Аз пандҳои бузургон

Чор чизро боз натавон овардан: сухани гуфта ва қазои рафта ва тири аз камон ҷаста ва умри гузашта.

***
Аз неъматҳои дунё се чиз хуштар аст: яке фарзанди солеҳ, дуюм зиндагӣ аз касби ҳалол, савум зани некирода.
***
Чаҳор чиз далел бар камоли мард аст: бо дӯстон машварат кардану бо душманон мудоро кардан ва оташи ҳаво фурӯ куштан ва сухани талх фурӯ хӯрдан.
***
Қадри се чизро се тоифа донанд: қадри ҷавонӣ пирон, қадри сиҳат беморон ва қадри неъмат муҳтоҷон.
***
Дар шаҳрҳо овозаи бадномии ту рафт, акнун дусад фаришта накӯ гӯяд, чӣ суд?
***
Аз сустии одамизод аст, ки гург одамхӯр шудааст.
***
Аз гурусна пурсиданд, ки ду понздаҳ чанд аст?
Гуфт: «Як нони тамом».
***
Либос гуфтааст: «Ту маро таҳ дор, ман туро шаҳ дорам».
***
Одам аз кӯдакӣ бузург мешавад.
***
Оҳанро дар гармияш мекӯбанд.
***
Оби хуш беташнагӣ нохуш бувад.
***
Ончунон модар – инчунин духтар.
***
Ҳалворо ҳаким хӯрад, калтакро ятим.
***
Холаи ҳамакора – ҳама кораш нимкора.

Тартибдиҳанда
 Б. ФАРИШТА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: