«АЗ ПАИ ҲАР ШАБЕ БУВАД РӮЗЕ»

Пас аз имзои фармони Президент “Дар бораи чораву тадбирҳои аввалиндараҷа баҳри нарм намудани таъсири пандемияи коронавирус ва ҳолатҳои инқирози глобалӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт” ба соҳибкорон имтиёзҳо ба вуҷуд омад.

Пас аз имзои  фармони  Президент “Дар  бораи  чораву  тадбирҳои  аввалиндараҷа  баҳри нарм  намудани  таъсири   пандемияи  коронавирус  ва  ҳолатҳои  инқирози  глобалӣ  ба  соҳаҳои  иқтисодиёт” ба соҳибкорон  имтиёзҳо  ба  вуҷуд  омад.
Дар  ҳудудҳо  роҳбарон  паи  иҷрои   талабҳои  Фармон  камар  бастаанд. Тавре ки  ҳокими  вилояти Ҷиззах  Эргаш Солиев гуфт: “Айни  ҳол  барои  пардохти  қариб  500  миллиард  сӯм  воме, ки  соҳибкорон  аз  муассисаҳои   молиявӣ  барои  фаъолияти   худ гирифтаанд,  имтиёзҳо   ҷорӣ  гардид”. 
Назар  ба  гуфти  нозири  Садорати   давлатии  андози  вилояти  Ҷиззах   Гулчеҳра  Урдушева, муддати   пардохти  андози замин, хонаву  ҷой  ва  ғайра  то  моҳи  октябр   дароз  карда  шуд.
Рӯзҳои  аввали карантин   ҳама  худро  ба  бозор  зад, аз паи  хариди  маҳсулоти  хӯрокворӣ  афтид. Табиист, ки  эҳтиёҷи   аҳолӣ  ба  ин  анвои хӯрокворӣ, хусусан  сабзавот  афзуд.  Дар  ин  гуна  лаҳзаҳо   баъзе  тоҷирони  ноинсоф  нархи  маҳсулотро   қимат  намуданд.  Ба  ин  тоифа  фурӯшандагон   мардум  дигар  ихлос  намекунанд. Мегӯянд, ки  «инсоф  болои  тоат  аст». Саримом-хатиби  вилояти  Ҷиззах Меҳмоналӣ  Ҷабборов  мегӯяд, ки  дар  рӯзҳои  мусибати  мардум  нархи  молро  бо  таври сунъӣ  қимат  кардан  хоси  ислом  нест.  
Тадбиркори  ҷавон  аз  шаҳри  Ҷиззах  Севара  Шомуродова  сехи дӯзандагӣ  дорад. Назар  ба  гуфти  ӯ,  дар  сех  50   нафар меҳнат  мекунанд. Дар  рӯзҳои  аввали  карантин  ниқоб дӯхта  ба  аҳолӣ  тақдим  карданд, ки шоистаи  таҳсин  аст. Боз  якчанд  нафар ҳастанд, ки ҳиммати  баланд доранд   ва ҳамеша  сӯи  мардум  дасти  сахо   кушодаанд. 
Мардум  танҳо  бо  рӯҳи   хастанопазир  ва  риояи  бечунучарои  гигиенаи  тозагӣ  метавонанд  ин  балоро  рафъ  созанд.  Охир  беҳуда  намегӯянд: “Тозагӣ – гаравӣ   саломатист”.
Ҳарчанд  фоидаи  ҳарорати  баланди гармӣ  барои  бартараф  кардани  вируси  хавфнок  пурра  исботи  худро  наёфтааст, мегӯянд, ки: “Дар  хонае, ки  офтоб намедарояд,  табиб медарояд”.   Яъне  нури  офтоб  шифои  ҳар  дард  аст. Умед  мебандем, ки  сахтиҳо  зуд  мегузаранд, рӯзҳои  беҳ  меоянд.  Мардуми  кишвари  офтобрӯяи  мо  боз  орому  осуда   аз  паи  пешбурди  зиндагӣ  ва  кор  мешаванд.  Беҳуда  намегӯянд, ки «аз  паи  ҳар  шабе  бувад  рӯзе».

Анорбой  НАЗАРОВ,
хабарнигори  “ Овози  тоҷик”.

Вилояти  ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: