АЗ ПАХТА ҲОСИЛИ ФАРОВОН БА ДАСТ МЕОРЕМ,

– мегӯянд роҳбарони хоҷагиҳои фермерии вилояти Андиҷон

Пахтакорони вилояти Андиҷон дар ба даст овардани ҳосили гаронбаҳои пахта, берун аз водии Фарғона низ маълум гаштаанд. Инро манбаъҳои расмӣ тасдиқ менамоянд.
Соли ҷорӣ 3 ҳазору 154 хоҷагии деҳқонӣ бар асоси шартнома бо корхонаҳои кластери нассоҷӣ барои ба даст овардани 272 ҳазор тонна ашёи хоми пахта талош ба харҷ медиҳанд. Гуфта мешавад, ки ин шартномаҳои тарзи фючерсӣ мебошанд.   
Ёдовар мешавем, ки шартномаи фючерсӣ созишномаест, ки байни харидор ва фурӯшанда баста мешавад ва ҳадафи он пардохти фарқияти байни арзиши худи шартнома ва арзиши дороии дар он зикршуда мебошад. Маҳз дар ин ҷо сарвати асосии ҳамон дороӣ пахтаи хоҷагиҳои фермерӣ маҳсуб меёбад, ки ба корхонаҳои кластерӣ интиқол дода мешавад. 
Дар ҳамин ҳол корхонаҳои кластери пахта барои гузаронидани тадбирҳои агротехникӣ маблағи 60 фоизи маҳсулотро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ партохтаанд, ки арзиши он баробари 802 миллиарду 337 миллион сӯм мебошад ва ин маблағ ҳангоми нашъунамои пахта мавриди корбаст қарор мегиранд. Яъне клестерҳо дар ивази маблағҳои аз ҳисоби онҳо пардохтшуда баъди ҷамъоварии ҳосиле, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ аз майдонҳои таҳти кишти пунбадона ба даст овардаанд, онро ба сифати ашёи хом қабул карда мегиранд.
Дарвоқеъ, солҳои пеш чунин тарзи кор қобили истифода набуд, барои ҳамин деҳқонон дар айни долузарбии кор баъзан аз набудани техника барои анҷоми корҳои агротехникӣ ва ё камбуди маводи сӯзишворӣ танқисӣ мекашиданд, дар натиҷа ҷамъи ҳосили бадастовардаи онҳо ҳатто нақшаи шартномавиро таъмин карда наметавонист.
Аммо ҳоло вазъият куллан фарқ мекунад. Хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ фақат ба кишту парвариши пахта ҷиддан машғуланд. Кластерҳо ҳамеша мададгори онҳо мебошанд ва дар сурати зарурат ба ин хоҷагиҳои фермерӣ техника, нуриҳои маданиву минералӣ ва маводи дигари заруриро расонида медиҳанд.
Имсол низ дар тамоми хоҷагиҳои пахтакории вилоят бо мақсади дар муддати кӯтоҳ чидани ҳосили бо арақи ҷабин рӯёндашуда корҳои ҷамъоварӣ бо суръат ва вусъати тамом давом дорад.  Як қатор хоҷагиҳои пахтакории ноҳияҳои вилоят аллакай нақшаҳои шартномавии худро ба сомон расонидаанд ва фатҳи марраро таъмин кардаанд. 
Масалан, хоҷагии фермерии «Бобуршоҳ»-и ноҳияи Улуғнор, хоҷагии фермерии «Қайрағочи Ҷалақудуқ»-и ноҳияи Ҷалақудуқ, хоҷагиҳои фермерии «Исроилҷон», «Нодирбек Худойбердиев ерлари», «Азизбек Райимқулов ерлари»-и ноҳияи Пахтаобод, хоҷагиҳои фермерии «Саодат Қаҳрамон» ва «Мансур Нурматов»-и ноҳияи Булоқбошӣ, хочагии фермерии «Бахт имкон ривоҷ чорваси»-и ноҳияи Олтинкӯл, хоҷагии фермерии «Бирлашган порлоқ келажаги»-и ноҳияи Шаҳрихон дар вилоят аз ҳамин шумор мебошанд. Ин хоҷагиҳо аз аввалинҳо шуда нақшаи шартномавии пахтасупориро иҷро кардаанд, дар парвариши ашёи хоми нахи пахта заҳмати зиёд кашидаанд ва аз ҳар гектар майдони пахтазор 40-45 сентнерӣ ҳосили аълосифат рӯёндаанд.
Роҳбарони як қатор ташкилотҳои вилоят барои беталаф ва дар муддати муқарраршуда ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, намунавор ташкил кардани мавсими пахтачинӣ, фароҳам овардани шароити созгор барои чинакчиён, таъмин кардани онҳо бо хӯроки гарм ва амсоли он аз тамоми имкониятҳои мавҷуда фаровон истифода мекунанд. Дар масъалаи ба чинакчиён пардохт намудани пули пахтаи чидаашон ягон таъхиркунӣ сурат намегирад. Ин ҳол дар онҳо рағбату шуҷоати калон ҳосил менамояд ва онҳо беҳтару бештар вақти худро дар майдонҳои пахта сипарӣ мекунанд.
– Рӯзмарра ману ду келинам қариб 300-350 килограмм ва баъзан аз он ҳам бештар пахтаи аълосифат чида ба хирман месупорем. Талош ба харҷ медиҳем, ки дар ин муддати кӯтоҳи ҳосилғундорӣ аз вақт дуруст истифода кунем ва ҳарчи бештар пахта чинему маблағи бештар ба даст оварем. Хӯрокҳои гарму хушмаза ба қувваамон қувва зам мекунад. Аз аввали мавсим то ҳол дастикам 11 миллион сӯм пул ба даст овардем. Ҳанӯз дар саҳро пахта зиёд аст ва мо то охири мавсим ин нишондоди худро ба 25-30 миллион сӯм хоҳем расонд, – мегӯяд чинакчӣ Назокат Муродова.
Вай меафзояд, ки дар байни чинакчиён мусобиқа розҳандозӣ шудааст. Ғолибони мусобиқа аз тарафи ташкилотҳои гуногун бо мукофотҳои пулӣ ва хотиравӣ қадр карда хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Муродова ҳоло гурӯҳи сенафарии вай дар қатори пешсафони ин мусобиқа қарор дорад.
Масъалаи дигаре, ки дар ин шабонарӯз фермерҳоро нигарон месозад, то боридани борони тирамоҳӣ ҳарчи бештар ҷамъоварӣ намудани ҳосил мебошад. Он гоҳ ҳосилашон аз санҷиши лаборатория ба хубӣ хоҳад гузашт. Бо мақсади таъмини шаффофият дар ҷараёни санҷиши лаборатории назорати сифати ашёи хоми пахта, ки аз ҷониби хоҷагиҳо ба корхонаҳои коркарди пахтаи кластерҳо интиқол дода мешаванд, корҳои зиёд ба сомон расидаанд. Ба таври мисол, ҳар як хоҷагӣ аз ҷониби раиси Шӯрои вилоятии деҳқонон ва мутасаддиёни дигар, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои таҳти кишти пахта мавриди дастгирӣ қарор дода шудаанд. Онҳо манфиатҳои деҳқононро дар мадди аввал газошта, барои назорати раванд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар ин самт раисони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо низ ба гурӯҳҳои назоратӣ шомил карда шудаанд. 
Ногуфта намонад, ки дар асоси хоҳиши чинакчиён маблағи ҷамъоварии як килограмм пахта ё ашёи хоми имсола 1 ҳазору 500 сӯм муқаррар шудааст ва аз ин чинакчиён хеле хурсанду қаноатманд мебошанд. Маблағе, ки барои чинакчиён сари вақт пардохта мешаванд, дар марказҳои ҳисоби бухгалтерӣ аз банкҳои тиҷоратӣ ихтисос дода мешаванд. Дар айни ҳол 42 миллиарду 527 миллион сӯм пули инкассавӣ барои пардохти пули чинакчиён ҷудо гардидааст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят аз аввали мавсими ғунучини ҳосил бо қувваи чинакчиёни хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ ба пунктҳои маҳсулоттайёркунӣ бештар аз 75 ҳазор тонна ашёи хоми навъи аъло интиқол додаанд, ки ҳудуди 30 дарсади ҳаҷми умумии ҳосилро ташкил менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳамин давраи соли гузашта бештар аз 50 ҳазор тонна, ё ба ҳисоби ҳаҷми умумии 18 фоиз ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст ва фарқи он аз кунунӣ 25 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Барои ҳамин тамоми қувваву имконият ба он равона шудааст, ки хоҷагиҳои фермерӣ аз рӯзҳои гарми офтобӣ ва ҳарорати баланди ҳаво масъулиятшиносона истифода кунанд ва  ба фатҳи марра расанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик». 

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: