АЗ ОЛМОН ЁРИИ ИНСОНПАРВАРӢ РАСИД

Маълум аст, ки бо ташаббуси сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Олмон бо кӯмаки созмони хайрияи байналхалқии «Friedensdorf international» барои кӯмак дар ҷиҳати дастгирӣ намудан дар мубориза бар зидди коронавирус аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва иҷтимоии мамлакат, аз он ҷумла барои кӯмак ба аҳолии вилояти Сирдарё, ки аз фалокати техноген зарар дидааст, амали инсонпарварӣ ба вуқӯъ пайваста буд.

Маълум аст, ки бо ташаббуси сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Олмон бо кӯмаки созмони хайрияи байналхалқии «Friedensdorf international» барои кӯмак дар ҷиҳати дастгирӣ намудан дар мубориза бар зидди коронавирус аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва иҷтимоии мамлакат, аз он ҷумла барои кӯмак ба аҳолии вилояти Сирдарё, ки аз фалокати техноген зарар дидааст, амали инсонпарварӣ ба вуқӯъ пайваста буд.
27 июл ба Тошканд бо парвози махсус дар доираи ин амали хайр ҷиҳозҳои тиббӣ, аробачаҳои ногироён, доруворӣ, дастгоҳҳои гуногуни тиббӣ, масолеҳ ва воситаҳои ҳимоя кӯмаки инсонпарварӣ оварда шуд.
Ҷоиз аст таъкид намоем, ки фондҳои хайрияи байналхалқии «Friedensdorf international»-и Олмон ва «Соғлом авлод учун»-и Ӯзбекистон аз соли 2002 инҷониб ҳамкорӣ менамоянд. Дар давраи гузашта бо мадади «Friedensdorf international» беш аз 300 нафар кӯдаки ӯзбекистонӣ дар Олмон табобат гардиданд. Ҳамин рӯзҳо низ боз 16 нафар кӯдакони ҳамдиёронамон дар клиникаҳои мухталифи Олмон муолиҷа мегарданд. Дар доираи кӯмаки инсонпарварӣ барои кӯдакони ӯзбекистоние, ки дар Олмон муолиҷа гаштаанд, дорувории махсус низ вуҷуд дорад.
Хотиррасон менамоем, ки Президент Шавкат Мирзиёев дар доираи ташрифи расмии худ ба Олмон 20-23 январи соли 2019 созмони хайрияи байналхалқии «Friedensdorf international»-ро барои иштироки фаъолаш дар ҳифзи саломатии кӯдакони Ӯзбекистон бо ордени дараҷаи II «Соғлом авлод учун» мукофотонида буд.
Дар муроҷиате, ки танзимгари лоиҳаҳои инсонпарварии ташкилоти хайрияи байналхалқии «Friedensdorf international» Клаудия Пеппмюллер аз тариқи видео ирсол намудааст, гуфта мешавад, ки сарфи назар аз машаққатҳое, ки ба туфайли маҳдудиятҳои пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст, аз ба амал омадани чунин амали инсонпарварӣ мамнун мебошад.
– Имрӯз ба туфайли паҳн гардидани коронавирус тамоми аҳли ҷаҳон дар шароити мураккаб мебошад. Бисёр мамлакатҳо бо вазъияти мураккаб рӯ ба рӯ аст. Ин вазъият ба Ӯзбекистон низ таъсири худро дорад. Ғайр аз ин вобаста ба фурӯ рафтани дами обанбори Сирдарё офати табиӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар натиҷаи он бисёр одамон бесарпаноҳ монд ва оқибатҳои пандемияро боз ҳам пурзӯртар намуд. Мо якҷоя бо мардуми Ӯзбекистон ҳамдилӣ эҳсос менамоем ва барои ҳамин ҳам барои одамони ниёзи кӯмак фиристодани мадади инсонпарварӣ қарор намудем. Дар чунин вазъияти мураккаб якҷоя бо сафорати Ӯзбекистон ва ҳамкорони дигарамон бори инсонпарварӣ ҷамъоварӣ намуда, аз он ки ба Ӯзбекистон фиристодем, ифтихор менамоем, – гуфт К.Пеппмюллер.
Маълум мегардад, ки мадади инсонпарвариро фонди байналхалқии хайрияи «Соғлом авлод учун» дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати тандурустӣ паҳн менамояд.

Хуршед ҚОДИРОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: