АЗ ОРЗУ КАРДАН ХАСТА НАМЕШУДЕМ

Хурд будам.

Ҳаваси мактабравиву мактабхонӣ мекардам. Азбаски мактаб ба хонаи мо наздик буд, баъзан шеъру сурудҳое, ки дар ид ва ҳар гуна тадбирҳо садо медоданд, ба гӯшам мерасид. Мактабрав шудам ва дар ҳамон мактаб таҳсил гирифтам. Солҳо сипарӣ шуданд. Бо тақозои тақдир Хондиза манзили зистам гардид. Манзили дуюми ман боз мактаб шуд. Аз сабаби офати табиӣ аз он деҳаи зебоманзар кӯчидем. Акнун бар сарамон ташвиш болои ташвиш меомад, фикри сохтани хонаву дар, андешаи донишомӯзии фарзандони халқ чун ман дигаронро низ ҳеҷ ором намегузошт.
1 апрели соли 2015. Санае, ки гӯё сатили оби сарде бар сарам рехт. Аз се як қисми мардуми деҳаро бо қарори ҳукумат ва Вазорати вазъиятҳои фавқулодда кӯчониданд. Хайрият, мардумро, ки зиёда аз 150 хоҷагиро ташкил медод (ҳоло аз 200 хоҷагӣ ҳам гузаштааст) саривақт ба ҷойи бехавф, яъне дур аз деҳа – маҳаллаи “Себзор”-и ноҳияи Деҳнав кӯчониданд. Албатта, аз як ноҳия ба ноҳияи дигар кӯч бастан пайдост, ки мушкилоти зиёд дорад. То ҳол набудани бунгоҳи тиббӣ ва боғчаи бачагона, гузошта нашудани симчӯбҳои барқӣ дар 40 хонадон, душвориҳои хидмати маишӣ муаммоҳое мебошанд, ки ҳалли худро интизоранд. Вале ман ва дигар аҳли деҳаро  чизи дигар бештар ба ташвиш меоварад. Он ҳам бошад, тақдири мактабу мактабиён.
Сентябри соли 2015. Шогирдон (зиёда аз 160 нафар) таҳсилро дар мактаби рақами 22-юми ноҳияи Деҳнав давом доданд. Ҳоло миқдори онҳо ба 200 нафар расидааст. Дар мактаб аз омӯзгорони мо, ақаллан, нафаре соҳиби кор нашуд. Таънаву маломат ҳам кам набуд. Мо бошад аз орзу кардан хаста намешудем. “Шояд дар ду-се сол соҳиби мактаб шавем” мегуфтем бо умед. Лек ҳайҳот! Инак, 7 сол боз орзуи хоми мо напухт. То ҳол мактаб надорем. Солҳост, ки медавем, аз паяш мешавем, мегӯем, менависем, вале бенатиҷа. Тавре ки гуфтам, мо аз орзу кардан монда намешавем, муттасаддиён – аз ваъда додан.
Роҳ дур. Бачаҳои хурдсол барои равуо бисёр азоб мекашанд. Гоҳе аз гармӣ, гоҳе аз сармо, илова бар ин роҳи мошингард ҳамеша хавф эҷод мекунад. То ба хона омадани бачаҳо волидони онҳо хавотир мекашанд. Афсӯсовар он аст, ки фарзандони мо ва бачаҳое, ки ба он мактаб мераванд, аксарияташон тоҷиконанд, аммо тоҷикӣ намехонанд.
Албатта, донистани забони давлатӣ шарт ва муҳим аст. Касе инро инкор намекунад. Худи ман забони ӯзбекиро  ба мисли забони модариам дӯст медорам. Мефахрам ва хушбахтам, ки бо ин забон ҳам чун бо забони модариам сухан мегӯям. Лекин ба забони модарӣ таълиму тарбия гирифтан, албатта беҳтар ва нафъовар аст. Чунон ки шоир фармудааст:
Ҳар кас ба забони худ сухандон 
гардад,
Донистани сад забонаш осон 
гардад.
Бояд гуфт, ки ҳукумат барои бо забони модарӣ таҳсил гирифтани фарзандонамон ҳама шароитро фароҳам овардааст. Таҳсил дар Ӯзбекистон бо ҳафт забон ба роҳ монда шудааст. Дар 18 моддаи Сарқонун ва “Қонун дар бораи забон”, “Қонун дар бораи таълим” инъикос ёфтани ҳаққу ҳуқуқи ҳама миллатҳои сокини Ӯзбекистон далели гуфтаҳои болост. Барои бо забони модариашон таҳсил накардани фарзандони мо бештар падару модарон айбдоранд. Вагарна чаро дар мактаби рақами 22-юми ноҳияи Деҳнав, ки зиёда аз 1300 хонанда ва қариб 100 омӯзгор дорад, танҳо як синфи 11-и тоҷикӣ боқӣ мондааст? Замоне дар ин мактаб хонандагон баробар ба ду забон таҳсил мебардоштанд ва шояд синфҳои тоҷикиаш бештар буд. Чаро дигар мактабҳои ноҳияи Деҳнав ба аслашон, яъне таълиму таҳсили тоҷикӣ баргардонида шуданду дар ин мактаб 5 сол боз дигаргунӣ нест?!
Хулоса, аҳли маҳаллаи «Себзор» мактаби навро орзу доранд. Ба пурсишҳои худ ҷавоб меҷӯянд. Ҳанӯз ноумед нестанд.
Умед мекунем, ки ин навиштаҳо мутасаддиён ва дастандаркорони соҳа, маъмурияти мактабу  падару модаронро сари андеша меоварад.

Барнои САЛОМИЁН, 
муаллимаи мактаби рақами 85-уми ноҳияи Сариосиёи 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: