АЗ САМАРҚАНД БА АМРИКО БА МАБЛАҒИ 377 ҲАЗОР ДОЛЛАР МАҲСУЛОТ ФИРИСТОДА ШУД

Бино бар маълумоти сарраёсати иқтисодиёт ва рушди маҷмӯии минтақаҳои вилояти Самарқанд ҳоли ҳозир корхонаву ташкилот, субъектҳои соҳибкории вилоят бо тақрибан 80 давлати ҷаҳон, аз ҷумла бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалиётҳои содиротиву воридотиро ба роҳ мондаанд.

Дар семоҳаи аввали соли равон мубодилаи мол дар байни Самарқанд ва ИМА аз 1 миллиону 480 ҳазор доллар гузашт, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи то ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад. 
Бо вуҷуди он ки ҳоли ҳозир дар ин ҷараён саҳми воридот (1 миллиону 103 ҳазор доллар) баланд аст, барои то охири сол зиёд кардани нишондиҳандаҳои содиротӣ низ имкониятҳо мавҷуданд.
Алҳол дар вилоят бо иштироки сармояҳои ИМА беш аз 10 корхона амал мекунанд. Субъектҳои мазкур дар пояи технологияҳои замонавӣ маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ, маводи сохтмон истеҳсол менамоянд. Ғайр аз ин як қатор корхонаҳои хидматрасонӣ ташкил карда шудаанд. 
Корхонаи муштараки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «MAROKAND PENSYLVANIA TRADE», ки моҳи январи соли равон дар Самарқанд кори худро оғоз кард, яке аз онҳост.
– Мо фаъолияти худро бинобар истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ба роҳ мондем, – мегӯяд роҳбари корхона Ш. Раҳматов. – Бо кӯмаки шарикони амрикоӣ ба маблағи 500 ҳазор доллар технологияи замонавии воридотӣ харид кардем. Ин имкон медиҳад рӯзе 50 ҳазор шиша оби минералӣ ва нӯшокиҳои дигар барчасп шаванд. Маҳсулоти мо асосан ба бозори дохилӣ фиристода мешавад. Ҳоли ҳозир дар корхона 10 нафар ҷавонон соҳиби ҷойи кори доимӣ шудаанд. Аз ҳисоби зиёд кардани навъ ва баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ният дорем дар оянда ҷойҳои иловагии корӣ муҳайё кунем.

Ғ. ҲАСАНОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: