«АЗ ПАДАР ҚОЛИБИ ТАН...»

Офаридгор инсонро бо ҳама қобилиятҳояш ба дунё намеорад.

Офаридгор инсонро бо ҳама қобилиятҳояш ба дунё намеорад. Таҳти таъсири тарбия ва муҳити  ӯро иҳотакарда фарзанд ба воя мерасад, инкишоф меёбад. Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин фасли баҳор лозим бошад, пас барои ҳамаҷониба инкишоф ёфтани инсон устод шабеҳи баҳор аст.
Бе устод кас наметавонад, ки аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта оламу одамро дарк намояд.
Омӯзгорӣ бошарафтарин касб дар ҳама давру замон ба шумор рафта, машаққати зиёдро дар тарбияи насли наврас, ки ояндасози ҷамъият аст тақозо  менамояд.
Муаллим чароғи роҳнамо ва ҳидоятгари башарият ба роҳи дурусту рост аст. Муаллим аз ҳар як норасоиву носозиҳо ва беаҳамиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Қуввати худро барои тарбияи фарзандони мардум дареғ намедорад. Чандон осон нест тифлеро, ки аз олами маънӣ хабар надорад, боодобу донишманд сохтан. Устод А.Авлонӣ гуфтааст, ки “Бахту саодат, осоиштагиву роҳат ва тараққиёти ҳар як миллат ба тарбияи наврасони ӯ вобаста аст”.
Соли хониши навро донишҷӯёни гурӯҳи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ бо хурсандӣ ва як қатор навгониҳо оғоз намуданд. Пӯшида нест, ки барои пурра азхуд намудани дарсҳо дар ин маскани зиё мутахассисон намерасанд. Ҳар як донишҷӯ, инчунин ҳар як падару модар мехоҳад вақти пурқимати фарзандаш беҳуда нагузарад. Бо талабу дархости онҳо омӯзгори собиқадор, номзади илмҳои филологӣ Малик Кабиров ва мутахассиси забон ва адабиёти тоҷик Ҳикмат Султонов ба ин даргоҳ ба кор даъват карда шуданд. Мо – донишҷӯён умед дорем, ки аз устодони фидоии касби худ ва пуртаҷриба дарси маънавӣ ва дар баробари ин сабақи ҳаёт меомӯзем.
– Барои соҳиби фарзанди солеҳу солиҳа шудан тарбияро аз оила сар кардан лозим. Падару модар мехоҳад, ки ояндаи фарзандаш дурахшон шавад. Натиҷаи ин фақат орзу нест, балки саъю ҳаракат ҳам мебошад. Гузаштагони мо фарзандашро ба мактаб дода «Гӯшташ аз шумову устухонаш аз мо» гуфтаанд. Дар ин хусус шоир фармудааст: «Аз падар қолиби тан, аз муаллим ҷони равшан». Вақте устод шогирди ба ҷон баробарашро рӯйи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки насли парвардааш самарае додааст, – мегӯяд устод М. Кабиров.
Дар ин хусус Имом Ғаззолӣ чунин гуфтааст: “Агар, ки ту мутааллим (омӯзанда) бошӣ, ин панду насиҳатҳои ман барои ту: аввало салом дода, ба даромадан изн пурсидан; гапҳои беҳуда назадан; бе рухсат гап сар накардан; дар ҷараёни дарс машғули чизҳои дигар нашудан; ба устод аз ҷой хеста муроҷиат кардан; дар ҳаққи устод гапҳои беҳуда назадан...»
Ба ин панду насиҳатҳо риоя кунем, шояд кам бошад ҳам ҳаққи устодонро адо кунем. 
– Илм, дониш, китоб инсонро ба қуллаи мурод мерасонад. Агар мо китоб нахонем, илму маърифат нагирем дар ҷамъият мавқеи худро пайдо карда наметавонем, ҳам зоҳиран, ҳам ботинан баҳри инсони комил шудан хату савод лозим, – фикри худро идома медиҳад устод.
Шоир фармудааст:
Ҳар киро устод набувад кор бар 
бунёд нест, 
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар 
аз устод нест.
Ҳурмату эҳтироми устодон аз аҷдодон мерос аст. Дар мамлакатамон 1-октябр чун Рӯзи устодон ва мураббиён ҷашн гирифта мешавад, ки ин як намунаи эҳтиром ба устодону мураббиён мебошад.
Идатон муборак, омӯзгорони гиромӣ!
            
Мунира ЮСУФОВА,
донишҷӯйи курси дуюми гурӯҳи тоҷикии 
Донишкадаи омӯзгории 
Чирчиқ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: