Ба қарибӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи сӯиқасд ба ҳаёти ходими Бюрои иҷрои маҷбурии ноҳияи Бувайдаи вилояти Фарғона хабарҳои мухталиф паҳн гардид.
18 майи соли ҷорӣ иҷрочии давлатии шуъбаи БИМ А. Аҳмедов ба корхонаи оилавии «Аброр Феруз савдо сервис»-и кӯчаи Алишер Навоии ноҳияи Бувайда барои иҷрои қарори суди байниноҳиявии Қӯқанд доир ба корҳои шаҳрвандӣ аз 5 октябри соли 2017, ки дар бораи вайрон кардани дарвозаи оҳанин ва девори ғайриқонунӣ сохташуда, ки дар майдони автоистгоҳи «Янгиқӯрғон» ҷойгир шудаасту ба даъвогар – ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Маҳбуба Зулфия» тааллуқ дорад, меравад.
Судшаванда А. Абдувалиев ба ходими БИМ зиддият нишон дода, ба дукон роҳ намедиҳад, аввал аз сари синааш тела дода, бо ҳақорати қабеҳ шаън ва қадру қимати ӯро паст мезанад. Аз дукон ду дона кордро бароварда ба мақсади қасдан куштани иҷрочии давлатӣ А. Аҳмедов, ба сари ӯ мезанад ва ҷароҳатнок мекунад.
А. Абдувалиев маҷбур мекунад, ки аз иҷрои супориши давлатӣ даст кашад, аммо дар натиҷаи фаъол зиддият нишон додани А. Аҳмедов ва ҳаракати шаҳрвандони дигар ӯ амалиёти ҷиноиро бо сабаби ҳолати ба худаш вобастанабуда ба охир расонда наметавонад.
Кори ҷиноии мазкур дар маҷлиси суди кушод таҳти раисии судяи суди вилояти Фарғона доир ба корҳои ҷиноӣ Д. Холиқназарова дида шуд. Судшаванда Абдувалиев ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз кори кардааш пушаймон буданашро изҳор намуд. Дар давоми суд арзу шикояти ҷабрдида ва гувоҳҳо шунида шуданд.
Ба Абдувалиев мувофиқи қисми 2, банди «г»-и моддаҳои 25, 97 ва қисми 2-юми моддаи 219-уми кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тартиби моддаҳои 57, 59-уми кодекси ҷиноӣ ҷазои 10 солу 3 моҳ аз озодӣ маҳрум таъин гардид. Суд ба Абдувалиев барои аз кардаи худ пушаймон будан, шароити оила, фарзандони ноболиғ доштани ӯ, нисбат ба ӯ даъво накардани ҷабрдидаро ба инобат гирифта, ҷазо таъин намуд.
Афсус, алҳол дар байни мо шахсоне, ки ба фаъолияти ходимони БИМ монеъ мешаванд, онҳоро носазо мегӯянд ва ҷароҳати ҷисмонӣ мерасонанд, бисёр вомехӯранд. Ҳол он ки ба фаъолияти қонунии ходимони БИМ зиддият нишон додан ва талабҳои онҳоро иҷро накардан беҳурматӣ нисбати қонун ба шумор меравад.
М. СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.