АЗ САМАРҚАНДИ БОСТОН ТО ЧАШМАИ ЗАРАФШОН

Хонандагони рӯзнома дар бораи сафари расмии сафирони сулҳу ваҳдат – адибону рӯзноманигорон ва кормандони масъули ҳукумати шаҳри Панҷакент ба ноҳияи Самарқанд, боздиди онҳо аз рӯзномаи ноҳиявии «Гулобод тонги» – «Субҳи Гулобод» ва мулоқоташон бо ҳокими ноҳия Шуҳрат Ҷамолов огоҳ ҳастанд.

 Ҷавобан ба ин сафари дӯстон, бо мақсади таҳкимбахшии ваҳдати бисёрҳазорсолаи халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, ки бо саъю эҳтимоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувват гирифт, як гурӯҳ равшанфикрони Самарқанд, аз ҷумла собиқадорони ҷанги  Афғонистон меҳмони Панҷакенти бостонӣ гардиданд. Навиштаи мо дар бораи ҳамин сафар ба диёри дӯстон аст.

ТАНТАНА ДАР ДЕҲОТ

Ҳангоми сафар роҳбалади мо ба шаҳри Панҷакент, раиси ҷанговарони байналмилали вилоят Эркинҷон Мавлонов хоҳиш намуд, ки сари роҳ ба зодгоҳи ӯ – деҳаи Зарафшони ноҳияи Тайлоқ дароем. Зеро мардуми деҳа Наврӯзро ҷашн мегиранду таоми баҳор – ҳалиса тайёр аст. Ин таклифи олиҷанобро қабул кардем. 
Ҳамин, ки ба деҳа ворид шудем, хониши мурғони саҳархез ба дилҳо сурур бахшид. Майсаҳо дамида, атроф ба қолини бузурги сабз монанд буду аз насими баҳорӣ чун оби уқёнуси беканор мавҷ мезад. Аз тамошои ин манзараи дилрабо дили кас ба ваҷд меомад. Бо фарорасии арӯси сол – баҳори фаррухпай деҳаи Зарафшон ҳусн ва таровати дучанд дошт. Аз чойхонаи гузар  мусиқии дилошӯб ба атроф танинандоз буд. Мизбонон даст сари сина «Хуш омадед!» гуфта пазироӣ карданд. Суҳбати мо дар атрофи дастархони идона оғоз ёфт. Таомҳои наврӯзӣ – ҳалиса ва суманакро бо иштиҳои хуш тановул карда, даст ба омин бардошта будем, ки раиси давра ба назди микрафон шоири хушбаён – Нормурод Каримзодаро даъват намуд. 
– Наврӯзи оламафрӯз таърихи чандҳазорсола дорад, – гуфт шоир. – Ҳоло дар асоси қарори Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти ЮНЕСКО Наврӯз ҳамчун иди байналхалқӣ эътироф гардид, ки дар ҳақиқат ҷашни зебо буда, ба мардум кайфияти болида ато менамояду рӯҳи ягонагӣ ва ҳамбастагӣ, некӣ ва меҳру муҳаббатро мустаҳкам мекунад. 

САЛОМ, ПАНҶАКЕНТ!

«Нексия»-и  мо сӯйи гузаргоҳи Ҷартепа – Саразм метохт. Аз ду тарафи роҳ шиорҳои доир ба дӯстӣ ва садоқати ду миллат – тоҷикону ӯзбекон ба чашм мерасид. Ростӣ, баъди сӣ сол боз ба Тоҷикистони ҳамдилу ҳамзабон рафтан барои ман низ ҳаяҷонбахш буд. 

ХОҲАМ БА ҲАМА РОҲРАВОН РОҲИ САФЕД...

Дар маркази шаҳр, дар рӯ ба рӯйи бинои муҳташами радио ва телевизиони муҷассамаи шоири хушбаёну  маҳбуби халқ Лоиқи зиндаёд ба шаҳри Панҷакент ҳусну шукӯҳ мебахшид. Зиёрати мо аз ҳамин ҷо оғоз шуд. Воқеан, Лоиқ ба самарқандиён низ азиз буд. Бо амри тақдир чанд маротиба бо ӯ вохӯрда, суҳбати гуворо  доштем. Ҳоло назди пайкарааш сукут варзида, бо ҳасрат ин рубоиро ба хотир овардам:
Ёрони ҷавониам, куҷоед, куҷо?
Ин қадр зи ҳам дур чароед, чаро?
Аввал ҳама ҷамъ мисли дарё будем,
Имрӯз чу шохоба ҷудоед, ҷудо.

– Базми ҷамшедӣ бегоҳ мешавад, – гуфт Алибой Муҳаммадиевич. – Аввал идораи ҷанговарони байналмилал, сонӣ раиси ширкати симо ва  садои шаҳри Панҷакентро зиёрат мекунем, баъд, тавре ки мегӯянд, ихтиёр ба дасти бахтиёр мешавад.
– Хеле маъқул, – гуфт Нормурод Каримзода, – дар дастур боздид аз осорхонаи Рӯдакӣ ва зодгоҳи Лоиқ Шералӣ низ дохил карда шавад, хуб мешуд.
– Ба чашм.
Дар идораи сарбозони байналмилал ба мо гуфтанд, ки аз Панҷакент 262 нафар ба Афғонистон сафарбар гардида, шаш нафар ҷоми шаҳодат чашидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки ду нафар сарбоз аз Тоҷикистон ба унвони  баланди Қаҳрамони иттиҳоди шӯравии собиқ сарфароз гардидаанд. 
Суҳбат бо раиси ширкати садо ва симои шаҳр Искандар Ҳамидов ниҳоят самимӣ ва хотирмон гузашт. Рӯзи сафари мо нашрияи аввалини моҳномаи ширкат бо номи «Симо» чоп шуда будааст, ки раис ба меҳмонон тақдим кард. Мусоҳибаро таронаи ҳофизи самарқандӣ, шогирди Ҷӯрабек Муродов, ҳамсафарамон Ҳасани Нуриллоҳ ҳусни анҷом бахшид. 
Сипас, мову собиқадори ҷанги афғон, инсони шоиртабиат Ҳамроқул Одинаев сӯйи Панҷрӯд – осорхонаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таноби роҳ кашидем. 
Манзараи аҷиб пеш омад. Аз дур қуллаҳои осмонбӯс ба чашм мерасид. Барф нуқрафом метофт. Дарахтони бодом, зардолу, олуча  шукуфон буданд. Аз ҳар ҷо ҷӯйчаҳои об маҷрои нав ҷуста, ба поён метохтанд. Роҳи морпеч сӯйи ағбаи Панҷрӯд мебурд.
– Таърих гувоҳ аст, ки мардуми кӯҳсор ин сангистонро «зи ҷабру зулми Искандар, зи   истибдоди Чингизхон»  гурехта макон кардаанд, – гуфт Ҳамроқул Одинаев. – Ва бо хуни дилу арақи ҷабин ободу зебо намуданд. Диёри мо шоирхез аст. Аз Рӯдакии бузургвор то Лоиқи ширинкалом он қадар шоирон зиставу эҷод кардаанд, ки кас ба ҳисобаш намерасад.
– Минбаъд ҳам меоянд, – гуфт Эркин Мавлонӣ, – зеро табиаташ шоирпарвар аст.
Мо бо суҳбат ба манзил расидем. Аҷиб, аз  шаҳри  Панҷакент то Панҷрӯд 50-60 километр роҳ, вале обу ҳаво куллан дигар.   
Директори осорхона Холиқул Ҷӯраев моро хуш пазируфт ва доир  ба  дигаргунӣ ва обод шудани оромгоҳи шоири бузурги тоҷик Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакӣ  маълумот дод. 
Баъди соядаст гузоштан ба дафтари мулоҳизаҳо ва зиёрати қабр ояте аз Қуръони карим ба руҳи поки устод Рӯдакӣ қироат кардем

АЗ МАЗОРЕ БА МАЗОРЕ РАФТ...

Сорбони рамузфаҳму фарҳангдӯсти мо Ҳамроқул Одинаев илтимоси моро қабул кард ва моро ба зодгоҳи Лоиқ Шералӣ – деҳаи Мазори Шариф бурд. Дар роҳ дӯсти Эркин Мавлонӣ – корманди маҷаллаи «Садои Шарқ» Мирзоватан Самадӣ ба гурӯҳамон пайваст. Хотираҳои ин марди ҷаҳонгашта ва шеърдӯст доир ба Лоиқ Шералӣ ниҳоят шавқангез буданд. Мирзоватан гоҳ-гоҳ ғазал ва рубоиёти Лоиқро ба забон меовард. Ба назар чунин мерасид, ки вай тамоми ашъори шоирро азёд медонад.
Ҳамин, ки ба назди хонаи Лоиқ расидем, ӯ ба ҳавлӣ ворид шуда, «Ботур, ҳой Ботур!»– гӯён фарёд зад. Марди болоқади миёнсоле берун омад ва бо мо самимона вохӯрӣ карду ба хона таклиф намуд.
Ҳар шахсе, ки ба ин ҷо меояд, ба атроф нигариста, шеъри «Модари бечора»-и шоирро беихтиёр ба хотир меоварад:
Дар миёни кӯҳсорон,
Бо навои обшорон,
Бо сафои чашмасорон,
Бо суруди боду борон.
Бо дуруди навбаҳорон,
Ҷон ато кардӣ маро,
Ҷон ато кардию худро костӣ,
Рӯзу шабҳо дар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари бечораи ман...

Воқеан, кулбаҳо оддӣ, хоксорона ва ниҳоят тозаву озода буданд. 
Дарвоқеъ, Лоиқ дар васфи модар як силсила шеъру ғазалҳо гуфтааст, ки онҳоро бидуни ҳаяҷон қироат кардан имконнопазир аст. 
Сипас Ботур бо тор ва наберааш Сармад Асадзода бо таблак чанд суруд хонда, моро шод карданд.
Дар деҳаи Мазори Шариф боз як зиёратгоҳ будааст, ки диққати моро ба худ кашид. Ин мақбараи Муҳаммад Башорост. 
Нигоҳубини ин зиёратгоҳ ба зиммаи Бобоҷон Муҳаммадрасул Раҷабов гузошта шудааст, вай ба мо доир ба зиндагӣ ва рӯзгори Муҳаммади Башоро маълумоти ҷолибе дод.
– Замони зиндагии эшон солҳои 782–866 аст, – гуфт ӯ, – Хоҷа Муҳаммади Башоро аз боэътимодтарин муҳаддисон ба ҳисоб рафта, ҳамчунин муаллифи китоби «Сиҳоҳи  ситта» аст, ки Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Тирмизӣ ва дигарон бо такя ба он ҳадис ҷамъ овардаанд. Муҳаммади Башоро дар 85-солагӣ вафот карда, дар деҳаи мо дафн шудаанд. Мақбараи ӯ дар ду давр бунёд шудааст. Дар асрҳои Х-ХII қисми мураббаъшакли бино сохта шуда, солҳои 1342–1343 даромадгоҳи калони пештоқдор бо   сафоли сирноки ранга кандакорӣ гардидааст. Ороиш бо ҳуруфоти арабист, дар охири  навиштаҷот як байт ба тоҷикӣ ҳам ҳаст.
Ҳар кӣ аз мо кунад ба некӣ ёд,
Номаш андар ҷаҳон ба некӣ бод.

ПИРИ БАРНОДИЛИ ХИРАДМАНД

Дар кӯҳсор осмон зуд чодари сиёҳ мепӯшад. Он бегоҳ ҳаво тира ва абрнок буд, ки бино бар ин мо торик шудани рӯзро нафаҳмида мондем.  Саволе ба миён омад:
Дар  шаҳри  Панҷакент  мемонем  ё  Самарқанд меравем?
– Омадани меҳмон бо иродаи ӯ, рафтанаш бо иҷозати соҳибхона, – гуфт акои Ҳамроқул. – Ман шумоёнро то хонаи Алиҷон мерасонам. Вазифаам ҳамин, яъне супориши командир чунин аст ва камина сарбози ӯ ҳастам.
Пас аз муддате кӯчаҳои тангу торро убур карда, ба ҳавлии Алиҷон расидем.
– Фардо дар варзишгоҳ ҷашни Наврӯз баргузор мегардад, – гуфт Алибой Муҳаммадиевич, – барои шумо ҷойи нишаст таъин шудааст. Санъаткорон баромад мекунанд. Баъди тантанаҳо палавхонтӯра интизори шумо. Ҳамин, ки оши палавро хӯрдем, ба шумо ҷавоб медиҳем.
Аз байн фурсати як чойник  чой нӯшидан нагузашта, як марди нуронии болоқад, дар сар шляпа ва бо чеҳраи шукуфону моили табассум ба хона ворид шуд. Гӯё мо ошноҳои дерина бошем, самимона вохӯрӣ ва аҳволпурсӣ кард. Маълум шуд, ки ӯ Хоҷамуҳаммади Муҳаммадзод буда, як умр ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шудааст. Ҳофизаи Хоҷамуҳаммади Муҳаммадзод ҳозиронро ба  ҳайрат гузошт. Вай аз рӯзгори гузаштагон қисса ва ривоятҳои аҷибро гуфта, дар поён байт ё рубоиёт қироат мекард. Чун суҳбат доир ба ваҳдат ва дӯстӣ буд, ӯ чунин гуфт:
– Агар насими ваҳдат ва дӯстӣ бивазад, сад мулки нообод обод ва сад харобазор ба гулистон табдил меёбад.
Оре, насими дӯстӣ вазъи нооромро ором мегардонад, ҷангу хунрезиҳоро ба сулҳу осоиш бадал месозад...
– Рост гуфтед, устод, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Каримзода, – дар ин дунёи фонӣ, ҳеҷ чиз ба сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ баробар шуда наметавонад. Воқеан, имрӯз, ҳангоми зиёрати оромгоҳи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ин байти ӯ ба хотирам расид:
Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми сари ту набинад ниҳон.
Суҳбат то нисфи шаб идома ёфт. Мӯйсафед гули сари сабади он буд. Қарор шуд, ки саҳарӣ ба тамошои харобаҳои қалъаи Деваштич меравем...
Субҳи содиқ Ҳамроқул Одинаев бо нақлиёташ омад, мо ба мошин савор шудем. Аз роҳ пирамард  ҳамроҳ гардид. Дере нагузашта, ба самти ҷанубу шарқии шаҳр расидем, ки ба харобаҳои Афросиёби Самарқанд шабоҳат дошт. Баъди борони шабона ва ҳавои рутубатнок майсаҳои навдамида тар буданд. Бо қатъият пеш рафтан ва шӯхиҳои мӯйсафед касро ба ҳайрат мегузошт. Ман боз аз он дар тааҷҷуб будам, ки вай аз суҳбат ва пурсишҳои беохири мо монда намешуд, ҷавобҳои қаноатбахш медод. Мӯйсафед аз мо пештар ба баландӣ баромад. Ниҳоят мо низ аз шафати ӯ ҷой гирифта, ба чор тараф дида дӯхтем. Аз дур рӯди Зарафшон ба назар мерасид. Шаҳри Панҷакент хеле доман густурдааст. Қуллаҳои барфпӯш диққати касро ба худ мекашиданд.
– Ҳудуди мазкур ба қаҳрамони Суғдиён – Деваштич тааллуқ дошт, – ҳикоя кард Хоҷамуҳаммадбобо. – Ин марди шердил бар зидди истилои араб шӯриш бардошт. Қувваҳо баробар набуданд, бино бар ин шикаст хӯрд. Соли  722 Деваштичи ҳурриятталабро дар болооби Зарафшон дастгир карда, қатл намуданд. Вале аз вай ҳуҷҷатҳои нодиру бебаҳо боқӣ монданд. Ӯ аз ниятҳои зишти арабҳои хонумонсӯз огоҳӣ ёфта, дар соҳили чапи Зарафшон – собиқ деҳаи Абаргар – ҳоло Қалъаи муғ ҳуҷҷатҳоро гӯр кард, ки онҳоро баъди ҳазору сесад сол чӯпоне ёфт. Аз Самарқанд ва сипас Маскаву Санкт-Петербург олимон таҳти роҳбарии Фрейман ҷустуҷӯи илмӣ гузаронида, беш аз 80 ҳуҷҷат ва 400 ашёи гуногуни суғдиёнро ба даст оварданд, ки  як қисми онҳо дар осорхонаи Панҷакент нигаҳдорӣ мешаванд. Бояд таъкид намуд, ки доир ба ҷасорату матонати шӯришгари  диловар Деваштич шоиру нависандагон асарҳои аҷиб офаридаанд. Ин далели он аст, ки қаҳрамонҳо намемиранд.
Пирамард нақлашро ба поён расонду ба гирдоби хаёлот фурӯ рафт. Шамоли сард вазида, касро ҳушёр месохт. Мо ҳама хомӯш баргаштем. Рустаниҳои навдамида аз баҳори Панҷакент дарак медоданд. 
– Боз як таклиф, – риштаи хаёлоти моро барканд пирамарди пурғайрат Хоҷамуҳаммадбобо, – то оғози тантанаҳои наврӯзӣ дар варзишгоҳ вақт ҳаст. Сари раҳ метавонед осорхонаи кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро аз назар гузаронед.
Пешниҳоди мӯйсафед ба ҳама писанд омад. Мошини бодпои мо назди бинои мӯҳташам қарор гирифт. Иншоот сохти қадима дошт. 
Дари дуқабатаи даромадгоҳи бино хеле ҳунармандона сохта шудааст, ки чирадастии усторо нишон медиҳад. Мудири осорхона Умарҷон Саидов, ки зодаи Самарқанд будааст, моро хуш пазируфт ва роҳбалад шуд. Фурсат ниҳоят кам буд, бино бар ин бахшҳои осорхонаро таъҷилан тамошо кардем. Толорҳои Саразм, Панҷакенти қадим, Сомониён, Рӯдакӣ, мардумшносӣ ҷолиби диққат буданд. 
Мо бо як олам таассурот рӯ ба варзишгоҳ овардем. Дар ин ҷо базми ҷашни Наврӯзи Аҷам оғоз меёфт.
Баъди базми хоссаи наврӯзӣ қарор шуд, ки ба мағозаи китоб ва бозори ниҳол равем. Боз Ҳамроқулако бо нақлиёташ хизмат кард. Дукони китоб дар сари роҳ будааст. Аз он китоб харид намудем. Ниҳолҳои дарахтони меванокро ба нархи шартномавӣ гирифтем ва хӯроки пешин дар чойхонаи марказӣ ба вуқӯъ пайваст. Палави Панҷакентро бо иштиҳои қозгир истеъмол кардем.
Ҳамеша лаҳзаҳои  хайрухуш риққатоваранд. Ба Мирзоватан, Алибой ва дигарон ваъда додем, ки албатта, боз ба Панҷакент меоем.
Умуман, сафари мо ба кишвари ҳамсоя ниҳоят сермазмун, хотирнишин гузашт.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори махсуси 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

САМАРҚАНД – ПАНҶАКЕНТ – САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: