АЗ САДОЯШ САНГИ ДИЛҲО ОБ МЕГАРДАД

Тоҷибой Юсуфов – ин овозхони номдору шоистаи воҳаро аз синни наврасӣ мешиносам.

Тоҷибой Юсуфов – ин овозхони номдору шоистаи воҳаро аз синни наврасӣ мешиносам. Мо дар деҳаҳои аз ҳам ҷудо зодаву парварда шудаем, аммо боҳам синни муштарак дорем. Тоҷибой ҳанӯз аз хурдӣ ба ҳунари овозхонӣ шавқу ҳаваси зиёд дошт. Хусусан, вақте ки солҳои донишҷӯӣ дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон барои таҷрибаомӯзӣ ба хонаи маданияти хоҷагии ҷамоавии Сӯх омадам, медидам, ки Тоҷибой Юсуфов аллакай бо садои дилнишини худ дар маросимҳои гуногун ҳунарнамоӣ мекунад ва мухлисони зиёд пайдо кардааст.
Эшон Аҳмадов – устоди равоншоди тамоми ҳунармандони воҳа солҳои дароз ба хонаи маданияти хоҷагии ҷамоавии Сӯх сарварӣ мекард. Вай ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки овозхонҳои маҳаллӣ дар маъракаву маросимҳо ширкат кунанд. Ҳамроҳи овозхонҳои шинохта Муҳиддин Аминов ва булбули мо – Мирзоҷон Ғозиев вай Тоҷибой Юсуфовро низ ба ин маҳфилу маросимҳо мефиристод. Ҳамин тавр, Тоҷибой аллакай бо овози форами худ дар байни хосу ом шуҳрат пайдо кард.
Дар маросимҳои иду тантанаҳо, ки мардуми зиёдро фаро мегирифт, суруд хондан кори чандон саҳлу сода набуд. Аммо Тоҷибой Юсуфов оҳиста-оҳиста барои ҳунарнамоӣ дар рӯйи ин саҳнаҳои баланд одат кард. Яке аз чунин баромадҳои ӯ ҳамчун узви фаъоли дастаи фолклории хонаи маданияти ноҳия дар маросими таҷлили иди Наврӯз ба вуқӯъ пайваст. Дар боғи маданият ва истироҳати маркази вилоят одамони зиёд ҷамъ омада буданд.
Вақте ки навбат ба ӯ расид, садои мусиқии зебо ба атроф паҳн шуд. Аз як гӯшаи саҳна вай замзамакунон баромада омад. Байтҳои аввали суруди халқиаш нағз дар хотирам мондааст:
Эй мардуми Фарғона,
Бидиҳед шодиёна,
Хонед шеъру тарона,
Рақсед бе баҳона,
Чун иди наврӯз омад,
Наврӯзи фирӯз омад!
Мусиқии ҷаззоб ва ба он пайвастани садои ҷарангосии Тоҷибой мардумро ба шӯру ғулғула афканд ва зери ин суруду оҳанг бисёре аз тамошобинон мерақсиданду мехиромиданд.
Чанд сол муқаддам, дар таҷлили иди истиқлол вай ширкат намуд ва дар майдони “Истиқлол”-и пойтахт санъати волои овозхониашро намоиш дод. Баъд якҷо бо гурӯҳи фолклории Хонаи маданияти ноҳия дар фестивалҳои гуногун иштирок намуд ва бо дипломҳои хос сазовор гардид. Ҳоло як гӯшаи Хонаи фарҳанги ноҳияро ҳамин ифтихорномаҳои ӯ зеб медиҳанд.
Тоҷибой Юсуфов ба ду забон суруд мехонад: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ. Дар феҳрасти ӯ бештар суруду таронаҳои классикӣ ҷой гирифтаанд. Вай сурудҳои “Муноҷот”, “Савти муноҷот”, “Дугоҳ”, “Тановор”, “Қаро кӯзим”, “Ҳасратга доғман” ва амсоли онро хеле бо маҳорат ва дилангез месарояд. Барои ҳамин мардум ӯро дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд.
Боре вайро ба шаҳри Тошканд даъват карданд, то ки дар теле-шоуи “Айтишув” иштирок кунад. Аввал хост аз ширкат дар он даст кашад. Вале сонӣ қарор кард, равад. Дар муқобили Тоҷибой яке аз санъаткорони шинохта ҳунарнамоӣ мекард. Ӯ ба ҳайси намояндаи ноҳияи дурдасти водӣ дар ин мусобиқа хеле маҳорати хуб нишон дод. Садои марғуладор ва дилчаспи ӯро аҳли толор бо кафкӯбиҳо пазироӣ карданд.
– Ман маҷбур будам, ки номи диёрамро баланд бардорам. Барои ҳамин бо тамоми ғайрат ҳунарнамоӣ кардам, – мегуфт ӯ ба мо.
Дарвоқеъ, иштирок дар “Айтишув” ва озмуни “Тараннум” Юсуфовро боз бештар дар байни мардум шӯҳратёр гардонид. Ҳам мутахассисон ва ҳам тамошобинон ба маҳорати баланди сарояндагӣ ва навозандагии вай ҳамеша баҳои баланд медоданд.
Вай шогирдони зиёдеро низ тарбия кардааст. Яке аз шогирдони ӯ бародараш – Абдуваққос аст, ки кайҳо дар миёни овозхонҳои ноҳияи Сӯх мавқеъ ва манзалати хос пайдо намудааст.
– Солҳои наврасӣ медидам, ки акоям тор навохтаву суруд замзама мекарданд. Рӯзе гуфтам, ки шавқу завқи сурудхонӣ вуҷуди маро низ фаро гирифтааст ва мехоҳам навохтани торро ёд гирам. Баъд бо кӯмаки он кас хондани чанд сурудро аз худ намудам, – мегӯяд бо ифтихор Абдуваққос.
Хуршедбек Ҳакимов, Бекмуҳаммад Султонов, Акмал Юсупов, Алишер Шарипов аз насли ҷавони санъаткорони моанд, ки бо маслиҳат ва машварати Юсуфов барин собиқадорони саҳнаи ҳунар малакаву маҳораташонро беш аз пеш сайқал медиҳанд.
– Тӯли солҳои зиёд ҳамчун узви фаъоли дастаи фолклории Хонаи маданияти хоҷагӣ хидмат кард. Пас аз ташкили ноҳияи Сӯх шуъбаи фарҳанг ба чунин овозхонҳо хеле ниёз дошт. Вай тамоми фаъолияти овозхониашро ба мардум бахшидааст, – мегӯяд мудири шуъбаи фарҳангу варзиши ноҳияи Сӯх Илҳом Абдумаҷидов.
– Тоҷибой Юсуфов ба синни мубораки шаст расид. Ба ин муносибат дар кохи фарҳанги ноҳия баргузор намудани шаби эҷодии ӯ барномарезӣ шудааст. Тавре ки худи вай мегӯяд, вақте ки мактаби миёнаи рақами якуми ноҳияро хатм кард, имкони иқтисодии хонаводаашон роҳ надод, ки раваду дар ягон даргоҳи илм таҳсил кунад ва соҳиби маълумоти олӣ шавад. Аммо Худоро шукр мегӯяд, ки ҳамин овози хубро барояш ато намудааст ва ба шарофати он соҳиби ном ва эҳтироми мардум гаштааст.
Дар ниҳояти навишта овозхони хушадо Тоҷибой Юсуфовро бо шастумин соли камолоташ муборакбод мегӯем ва ин байтро барояш армуғон месозем:
Аз садоят санги қалбам об 
мегардад мудом,
Ҳам садоятро пазироянд ҳар ҷо 
хосу ом!

Абдумуҳаммад АҲРОРОВ,
собиқ корманди Хонаи маданияти ноҳияи Сӯхи
вилояти Фарғона.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: