АЗ ПОЯГУЗОРОНИ ИЛМИ ЗАБОНШИНОСИИ ТОҶИК

Саидризо Ализода – аз чеҳраҳои маъруфи илму адаби аввали асри XX тоҷик, тӯли умри начандон дарози худ баҳри таҳкими соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла забоншиносӣ хидмати шоиста кардааст.

Вай нахустин муҳаррири маҷаллаи “Шӯълаи инқилоб” (1919-1921) буда, аввалин алифбои тоҷикиро бо номи “Китоби нахустин” (соли 1920) навиштааст. Ӯ муаллими мактаби ҷадид, ҳуруфчин ва мусаҳҳеҳи бахши тоҷикии нашрияҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ “Самарқанд” ва “Оина” (солҳои 1913-1915), котиби масъули рӯзномаи “Овози тоҷик”, муҳаррири шуъбаи самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд. Хидмати ин донишманди фидоӣ, бахусус, дар таҳия ва таълифи “Сарфу наҳви тоҷикӣ” (1926) бемисл буда, сабаби арзи сипоси имрӯзиён аст.
Саидризо Ализода 15-уми феврали соли 1887 дар Самарқанд, дар оилаи қолинбоф ба дунё омад. Падараш – Мирмахсум аслан аз Эрон ва модараш Хадичабегим аз Озорбойҷон буданд. Ӯ ҳамроҳи падараш дар корхонаи бофандагӣ кор мекард ва пайваста илм меомӯхт. Яъне таҳсили ибтидоиро аввал дар назди падар гирифта, баъдан дар мактаби ҷадид, ки дар оғози асри ХХ таъсис ёфта буд, идома дод. 
Соли 1906 Саидризо Ализода дар Самарқанд мактаби “Ҳаёт”-ро бо усули нав кушода, дар он аз фанҳои таърих, ҷуғрофия, забонҳои арабию русӣ ва коинотшиносӣ дарс мегуфт. Ин мактаб борҳо аз тарафи ҳукуматдорон бо буҳтону баҳонаҳои гуногун баста шуда, ҳар бор бо роҳу номҳои дигар аз нав эҳё мешуд. Вай муаллифи 12 китоби дарсӣ оид ба сарфу наҳви забони тоҷикӣ, арабӣ, ҳисоб, таърих, ҷуғрофия, геометрия, кишваршиносию кайҳоншиносӣ ва барномаҳои таълимӣ мебошад. Бояд гуфт, ки аввалин алифбои забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба қалами Саидризо Ализода мансуб аст. Вай аз соли 1924 то соли 1934 китобҳои дарсии ҷуғрофияи П.Иванов, геометрияи А.Аноков, алгебраи С.Киселёв ва ботаникаро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Яъне аз нимаи дуюми солҳои бистум то охири солҳои сиюм ба таълифи китобу тарҷумаи осори адибони ҷаҳон машғул шуда, аз соли 1933 то соли 1937 дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд чун омӯзгор аз забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ дарс гуфтааст.
Саидризо Ализода ғайр аз забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русию ӯзбекӣ, боз 14 забонро медонист ва бо бисёр мамлакатҳо мукотиба дошт, ки намунаи равшани он фаъолияти тарҷумонии ӯст. Ин ҷо суоле ба миён меояд, дар чунин давру замон ӯ чӣ тавр забон омӯхт? Мувофиқи таъкиди Раҳим Ҳошим, ки бо Саидризо Ализода риштаи хешовандӣ дорад, ӯ ба забономӯзӣ иштиёқи хеле баланд дошта, волидонаш низ соҳибилму забондон будаанд. Боре Мирмахсум Раҳим Ҳошим ва Саидризои хурдсолро ба Озорбойҷон ба хонаи хеши соҳибдавлату бомаърифаташон, яке аз роҳбарони ширкати калонтарини нафти Боку Зайналобиддини Тақӣ мебарад. Саидризо бо ҳидояти Тақӣ забони фаронсавиро низ меомӯзад ва баъдан ба эҳтироми ӯ номи нахустписарашро Тақӣ мегузорад.
Хонаи худи Саидризо Ализода низ баъдҳо ҳамчун маҳфилгаҳи илмиву адабии Самарқанд шуҳрат дошт ва Садриддин Айнӣ, Туғрал, Чӯлпон, Фитрат, Лоҳутӣ, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Тӯрақул Зеҳнӣ ва дигарон ба он ҷо равуо доштанд. Ҳамсари устод Лоҳутӣ – Ситсилиябону менависад, ки забони тоҷикиро дар ҳавлии Саидризо Ализода омӯхтааст. 
Тарҷумаи китобҳои “Духтари капитан”, “Дубровский”, повестҳои “Белкин”, “Борис Годунов”-и А.С.Пушкин, “Ревизор”-и Гогол, “Якшанбе”-и А.Толстой, “Пӯлод чӣ тавр обутоб ёфтааст?”-и Н.Островский, “Сад фоиз”-и Синклер Эптон, “Пишка”-и Г.Мопассан, инчунин назми Молер, “Масалҳо”-и А.Крилов, “Семент”-и Ф.Гладков, “Заминҳои корамшуда”-и М.Шолохов, “Каждум аз меҳроб”-и Абдулло Қодирӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ғайр аз инҳо Саидризо Ализода “Таърихи давлати Русия”-и Карамзин, “Туркистон”-и В.Бартолд, “Таърихи умумии Аврупо”, “Таърихи Ҷопон”-ро аз русӣ ба форсӣ ва асарҳои Сино, Фирдавсӣ, Низомӣ, Навоӣ, Фузулиро аз тоҷикию форсӣ ва ӯзбекӣ ба русӣ тарҷума кардааст.
Инчунин, се асари мутафаккир оид ба масъалаҳои дини Ислом, яъне “Саодатнома”, “Маданияти ислом” (1926) инчунин, “Дабистони тоҷик”, “Соли нахустин”, “Муросилот”, “Илм дар бораи коинот” – ҳамагӣ даҳ номгӯи асари ӯ аз соли 1920 то 1934 ба забони форсӣ-тоҷикӣ дар Лоҳур низ нашр шудаанд. Ҳамчунин, Ализода муаллифи асарҳои илмии “Қонуни дил”, “Таърихи Туркистон”, “Таърихи ислом” ва яке аз аввалин муаллифону муҳаррири луғати русӣ ба тоҷикӣ мебошад, ки 61000 калимаро дар бар мегирад.
Саидризо Ализода бо туҳмат ҳамчун узви фаъоли ташкилоти зиддиинқилобии “Шӯрои ислом” ва “Иттифоқи миллӣ”, ҳамчунин ҷосуси хориҷӣ 3 феврали соли 1938 ҳабс карда мешавад. Мебоист муҳлати ҷазо 4-уми феврали соли 1943 ба поён расад. Аммо ба сифати унсури хавфнок ӯро то хотимаи ҷанг дар маҳбас нигоҳ медоранд. Бинобар бемории сахт 10-уми июли соли 1944 Ализодаро аз Тоболск ба ҳабсхонаи шаҳри Владимир кӯчониданд ва ӯ ҳамон ҷо дар табобатхонаи ҳабсхона фавтид. Фардои маргаш ӯро дар қабристони маҳаллӣ гӯронида ба оилааш хабарнома равон карданд, аммо бо сабабҳои номаълум он баъд аз 32 сол ба дасти қарибонаш расид. Бо вуҷуди ин бояд таъкид кард, ки то соли 1977, ҳарчанд бегуноҳ будани Ализода исбот шуда, ба пайвандонаш хати сафед ирсол гардида буд, ҷои дафни ӯ барои наздикону ҳамватанонаш номаълум буд. Бо саъю кӯшиши наберааш Фарҳод Ализода кори ҷиноии ӯ омӯхта ва қабраш пайдо гардид. Соли 1986 бо ризоиёти ҳукуматдорон хоки Саидризо Ализода ба Самарқанд оварда, дар қабристони Панҷоб гӯронда шуд. 
– Дар Самарқанд бо қарори ҳукумат ба кӯча, мактаб ва маҳаллае, ки он ҷо Саидризо Ализода зистааст, номи ӯро доданд. Дар саҳни мактаб нимпайкараи мисини ӯро гузошта, даромадгоҳи ҳавлӣ аз соли 1998 ба осорхона табдил дода шуд, ки роҳбарии онро Фарҳод Ализода – набераи ӯ дар ӯҳда дорад. Барои осорхонаи ӯ аз ҷониби ҳукумати Эрон маҷмӯаи рӯзноманигорӣ ва мукотиботи Ализода бо олимону адибони Аврупо ва Осиё тақдим шудааст. Ба ин ҷо аз мамолики гуногуни дунё, аз ҷумла Фаронса, Амрико, Олмон, Инглистон, Ҷопон ва ғайра ба эҳтироми устод мактубҳо меоянд, – мегӯяд ходими осорхона.
“Сарфу наҳви тоҷикӣ”-и Саидризо Ализода аз дебочаи мухтасар ва се фасли асосӣ мураттаб гардидааст. Дар дебоча муаллиф зарурат ва ҳадафи “Сарфу наҳви тоҷикӣ”, нахустин бор таълиф шудани он ва дар таълифи он аз грамматикаи меъёрии забонҳои арабӣ, форсӣ, туркӣ, франсавӣ, русӣ истифода карданашро таъкид намудааст, ки огоҳии ӯро аз илми забоншиносӣ собит менамояд.
Фасли дувуми “Сарфу наҳви тоҷикӣ” – “Ақсоми калима” ном дошта, шарҳи грамматикии нӯҳ ҳиссаи нутқ: исм, сифат, адад, замир, феъл, зуруф, адот, робита, асвотро фаро мегирад. Забоншинос дар китоби худ аз 10 ҳиссаи нутқи имрӯза танҳо ҳиссачаро дохил накардааст.
Ин ҷо зикр кардан бамаврид аст, ки сарфу наҳви забони тоҷикӣ баъдтар зери таъсири “Сарфу наҳви тоҷикӣ”-и Ализода аз ҷониби устодон, забоншиносони тоҷик такмил ёфта, дар ин соҳа мақолаву рисола ва китобҳои таълимии зиёде нашр гардиданд, ки дар ҳамаи онҳо хидмати устод бевосита таъкид шудаанд. 
Хидматҳои шоёни Саидризо Ализодаро, ки дар таълиму омӯзиши наҳв гузоштааст, муқаррар кардани аломатҳои китобатӣ низ нишон медиҳад. Маълум аст, ки то таълифи “Сарфу наҳви тоҷикӣ”-и ӯ аломатҳои китобат дар нигориши тоҷикӣ бо истиснои баъзе аломатҳои шартӣ гузошта намешуданд. Ализода дар маҷмӯъ 9 аломати китобатро ба нишондоди зерин ифода намудааст: сакта (вергул), нуқта, нуқта бо сакта (нуқта вергул), ду нуқта, ишорати истифҳом (аломати савол), ишорати нидо (аломати хитоб), фориқа (аломати тире), аломати мӯътариза (қавс), мумайиза (нохунак). 
Устод Садриддин Айнӣ нахустин грамматикаи давраи нави забони тоҷикиро хуш пазируфта, камбудии асосии онро дар истифодаи калимаю истилоҳоти душворфаҳми арабӣ аз қабили: замир, изофаи ломийя, мафъули фиҳ, мафъули маъа, асвот, адот, татобеи изофа медонад. Бо вуҷуди ин бояд гуфт, ки ин донишманди фидоӣ ва фарзона бо таълифи “Сарфу наҳви тоҷикӣ” дар роҳи маърифати мардуми тоҷик, устувор гаштани асосҳои дастурии забони тоҷикӣ хидмати шоиста ва таърихиро анҷом додааст. Аз ин рӯ месазад, ки ҳангоми таълифи китобу дастурҳои таълимӣ ба “Сарфу наҳви тоҷикӣ”-и Саидризо Ализода такя намоем. Хидматҳои шоёни ин олими нуктадон, забоншиноси варзида, тарҷумон ва рӯзноманигори моҳирро имрӯз низ аҳли илм эътироф мекунанд, пос медоранд. Алҳол Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба шодбошии 135-солагии Саидризо Ализодаи Самарқандиро омодагӣ мегирад. 

Сабоҳат МАҶИДОВА, 
Хайём МИРЗОЕВ, 
омӯзгорони факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: