АЗ ПИЁЛАИ ЛОИҚ ЧОЙ НӮШИДА...

«Замини сахти кӯҳистон дили нармам ато кардаст», – фармудааст Лоиқи зиндаёд. Дарҳақиқат, замини босахои кӯҳистон дилҳои ҳассосу шеърпарварро мепарварад.

 Ҳамчунин донишманде хуб фармудааст: «Шахсони бузург дар деҳот таваллуд шудаву дар шаҳр ба камоли эҷодӣ мерасанд». 
Сарчашма деҳаест, ки дар кӯҳистони Шаҳрисабз ҷой гирифтаву дар мисоли он таъбирҳои боло  борҳо тасдиқи худро ёфтааст. Зеро шоир — Остон Киром, доктори илмҳои филологӣ – Шокир Мухтор, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, журналисти шинохта – Дорои Дӯст ва даҳҳо номзаду докторон зодаву парвардаи ин деҳаанд.
Дар маркази деҳаи Сарчашма мактаби таълими ҳамагонии №57 ҷойгир аст, ки солҳои 1928-1930 бунёд гашта, то солҳои ҳафтодуми қарни гузашта маркази маънавиву фарҳангии тоҷикони кӯҳистони Шаҳрисабз ба ҳисоб мерафт. Дар ин таълимгоҳ натанҳо фарзандони Сарчашма, балки  деҳаҳои ҳамсояи Ғелон, Кӯл, Яккахона, Чунгурак, Ҳисорак ва Тамшуш низ таълиму тарбия мегирифтанд. 
Устодони соҳибтаҷрибаи ин мактаб дар баробари тарбия додан, шогирдонро аз фарҳангу мероси бойи халқи тоҷик огоҳ менамуданд. Натиҷаи меҳнату заҳмати устодон буд, ки хатмкунандагони ин мактаб соҳиби маълумоти олӣ гашта, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолият бурда истодаанд. Яке аз хатмкунандагони ин мактаб муаллими синфҳои ибтидоӣ Шодмон Сафаров  мебошад, ки пас аз хатми донишгоҳ тайи бист сол аст, ки бо тарбияи наврасон машғул аст. Ба қавли мардуми деҳ, «домулло Шодмон», ки дар оилаи муаллими забон ва адабиёт Саъдулло Сафаров ба дунё омадааст, аз муаллимони эҷодкори мактаб ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ташаббуси ин фарди равшанфикр дар мактаби мо маҳфили адабие бо номи «Ғунчаҳои умед» ташкил дода шуд. Дарахти орзуву умеди ин омӯзгори серғайрат  ҳоло меваҳои аввалини худро дода истодааст. 
Ба наздикӣ яке аз фаъолтарин аъзои ин маҳфил – Фаромарз Сафарзода (Норов), ки муаллим  Сафаров аз синфи 1 то 4 тарбия намуданду то ҳол дар синфҳои болоӣ низ дастгирӣ менамоянд, маҷмӯаи шеърҳои худро бо номи «Сарчашмаи илҳом» ба чоп расонд. 
Моҳи марти соли ҷорӣ дар мактаби мо тақдимоти китоби «Сарчашмаи илҳом»-и Фаромарз баргузор гардид, ки дар он хонандагон, устодони собиқадор, омӯзгорон, сарварони мактабу деҳа ва меҳмонони зиёде ширкат ҷустанд. Шеърҳои навиштаи Фаромарзро, ки мавзӯъҳои муҳаббат ба зодгоҳ, устод, модар, ҳунармандиву расму оини кӯҳистониёнро дар бар мегиранд, ҳозирон хондаву таҳлил намудаанд. Чорабиниро ҷонишини директор оид ба корҳои маънавияту маърифат Баҳром Чоршанбеев бо суханони табрикӣ ифтитоҳ намуд. Устодони фахрӣ – Мансур Мирзоев, Бозор Худойқулов ва Нарзулло Раҳимов баромад карданд...
Аз баромаду шеърхониҳои толибилмон хеле шод гаштам ва воқеаи хуше, ки солҳои ҳафтодум ба вуқӯъ пайваста буд, ба ёдам расид.
...Ҳанӯз солҳои донишҷӯйӣ устод Лоиқ Шералӣ бо амаки Фаромарз – Дорои Дӯст дӯстии наздик доштанд. Дӯстони қарин ҳамон солҳо тобистон ҳамроҳ ба Сарчашма барои хабаргирии модари Доро – Холҷон Шерова омада буданд. Устод Лоиқ чанд рӯз дар Сарчашма монда аз шеърхониҳои момои Холҷон ба ваҷд омада буд. Ва барои хотира аз ин бонуи назмдӯст (пинҳонӣ) дар тасмаҳои магнитофон шеърҳои хондаи он касро сабт намуда буданд.
Камина бо бобои Фаромарз – Нор Дӯстов дар мактаб якҷоя кор мекардем. Устод Нор Дӯстов дар хонаашон китобхонаи калоне бунёд карда буданд. Ҳар гоҳ, ки мушкиле пеш меомад, назди эшон мешитофтам. Дар китобхонаи устод болои мизи хурдакаке чор пиёлаву чойники гулипахта меистод. Боре устод гуфтанд, ки дар пиёлае, ки Лоиқ бо акоям чой нӯшида буданд, чой менӯшам...
Ин лаҳза маро хаёле фаро гирифт: «Ҳар сухан, хоҳ нек бошад, хоҳ бад, ҳикмате дорад», мегӯянд.  Шояд Лоиқи нотакрор вақти нӯшидани чой сари дастархон нишаста дуои нек карда бошад, ё  Фаромарз аз он пиёла чой нӯшида бошад, ки имрӯз ин наврасро истеъдод боло гирифтаву ба эҷоди шеър даст задааст. Шеърият худ оламест, ки на ҳамаро ба он роҳ аст. Орзумандони ин олам хеле зиёданду кам андар ками онҳо ба ин олам роҳ меёбанд. Дили Фаромарзи ҷавон саршори муҳаббати зодгоҳ аст. Ҳамин орзуҳо ба дасташ қалам додааст.
Ногуфта намонад, ки Фаромарз яке аз мухлисони доимии рӯзномаи «Булбулча – доно» буда, шеърҳои аввалини ӯ дар ин рӯзнома ба чоп расида буданд. Соли 2018 дар озмуни «Китоби ман – офтоби ман» Фаромарз ғолиби шарти бозии шавқовар гардида, бо тӯҳфаҳои таҳририяти рӯзнома сарафроз гардонида шуда буд.
Фаромарз пайваста бо хонишу эҷодиёт машғул буда, дар олимпиадаҳои фаннӣ низ дастболост. Ба ин навниҳоли боғи адабу дониш бурдбориву комёбиҳои беназир орзумандем. Ва як пора шеърро аз китоби «Сарчашмаи илҳом» ин ҷо ба тариқи намуна оварданием:
Ман зодаи кӯҳистон, 
Фарзанди Ӯзбекистон.
Кӯҳистонам дилфиреб,
Манзараҳояш базеб...
Рӯҳу равони ман аст,
Як пораи Ватан аст.

Шералӣ ЮЛДОШЕВ,
омӯзгори мактаби таълими 
ҳамагонии рақами
57-уми ноҳияи Шаҳрисабз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: