Чанде қабл дар Галереяи санъати тасвирии Ӯзбекистон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва Осорхонаи давлатии санъати ба номи И. Савитскии Қароқалпоқистон таҳти унвони «Авангард аз қаъри замону макон» намоишгоҳи наққошони кишвар баргузор шуд.
Дар чорабинӣ наққошони касбӣ, олимони санъатшинос ва алоқамандони ҳунари тасвирӣ иштирок намуданд. Дар намоишгоҳ беш аз 126 наққошии мусаввирони мамлакат ба маъраз гузошта шуд.
Мисли осори бадеию таърихӣ тасвирҳо низ лавҳаҳои гуногуни рӯзгорро дар худ ба таври ҳамешагӣ инъикос менамоянд. Бинанда, ба онҳо нигариста, манзараҳои дуру наздики рӯзгори халқро пеши назар меоварад. Пас, онҳо мӯҳри таърихро дар худ доранд.
Мисолан, яке аз наққошиҳои мусаввир Қарохон Н. Г. — «Водопроводгузаронӣ дар Бухоро»-и намоишгоҳ аз корҳои сохтмонии солҳои 50-60-уми қарни сипаригардида лавҳаеро пеши назар меоварад. Хандақи лӯлаҳо дастӣ канда шудаанд. Коргарони ҷавон, ки дар сар тоқии бухороӣ доранд, лӯлаҳои филизиро сари китф кашонда, дар хандақ мехобонанд. Канортар аз онҳо манору биноҳои таърихии гумбаздор ва дастаи пионерон, ки парчами сурхро баланд афрошта, сурудхонон қадам мезананд, ба назар мерасад. Дар коллексия тасвирҳои рамзӣ бисёр буданд, ки ҳар бинанда аз онҳо дар доираи фаҳмишаш маъние мегирифт.
– Коллексияи Осорхонаи давлатии санъати Қароқалпоқистон бо номи Игор Савитский иртиботи ногусастанӣ дорад, — гуфт дар суҳбат бо инҷониб наққоши касбӣ Муҳаммад Фозилӣ. — Ҳанӯз дар давраи эвакуатсияи солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон И. Савитский дилбастаи Самарқанди бостонӣ буд. Ӯ доир ба ёдгориҳои таърихии ин шаҳри афсонавӣ тасвирҳои зиёде офаридааст. Баъдтар наққош бо гурӯҳи бостоншиносон ба Хоразм меояд. Ёдгориҳои таърихии ин музейи зери осмон низ ба ҳайраташ меафзоянд. Дертар ӯ ба гирдоварии санъати ороишию амалии халқи қароқалпоқ камар мебандад. Ва соли 1966 Савитский наққошиҳои бо усули авангард офаридаи наққошони он аҳдро, ки аз ҷониби умум эътироф нагардида буд, ҷамъ меоварад. Усули тасвири наққошони он аҳд барои он авангард номида шудааст, ки онҳо дар тасвирҳои худ рӯзгори баъди 70-100 соли моро пеши назар оварда тавонистаанд
Имрӯз дар намоишгоҳ корҳои наққошони моҳир Р. Фалка, В. Рождественский, А. Волков, У. Тансиқбоев, Н. Қарохон, А. Николаев, В. Уфимсев, В. Лисенко ва дигарон ба маъраз гузошта шудааст.
Муҳим он аст, ки ҳукумати Ӯзбекистон бо назардошти арзиши баланди коллексия И.Савитскийро дастгирӣ намуд, барои харидории он маблағ ҷудо кард. Бунёди осорхонаро низ ба роҳ монд. Дар тӯли солҳои истиқлолият ба бино боз ду хона илова гардид. Имрӯз барои дидани коллексия аз хориҷи кишвар мутахассисон ва алоқамандони ҳунари наққошӣ меоянд.
Ҳарчанд дар намоишгоҳи «Авангард аз қаъри замону макон» як қисми коллексияи Осорхонаи давлатии санъати ба номи И. Савитскии Қароқалпоқистон ба маъраз гузошта шуда буд, онҳо давраҳои гуногуни таърихӣ, хусусиятҳои эҷодии ин ё он наққош, намои бадеӣ ва арзишҳои умумиинсониро пеши назари бинанда комилан таҷассум менамуданд.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».