Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Новосибирск ба ҳамватаноне, ки бинобар мушкилоти ҳуҷҷатии фарзандашон ба Ватан баргашта наметавонистанд, кумак расонд.
Ҳамватанони мо, ки дар пойтахти Сибир ба вазъияти сахти зиндагӣ дучор шуда буданд, бо ёрии Консулгарии генералии кишвари мо ба Ӯзбекистон баргардонида шуданд, хабар медиҳад АИ "Дунё".
Кормандони Консулгарии генералӣ дар Новосибирск ба ҳамватаноне, ки ба туфайли мушкилоти ба ҳуҷҷати фарзандаш марбут ба кишвар баргашта наметавонистанд, кумак расонданд. Ҳама имконот барои гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби Русия сафарбар карда шуданд. Дар натиҷа, кӯдак ва ҳуҷҷатҳояш дар фурудгоҳ ба падару модараш супорида шуданд.
Лозим ба қайд аст, ки ҳама ҳуҷҷатҳои кӯдак бо талошҳои Консулгарӣ дар муддати чанд соат аз ҷониби ҷониби Русия омода карда шуданд.
Ин оила рӯзи 22 ноябр соати 14:30 бо вақти маҳаллӣ тавассути ҳавопаймои ширкати "С7"-и Русия ба Ӯзбекистон баргашт.