АЗ РӮЙИ ИҶРОИ ПАНҶ ТАШАББУС

Имрӯзҳо дар саросари кишварамон оид ба амалӣ намудани панҷ ташаббусе, ки аз тарафи роҳбари давлат пешниҳод шудааст, чорабиниҳо андешида мешаванд.

Чанде пеш дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 330-юми ноҳияи Янгиҳаёти шаҳри Тошканд доир ба шавқовар гузаронидани таътили зимистонаи мактаббачаҳо, инчунин аз рӯйи иҷрои панҷ ташаббус семинар баргузор гардид.
Аз рӯйи ташаббуси якум омӯзгорони фанни мусиқӣ ва санъати мактаби номбурда Муслима Намозова ва Сабоҳат Раҳматова маҳфилҳои мусиқӣ ва санъатро ба роҳ монданд. Дар маҳфил писарону духтарони соҳибистеъдоде, ки аз овони бачагӣ ба мусиқӣ ва санъат меҳри баланд доштанд, иштирок намуданд.
Аз рӯйи ташаббуси дуюм, таҳти роҳбарии омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ Мансурҷон Аҳроров, Фирдавс Аҳмедов, Сардор Деҳқонов мусобиқаҳои футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз, шоҳмот, шашка ва гӯштин гузаронида шуд. Иштирокчиёни мусобиқа маҳораташонро сайқал доданд.
Мувофиқи ташаббуси сеюм, омӯзгори фанни информатика Муҳиддин Мухторов маҳфили омӯзиши компутериро ташкил кард, ки аъзоёни маҳфил бо шавқи баланд барои аз худ кардани технологияи компутер шурӯъ карданд.
Бо сарварии мудираи китобхонаи мактаб Мадина Ваҳҳобова бошандагони маҳалла низ узви китобхона гардиданд. Хонандагони мактаб бо шеъру ғазалҳо иштирокдоронро сарфароз гардонданд.
Омӯзгор Насиба Азимов бо дӯзандагони маҳалла маҳфили дӯзандагӣ  ва пазандагиро ба роҳ монд, ки ин барои дар оянда ҷойи муносиби худро дарёфт кардани духтарбачагон нақши муҳим мебозад.
– Мо минбаъд низ дар ҳама мактабҳои таълими ҳамагонии ноҳияамон маҳфилҳоро доир ба панҷ ташаббуси Президент ташкил менамоем, — гуфт муовини мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Нодира Баҳодуровна.
Дар ҳақиқат, панҷ ташаббус бобати дар рӯҳи меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ ва маънавияти воло тарбия намудани насли наврас саҳми босазо мегузорад.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: