«Илоҷи воқеа – пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд, ки ҳадаф аз он пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохушу номатлуб ва ҳифзи саломатии инсонҳо мебошад.
Вазорати вазъиятҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ва бахшҳои минтақавии он, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ба пешгирӣ аз хатарҳои сар задани сӯхтор низ машғуланд, ҳамеша барои иҷрои чунин мақсадҳои нек талош меварзанд. Зеро дар фазои амну осуда зиндагӣ ва кор кардани аҳли ҷомеа аз вазифаҳои муҳим ва аввалдараҷаи тамоми кормандони соҳаҳои сӯхторнишон мебошад.
Ширкати «Enter Engineering» таҳти шиори «Огоҳӣ, наҷот ва кумаки саривақтӣ» ба мардум хидмат мерасонад. Кормандони ширкат ба қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор риоя мекунанд. Ин қоидаҳо пеш аз шурӯи кор аз ҳозир намудани асбобҳои ибтидоии сӯхторхомӯшкунӣ (мисли дастгоҳи хурди оташхомӯшкун, намад, об ва ғайра) иборат мебошад.
Ногуфта намонад, ки дорои кормандони баландихтисос будани он яке аз бартариҳои рақобатпазирии гурӯҳ маҳсуб мешавад. Онҳо дар лоиҳаҳои гуногуни байналмилалӣ фаъолият намуда, соҳиби таҷрибаи бой гардидаанд. Ҳадафи сиёсати кадрии ширкати мазкур ташаккул ва рушди доимии як гурӯҳи муттаҳид аст, ки аз мутахассисон, менеҷерони олӣ ва коргарони одӣ иборат мебошад. Онҳо қодиранд мушкилоти истеҳсолӣ ва корпоративии ҳар сатҳи мураккабро то ҳадди имкон самаранок ҳал кунанд.
Ширкат тайи солҳои охир робита бо ташкилотҳои сохтмониро вусъат бахшидааст ва дар соҳаи пешгириву рафъи ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла сар задани сӯхтор аз ҳамкории мутақобила хеле босамар истифода мебарад. Мешавад гуфт, ки ғайр аз шабакаҳои сӯхторхомӯшкунӣ, инчунин ҳамкорони онро ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳанд. Зиёда аз ду ҳазор ходим барои аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд ва барои ҳарчи бештар огоҳ намудани онҳо чораҳои саривақтӣ пиёда мекунанд.
Барои ба аҳолӣ расонидани моҳияти масъала гузаронидани машқу тамринҳои огоҳкунанда дар пеши назари сохтмончиён, роҳбарони идораҳо ва мардуми маҳаллӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Вазифаи асосӣ, албатта, дар навбати аввал ҳифзи саломатии инсон, риояи техникаи бехатарӣ, пешгирӣ аз сӯхтори ногаҳонӣ, роҳҳои дурусти истифода аз неруи барқ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он мебошад.
Агар дар иншооту биноҳо олоту асбобҳои сӯхторхомӯшкунӣ ё ҳавзи обаш пур мавҷуд набошад, аллакай ин қоида вайроншуда маҳсуб мешавад. Аммо аз асбобу олоти мавҷуда ҳар як ходим зимни сар задани сӯхтор бояд истифода карда тавонад. Албатта, фаъол будани таҷҳизоти автоматикии аз сӯхтор огоҳкунанда ва мавҷудияти хати алоқаи доимӣ дар ин раванд хеле зарур шумурда мешаванд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари сӯхторҳо дар натиҷаи хунукназарӣ ва бемасъулиятии одамони синну соли гуногун ба амал меоянд ва аз худ хисороти молӣ ва баъзан ҷонӣ бар ҷой мегузоранд, ки боиси таассуф аст.
Мисолҳои фаровон овардан мумкин аст, ки дар натиҷаи ба дасти кӯдакон афтидани гӯгирдчӯб чӣ ҳодисаҳои даҳшатафзо ба вуқӯъ пайвастаанд ва кӯдакон ба коми оташ фурӯ рафтаанд. Ё дар баъзе хонаводаҳо занҳо аз асбобҳои носоз бидуни эҳсоси масъулият истифода бурдаанд ва техникаи бехатарӣ риоя нашудааст. Дар натиҷа сӯхтор ба амал омада, аъзои хонаводаҳо тамоми дороии худро аз даст додаанд.
Ҳар як фарди ҷомеаи моро лозим аст, ки чи дар ҷойи кор ва чи дар манзили худ ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ риоя кунад. Дар акси ҳол муҷиби сар задани сӯхтор мегардад ва ҷони худу аъзои хонаводаашро ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ месозад.
Эркин ЭРМАТОВ, сармутахассиси бехатарии техникии
ширкати
«Enter Engineering Pte Ltd».
Шаҳри ФАРҒОНА.