Басе мешавад, ки бузургонро умре ғоибона мешиносанд ва умре орзу дар дил мепарваранд: “Кош боре аз наздик медидам”.
Басе мешавад, ки бузургонро умре ғоибона мешиносанд ва умре орзу дар дил мепарваранд: “Кош боре аз наздик медидам”. Банда низ солҳои наврасӣ Мунаввар Пардаевро тавассути шеъру мақолаҳои дар рӯзномаи “Янги ҳаёт”-и ноҳияи Сайҳунобод дарҷгаштааш ғоибона мешинохтам ва пайваста орзу мекардам, ки мисли ӯ мақоланависӣ ва шеъргӯиро омӯзам. Ҳар як шумораи рӯзномаро бесаброна интизор мешудам, зеро мақолаву шеърҳои устод бандаро гӯё сӯйи мақсад қадаме ба пеш мебурд...
Моҳи январи соли 1974 дар назди рӯзномаи “Янги ҳаёт” мактаби мухбирони ҷавон (Ишчи-қишлоқ мухбирлар мактаби) кушода шуд. Банда аз аввалинҳо шуда ба он мактаб ҳуҷҷат супоридам ва дар ҳамон ҷо бо Мунавварака шинос шудам. Ба қавле як орзуям шикаст. Машғулот ҳар рӯзи якшанбе дар бинои таҳририят мегузашт. Дар машғулоти дуюм ё сеюм ба мо гуфтанд, ки “имрӯз ба шумо ҷонишини сармуҳаррири рӯзнома Мунаввар Пардаев асрори мақоланависиро меомӯзад”. То ҳамон рӯз Мунаввар Пардаев дар тасаввуроти ман як марди пурсалобати чилу панҷ-панҷоҳсола буд. Аммо ба утоқе, ки мо дарс мегузаштем, ҷавонмарди тақрибан бисту се ё бисту чорсолаи ҷингиламӯ ворид шуда, худро муаррифӣ кард... Маврид, ки мувофиқ омад бояд гуфт, ки “мактаби мухбирон”-и назди рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва университети мухбирони назди рӯзномаи вилоятии “Сирдарё ҳақиқати” барои ҳаводорони касби рӯзноманигорӣ вазифаи гаҳвораҷунбонро адо мекарданд. Ҳоло насли калонсоли рӯзноманигорони вилоят ба хубӣ медонанд ва эътироф мекунанд, ки дар ин “гаҳвора”-ҳо журналистони хеле болаёқат ба воя расида, ба сафи устодон ҳамроҳ шудаанд...
Пас аз хатми донишкада бандаро ба рӯзномаи бароям хеле азиз – “Янги ҳаёт” ба кор даъват карданд. Аммо дар таҳририят Ботир Темиров (шодравон), Мунаввар Пардаев, Донабой Умаров барин рӯзноманигорони чирадаст дигар набуданд. Ботир Темиров ва Донабой Умаров ба кори ҳизбӣ ҷалб шуда буданд. Устод Мунаввар Пардаев ба ғазаби як “аллома”-и райком дучор шуда, аз “Сирдарё ҳақиқати” паноҳ ёфта буд. Ва банда – филологи маълумоти олидор асрори рӯзноманигориро намедонистам аз кӣ омӯзам...
Ҳамон солҳо “Духтари соҳир” ном ҳикояи фантастикии нависандаи соҳибистеъдод, устод Адаш Истадро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардам. Ҳикоя дар рӯзнома чоп шуд. Дар шумораи навбатӣ зери сарлавҳаи “Баҳона не, имконият ҷӯед” фелетонам ҳам рӯйи чопро дид. Рӯзномаи мо дар матбааи шаҳри Сирдарё, ки бо таҳририяти рӯзномаи ноҳияи Сирдарё зери як бом буд, ба табъ мерасид. Дар яке аз рӯзҳои навбатдорӣ сармуҳаррири рӯзномаи ноҳияи Сирдарё, шодравон Бӯрон Умаров, ки аз бузургони журналистикаи вилоят буд, маро дида пурсид:
– Т. Боқиев туӣ?
– Бале, устод, – ҷавоб додам ба ӯ.
– Коратро анҷом дода назди ман даро.
– Ба чашм, устод.
Бо ҳазор фикру андеша назди Бӯронака даромадам.
– Маълумотат чӣ гуна аст? – аз болои айнак нигоҳ карда бо ҷиддияти тамом пурсид ӯ.
– Олӣ, факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи Самарқандро хатм кардам.
– Устодат кист? – боз савол дод ӯ.
– Пеш аз ба донишгоҳ даромадан аз Мунаввар Пардаев каму беш омӯхта будам. Ҳоло ӯ дар рӯзномаи мо кор намекунад...
– Навиштаҳоятро мехонам, – сухани маро бурид устод бо овози андак нарм, – кӯшиш дорӣ, аммо тарҷумаат ҳам, фелетонат ҳам хеле хом. Агар ба рӯзномаи мо медодӣ чоп намешуд. Мунаввар дар ”Сирдарё ҳақиқати”. Домани ӯро маҳкам дор. Ба фелетоннависӣ ишқат афтода бошад, бо Саминҷон Султонов ҳам шинос шав...
Ба қавле ”тарбуз аз бағалам афтода” аз назди Бӯронака баромадам, аммо пас аз он суҳбат имкон, ки ёфтам ба назди Мунавварака мерафтагӣ шудам...
Охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар садорати телевизион ва радиошунавонии вилоят адои вазифа мекардам. Устод Мунаввар Пардаев он солҳо ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Гулистон буд. Сафари хидматӣ ба ноҳияи Гулистон иттифоқ афтад, ҳатман ба зиёрати устод мешитофтам. Ва ҳар дафъа суҳбати мо бо илтимоси илтиҷоомези банда анҷом меёфт: ”Ба касби худ баргардед”... Ва баргаштанд устод.
Пас аз соҳибистиқлол шудани ватани маҳбубамон, моҳи ноябри соли 1992 дар вилояти Сирдарё шуъбаи нашри садорати матбуоти вилоят таъсис ёфт ва моҳи январи соли 1993 он бо қарори ҳокимияти вилоят ба нашриёти «Зиё” табдил гардид. Мунавваракаро директори нашриёт таъин карданд. Аз ин ҷост, ки устодро барҳақ ношири аввалини вилоят меноманд. Он солҳо пойгоҳи моддиву техникии нашриёти навтаъсис муфлису ночор буд. Қарори ҳокимияти вилоят дар бораи ҷудо кардани вом бенатиҷа монд. Аммо Мунаввар Пардаев “бечора” набуд. Ӯ чора ҷуст, чора ёфт. Аз баёни машаққатҳо бобати ба по хезондани нашриёт, ки устод аз сар гузаронид, алҳол худдорӣ мекунем. Зикри он кифоя аст, ки ӯ вазифаеро, ки на ҳар кас ҷуръати ба зимма гирифтан дошт, ба дӯш гирифт ва аз ӯҳдаи иҷрои он баромад. Дар тӯли солҳои роҳбарии устод нашриёти ”Зиё”ҳамчун як даргоҳи маърифат нурпошӣ кард. Сифату қимати бадеии маводи он солҳо аз тариқи нашриёт интишорёфтаро коршиносони соҳа то имрӯз эътирофу орзу мекунанд...
Хислати наҷибтарини устод инсонпарварии эшон аст. Ба корафтодае кӯмак карданро аз ҳама вазифаҳо муқаддамтар медонанд. Борҳо шоҳиди он гаштаам, ки Мунавварака пайи ёрӣ расондан ба корафтодае ба нафаре занг мезанад, илтимос мекунад, ё аз ин идора ба он идора такудав дорад.
– Ин одам кӣ буд? – мепурсидам аз устод солҳои аввал.
– Намедонам, ҳарчанд фикр кардам, ба хотирам наомад, ки дар куҷо дида будам. Воқеан, ӯро шинохтан ё нашинохтани ман чӣ аҳамият дорад. Кифоя аст, ки ӯ бандаро мешиносад ва бо умед ба ин даргоҳ омадааст. Охир, беҳуда “Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст” нагуфтаанд. Эҳтимол савоби ҳамин такопӯйи дусоатаи мо аз савоби меҳнати якумраамон зиёдтар бошад...
Нимаи дуюми солҳои навадум воқеае шуду банда аз қаламу коғаз даст кашида, ба яке аз заводҳои шаҳри Гулистон ба кор даромадам. Озурдахотир будаму зери сақфи нилгун бароям гӯё қафасе буд. Ҳоло ҳадиси кори навамро азбар накарда, рӯзе бо Мунавварака вохӯрдам. Аз тагпурсиҳояш рамуз бурдам, ки асли воқеро медонад.
– Дар завод кор мекунам, моҳонааш бад не, – гуфтам ба ӯ.
– О, мо ба рӯзномаи “Сиҳат-саломатлик” сармуҳаррир намеёбему ин кас дар завод кор мекардаанд. Ин гапатон нашуд, бародар. Ҳар кас бояд кори ба худаш зебандаро кунад... Ҳоло ҳамон рӯзҳоро ба хотир оварда, фикр мекунам, ки агар Мунавварака намебуд эҳтимол то охир дигар қалам ба даст намегирифтам...
Мо ин ҷо хостем як инсони нексиришти ба бани инсон меҳрубонро ба рӯзномахонон муаррифӣ кунем. Дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва аз он, ки эшон дар кадом вазифаҳо будаву чӣ гуна кор кардаанд, кам таваққуф намудем. Ҳол он, ки ӯ журналисти ба мақоми устодӣ расида, устоди публитсистикаи бадеӣ, шоири рангинхаёл, нависандаи бомаҳорат, муаллифи як қатор китобҳои назмиву насрӣ, тарҷумони моҳир, ношири соҳибтаҷриба ва яке аз беҳтарин шоҳмотбозони вилоят асту ба наздикӣ ҳафтодсола шудааст.
Ҷомии бузург гӯё дар ҳақи чунин инсонҳо фармудааст:
Аз нури азал дилат мунаввар бодо,
Асрори абад дар ӯ мусаввар бодо.
Бе он ки инони азм тобӣ сӯе,
Мулки ҳама оламат мусаххар бодо.
Синни хуҷаста муборак бод, устод!
Тӯхтамиши БОҚӢ.
Вилояти СИРДАРЁ.