АЗ ПАЙИ ВОЛИДАЙН

Бинобар маълумоти Созмони ҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ дар дунё фавт аз хастагии онкологӣ (саратон) пас аз кардиологӣ (бемориҳои қалб) дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Бинобар маълумоти Созмони ҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ дар дунё фавт аз хастагии онкологӣ (саратон) пас аз кардиологӣ (бемориҳои қалб) дар ҷойи дуюм қарор дорад. Шояд аз ҳамин сабаб қарори сарвари давлатамон “Дар бораи боз ҳам такмил додани соҳаи хидматрасонии гематалогӣ ва онкологӣ ба аҳолӣ” аз 27-уми майи соли равон интишор ёфт, ки ба пешгирӣ ва табобати ин маризи пурхатар нигаронида шудааст.

Роҳбар чӣ гуна – кораш намуна

Соли 1945 дар назди шифохонаи шаҳри Самарқанд шуъбаи табобат аз бемории онкологӣ ташкил гардид, ки ҳамагӣ 10 кат дошт. Нахустин мудир Зоя Кушаренко буд. Бо гузашти айём шифохона васеъ шуд. Соли 1963 ба табобатхона доктори фанҳои тиб, марди ташаббускор Раҳим Шарифов роҳбар таъин гардида, шифохона ба муассисаи табобат ва пешгирии бемориҳои саратон дар вилоят табдил ёфт. Роҳбари нав ба табобатхона асбобу ускунаҳои замонавӣ овард, то  ки беморон аз ин иллат зудтар раҳоӣ ёбанд. Шуъбаҳои нав ташкил шуда, биноҳои замонавӣ қад афрохтанд. Шодравон Раҳим Ҳакимович барои ин хидматҳои шоистааш бо унвони «Шифокори шоистаи Ӯзбекистон», ордени «Байрақи сурхи меҳнат» ва ғайра мукофотонида шудааст.
Собиқ роҳбарони табобатхона Шавкат Ҳасанов, Мирзокарим Очилов, Мирҷамол Ҷӯраев низ барои пешравии табобат ва пешгирии бемориҳои онкологӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Ҷавонӣ – боварӣ ва рағбату майл ба ҷасорат

Моҳи августи соли равон номзади фанҳои тиб, дотсент Фирдавс Ӯлмасов директори шуъбаи самарқандии маркази ихтисосёфтаи махсуси тиббии илмию амалии онкология ва радиология таъин гардид. Дар арафаи иди касбии ходимони тиб мо ба шифохона рафтем, то бо роҳбари нав мулоқот кунем. Дар табобатгоҳ диққати моро дарахтони бешумори сӯзанбаргу мевадор, гулбуттаҳои шукуфон ва алалхусус тозагиву озодагии он ба худ ҷалб кард. Биноҳои хушсохти замонавӣ низ ҷолиби диққат буданд. Хушбахтона, директор дар ҷойи корӣ буд, шинос шудем ва суҳбат кардем. 
– Шумо хуб огоҳ ҳастед, ки сарвари кишвар ба мақсади ба аҳолӣ қарин кардани ёрии тахассусноки тиббӣ, ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон ва фароҳам овардани имконият барои табобат ва кӯмаки саривақтиву таъҷилии тиббӣ чандин қарору фармон қабул карданд, – гуфт Фирдавс Ғайратович. – Алалхусус, барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои онкологӣ се қарори Президент интишор ёфт. Дар моҳи майи соли равон ба ҳамин муносибат ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид ва дар матбуот қарори махсус чоп шуд, ки самараи онро дар мисоли муассисаи мо мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳоло дар шифохона барои табобат ҳафт шуъба амал мекунанд, 175 кат дорем. Бо вуҷуди он ки беш аз се гектар замин дар тасарруфи мост, ҳокими вилоят пас аз ташрифаш ба ин ҷо амр дод, ки ҳудуди собиқ таваллудхонаи рақами сеюми шаҳр, ки бо мо девордармиён аст, бо тамоми иншоотҳояш ба ихтиёри шифохона дода шавад. Ҳоло корҳои таъмир ва навсозӣ дар авҷанд. Аз ҳисоби минтақаи иловагӣ шифохонаамон ба сад кати табобатӣ афзуда, шуъбаҳои нав ташкил хоҳанд ёфт.
– Фирдавс Ғайратович, мо дар истгоҳи сари кӯча мошинҳоро бо рақамҳои Тоҷикистон дидем...
– Воқеан, ба шифохонаи мо на танҳо аз Тоҷикистони бародарӣ, аз Афғонистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя, инчунин вилоятҳои Ҷиззах, Қашқадарё, Бухоро, Навоӣ, Сирдарё барои табобат меоянд. Лекин хидмат барои хориҷиён бо музду барои шаҳрвандони Ӯзбекистон ройгон аст. Танҳо дар шаш моҳи соли равон аз Тоҷикистон қариб 500 нафар барои маслиҳату табобат омаданд.
– Чӣ сабаб шуд, ки шумо ин пешаро интихоб кардед?
– Охир, падари бузургворам ва модари ғамхорам шифокоранд, ман аз пайи онҳо рафтам. Ва пас аз хатми Донишкадаи тиббиёти Самарқанд ба олими машҳур –  профессор Мирҷамол Ҷӯраев шогирд шуда, панҷ сол дар маркази илмию тадқиқотии онкологии Тошканд назарияро бо амалия пайваста, рисолаи номзадиро дифоъ кардам.
Соли 2017 шуъбаи самарқандии Маркази махсуси тиббии илмию амалии онкология ва радиология ташкил ёфт ва устодам Мирҷамол Ҷӯраев директор таъин гардид. Он сол ман ҳамчун декани шуъбаи магистратураи Донишкадаи тиббии Самарқанд кор мекардам. Бо салоҳдиди роҳбарам ба шифохонаи мазкур ба кор омадам. Чанде пеш устодам боз ба Тошканд рафтанд ва маро ба ҷойи худ пешбарӣ карданд, ҳокими вилоят баъди суҳбат розигӣ дод.
Ногуфта намонад, ки ҳоло корҳои илмии хешро идома дода, рисолаи докторӣ менависам.
Ҳамчун узви ассотсиатсияи онкологҳои ҷаҳон дар анҷуманҳои байналхалқии воқеъ дар кишварҳои Бразилия, Англия, Фаронса, Италия, Русия, Чин ва Куриёи Ҷанубӣ ширкат варзидам.
– Фирдавс Ғайратович, агар шифокор намешудед, кадом касбро интихоб мекардед?
– Раҳматӣ бобоям Ибодулло Ӯлмасов ва амакбобоям дар Тоҷикистон журналист буданд. Шояд мисли онҳо хабарнигор мешудам.
– Фаҳмо. Акнун гӯед, ки чӣ бояд кард, то мардум ба ин иллати хатарнок напечанд?
– Аввало тарзи солими ҳаёт лозим. Сонӣ, ба саломатии худ эътибор бояд дод. Мардуми мо, баъди ба ҳам гарон афтидан, ба шифокор муроҷиат мекунанд. Тааҷҷубовар аст, ки аввал назди ба ном табибони халқӣ мераванд, ки умуман нодуруст аст.

Мусоҳибон 
Собири БУРҲОН,
муҳаррири бахши тоҷикии симо ва садои вилояти Самарқанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: