АЗ ПАЙИ УСТОД

Мо тавассути рафтору кирдори омӯзгор аз бешазори ҷаҳолат берун омада, дар гулзори маърифат сайр менамоем.

 Устод – шахсест, ки ба мо дарси ҳаёту зиндагӣ меомӯзад, меҳру муҳаббаташро аз шогирдонаш дареғ намедорад. Қалби устод шишаи чароғеро мемонад, ки олами маънавии шогирдонро равшан менамояд. Ин дам беихтиёр симои нурониву ҳалими устодам Акмал Шерназаров пеши назар меояд. Зеро, аз аввалин рӯзе, ки ман ба донишгоҳ омадам, аз суҳбати ин марди ҳунар лаззат бурдаам. Акмал Шерназаров соли 1985 дар деҳаи Ғелони ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё чашм ба дунё кушодааст. Солҳои 2003-2007 курси бакалавриат, 2007-2009 давраи магистратура ва 2009-2012 давраи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ аз соли 2012 то имрӯз фаъолияти педагогии хешро дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷик идома медиҳад ва дотсенти ҳамин кафедра буда, аз фанҳои “Назарияи адабиёт”, “Фолклори тоҷик”, “Таърихи адабиёти навини тоҷик”, “Таърихи адабиётшиносӣ” ба донишҷӯён дарс медиҳад. Ҳар гоҳе ки устод ба дарс медарояд, аудитория гӯё равшантар мегардад. 
Ёд дорам. Боре бо сабаби беморӣ супоришро иҷро накардам ва устод Шерназаров ба ман танбеҳ дод. Суханони эшон, ки чунин гуфта буд, дар гӯшам то ҳол садо медиҳад: “Зикрулло, шумо мисли ин донишҷӯён нестед. Шумо набояд ба кибру ғурур дода шавед. Бештар омӯзед, вагарна ба падаратон шикоят мекунам”. Дар ҳақиқат, устод беасос танбеҳ намедиҳад. Аз ин рӯ, дар дилам бисёр такрор мекунам, ки муаллим сахтгир ва хоксор бошад. Дар фаъолияти илмии эшон тадқиқу баррасии адабиёти хаттиву шифоҳии тоҷик мавриди назар қарор гирифта, то кунун дар ин соҳа чанд рисола ва мақолаҳои илмии ӯ ба нашр расидаанд. Мавсуф дар мавзӯи “Масъалаи дузабона ва таъсири адабӣ дар фолклори тоҷикони водии Қашқадарё” соли 2018 рисолаи докториро дифоъ намуда, китобҳои “Тавсияҳои методӣ доир ба ҷамъ намудани эҷодиёти даҳонакии халқ”, “Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик”, “Намунаҳо аз фолклори тоҷикони водии Қашқадарё”, “Фолклори тоҷик”-ро аз чоп баровардааст. Ҳоло монографияи устод таҳти мавзӯи “Масъалаи дузабона ва таъсири адабӣ дар фолклори тоҷикони водии Қашқадарё” дар арафаи чоп аст. Зиёда аз 20 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ дар маҷаллаҳои ҷумҳуриву хориҷӣ нашр намудааст.
Ҳама дар дил орзу дорем, ки дар оянда аз пайи устод рафта, омӯзему омӯзгори эҷодкор бошем.

Зикрулло АБДУЛЛОЕВ, 
донишҷӯйи 
Донишгоҳи давлатии Самарқанд.        
   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: