Садорати таълими халқи вилояти Сирдарё ҷавобан ба мақолаи «Чӣ ҳол доред, мактабҳои тоҷикӣ?», ки дар шумораи 32-юми рӯзномаи «Овози тоҷик» аз 13 апрели соли 2019-ум чоп шудааст, инҳоро маълум мекунад.
Дар 6 мактаб (маърифатгоҳҳои рақамҳои 9, 10, 14, 19, 25, 34-ум), ки дар тасарруфи шуъбаи таълими халқи ноҳияи Сайҳунобод мебошанд, таълим ба забони тоҷикӣ бурда мешавад.
Дар қатори 40 мактабе, ки дар ноҳия мавҷуданд, барои мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии мактабҳои мазкур низ дар пояи Барномаи сармоягузорӣ, барномаҳои «Маҳаллаи обод» ва «Деҳаи обод» корҳои таъмир ва муҷаҳҳазсозӣ амалӣ мешаванд.
Аз ҷумла, дар асоси Барномаи сармоягузорӣ соли 2014-ум 10 мактаб, соли 2017-ум 2 мактаб, дар пояи Барномаи «Маҳаллаи обод» соли 2018-ум 19 мактаб таъмир шуданд ва бо таҷҳизот таъмин гардиданд. Мактабҳои 10 ва 25-ум соли 2007 бозсозӣ шуданд. Мактаби рақами 34-ум соли 2006-ум таҷдид гардида, соли 2018-ум дар асоси барномаи азнавмуҷаҳҳазсозӣ барои синфҳои 1-4-ум 2 маҷмӯъ, барои синфҳои 5-11-ум низ 2 маҷмӯъ таҷҳизот гирифтааст.
Ба мақсади бо синфхонаи компутерӣ таъмин кардан мактаби рақами 19-ум ба барномаи аз нав муҷаҳҳазсозии соли 2020-ум дохил карда шуд.
Аз ҷониби садорат соли хониши 2018/2019-ум барои баргузор кардани машғулиятҳои лабораторӣ дар мактабҳои таълими умумӣ аз фанни кимиё 62 миллион сӯмина реактивҳои кимиёвӣ оварда, ба мактабҳо тақсим карда шудаанд.
Норасоии омӯзгорони мутахассис дар мактаби рақами 2-юм, ки дар мақола зикр гардидааст, ба тарзи мусбат ҳаллу фасл шуд, мактаб ҳоло бо омӯзгорони фанҳои физика, кимиё ва забони русӣ таъмин мебошад, он ба шабакаи гази табиӣ вобаста карда шуд.
Барои рӯҳшинос-психологи мактаби рақами 34-ум хонаи алоҳида ҷудо гардид ва он ҳоли ҳозир дар ноҳия ба сифати хонаи намунавии рӯҳшинос-психолог эътироф шудааст.
Ба мақсади аз адабиётҳои бадеӣ ғанӣ гардонидани китобхонаҳои маърифатгоҳҳо аз ҷониби давлат ва васоятгарон чорабинӣ ва иқдомҳои гуногун баргузор мешаванд. Аз он ҷумла дар мактабҳое, ки таълимашон ба забони тоҷикист, соли 2019-ум ба мактаби рақами 19-ум ба сифати васоятгарӣ 50 адад, ба мактаби рақами 2-юм 100 адад, ба мактаби рақами 25-ум 15 адад адабиёти бадеӣ туҳфа гардидаанд. Ба мақсади бо аёниятҳои услубӣ ва адабиётҳои бадеӣ таъмин кардани омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ ба Маркази маданиву миллии тоҷикони ҷумҳурӣ барои бо мактуб муроҷиат кардан ба шуъбаи таълими халқи ноҳияи Сайҳунобод таклиф пешниҳод шуд.
Ғайр аз ин алҳол дар тамоми маърифатгоҳҳои вилоят корҳои гузаронидани шабакаи нахи оптикии интернет идома доранд. Баъди ба кор даромадани шабака омӯзгоронамон аз сайтҳои интернет имкон доранд маълумотҳои зарурии услубиро ба ҳама гуна забон пайдо кунанд.
Барои ба хонандагони мактабҳо зуд ва саривақт расонда додани китобҳои дарсӣ ва ислоҳ кардани ғалатҳои дар китобҳои дарсии хониш ва математикаи синфҳои ибтидоӣ мавҷудбуда, ба мутахассисони Маркази таълими ҷумҳурӣ таклиф пешниҳод менамоем.
Бо иҷозати Вазорати таълими халқ барои омӯзгороне, ки аз фанни забони тоҷикӣ дарс медиҳанд, ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос дар вилоят ба нақша гирифта шудааст.
Садорати таълими халқи вилоят маълум мекунад, ки ба Вазорати таълими халқ дар масъалаи ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос кумаки амалӣ расонидан муроҷиат мекунад.
А. АБДУРАҲМОНОВ,
роҳбари садорат.