба забони русӣ дода шавад. Ин кор ҳар сол боиси эътироз мегардад. Барои чӣ ҳамин як соатро дар нақша ҷойгир накарда, аз ҳисоби дигар фан мегиранд?
Беҳуда нагуфтаанд, ки:
Ҳар кас бо забони худ
сухандон гардад,
Донистани сад забон осон
гардад.
Дигар ин ки хонанда маҳз бо воситаи забони модарии худ соҳиби ҳиссиёту тасаввуроти рангин гашта, бо вожаҳои зарурӣ маънавияти худро бой мегардонад. Дарки зебоии олами ҳастӣ, соҳиб гаштан ба хислатҳои мусбӣ, муносибат бо одамони гуногунро дар худ муҷассам мегардонад. Маҳз тавассути забони модарии худ ва хуб донистани он дигар забонҳоро низ қадр менамояд.
Оё барои омӯхтани забону адабиёти мо 1-соат басанда аст. Сол то сол имкониятҳои мактабҳои тоҷикӣ маҳдуд мегардад.
Оё ба ҳамин минвол метавон таҳсилгирандагонро соҳиби дониши зарурӣ гардонид? Алалхусус, дар деҳаҳо шароиту имкониятҳо назар ба шаҳр фарқияти зиёд дорад.
Омӯзгорони тоҷик дар ҳар сурат, дар ҳар гуна шароит аз ин ноумед нагашта, баҳри ба воя расонидани фарзандони содиқи Ватан кӯшиш ба харҷ медиҳанд, зеро:
Аз ноумедиҳо басе
умед аст,
Поёни шаби сияҳ
сафед аст.
Сулаймон СОДИҚ,
омӯзгори мактаби
рақами 9-уми
ноҳияи Бӯкаи
вилояти Тошканд.