АЗ САНГ НОЛА ХЕЗАД, РӮЗИ ВИДОЪИ ЁРОН...

Афсӯс, ҷаҳон моя надорад имрӯз,

Афсӯс, ҷаҳон моя надорад имрӯз,
Бунёдгару поя надорад имрӯз.
Аз бас ҳама ростӣ ҳамин аст, эй дӯст,
Даврони касе соя надорад имрӯз.

Рӯзи панҷшанбеи гузашта саргарми кор будам, ки садои занги телефонам баланд шуд. Рақами шиносро дида, «лаббай» гуфтам.
– Устод, аввало барои нороҳат карданам узр, – овози маҳзуну хастаро шунидам. – Дӯсти наздику ҳамкасбатон Тоҳирамак вафот кардаанд. Пагоҳ пешинрӯзӣ дар масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҷаноза.
Аз хабари нохуш гӯё маро барқ зад. Чанд лаҳза ҳайкалвор ноҷунбон мондам. Охир Тоҳир Ҳасанов дӯсти ҷонӣ ва ҷавонии ман. Нисфак, яъне дугоники дӯстам Зоҳир Ҳасанзода буд, ки ҳар ду зуд-зуд вомехӯрдем.
Дар чунин лаҳзаҳои вазнин ба пайвандони марҳум занг задан ҳам душвор аст. Бо сад андеша ва изтиробу хавотир рақамҳои телефонашро чидам.
Аз тарафи дигари гӯшӣ садои хаставу парешони Зоҳир ба гӯш расид. Пас аз ҳолпурсӣ, «оё тинҷӣ?» гуфта пурсидам.
– Бародарамро бохтем, – бо оҳи бадард, гириста гуфт Зоҳир. – Коронавирус бурд...
Маро ғайр аз сабри ҷамил хостану қуввати дил бахшидан дигар илоҷе набуд. Воқеан, бо асаби вайрону дили пурғам шабро рӯз кардам. Айёми беғубори бачагиро, ки якҷоя гузаронида будем, ба хотир оварда, хобам набурд. Охир ҳар ду дар як мактаб таҳсил гирифтем. Баъди ба даст гирифтани номаи камол, шомили факултаи физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд шудем.
Ин бесабаб набуд. Омӯзгори фанни физика Ӯлмас Раззоқов (ҷояшон дар ҷаннат бошад!) кӯшиш ба харҷ медод, ки ҳар як дарс шавқовар, пурмазмун, хотирнишин гузарад. Ана барои чӣ ҳамсинфонам ба физика дил баста, онро дӯст медоштанд. Баъзан занги баромад садо медоду мо берун рафтанро нахоста, аз муаллим хоҳиш мекардем, ки дарсро давом диҳанд. Гоҳ-гоҳ дар коргоҳи физика таҷрибаҳои шавқоварро гузаронида, мо шогирдонро дар ҳайрат мегузоштанд. Ана баъд дар байни ҳамсинфон баҳс авҷ мегирифт. Модари Тоҳири якраву кунҷков Марҳабо Наҷмиддинова (Илоҳо Парвардигор ба раҳматаш гирифта бошад!) мудири лабораторияи физика буданд. Муаллима ба мо иҷозат медоданд, ки дар он ҷо санҷишҳо гузаронем. Ногуфта намонад, ки соли 1968, яъне пас аз хатми мактаб, беш аз даҳ нафар ҳамсинфони мо донишҷӯйи факултаи физика-­математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардиданд, ки дар ноҳия ин воқеаи нодир буд. Навиди дигари шоёни эътироф он буд, ки дар мусобиқаи шоҳмотбозон шарафи донишгоҳро Тоҳир Ҳасанов, Муҳаммад Султонмуродов ва камина ҳимоя мекардем, ки ҳама аз як мактаб будем.
Бо гузашти айём, ман барои давоми таҳсил ба Маскав, дӯстам Тоҳир ба шаҳри Новосибирск рафт. Вай таҳти роҳбарии олими барҷаста Н. Светашов аввал рисолаи номзадӣ ва сипас докториро ҳимоя намуд.
Амри тақдир буд ё хости Худо, ки Тоҳир Ҳасанов тамоми ҳаёти хешро бо шаҳраки академии Новосибирск пайваст. Дар Донишкадаи пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии нимноқилҳо бо кори илмӣ машғул шуд. Ҳар гоҳ, ки ман барои иштирок дар анҷуманҳои байналхалқӣ ба Новосибирск сафар кунам, ҳатман меҳмони ӯ мешудам. Ҳар ду сайру саёҳат мекардем. Ба соҳили дарё ва бешазор мерафтем.
Мо, инчунин, дар бисёр анҷуманҳои байналхалқӣ мубодилаи афкор доштем. Мақолаҳои тадқиқотӣ-илмии дӯстам дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳон нашр шуда, аз тарафи олимони нуктасанҷ эътироф мегардид. Дӯсти азизи мо борҳо бо мукофотҳои давлатии Русия сарфароз гардида, миёни математикҳои ин кишвар обрӯву эътибор дошт.
Чанде пеш мулоқоти телефонӣ кардем ва ман шӯхиомез гуфтам, ки муддати тӯлонитарини бадарға 25 сол мешавад. Инак, беш аз чил сол боз шумо дур аз Ватан ҳастед. Мусофирӣ бас аст. Биёед ба зодгоҳ, дар донишгоҳ ба кор мегирем. Ӯ барои бозгашт ваъдаи қатъӣ дод, вале ин ҳама орзуҳои ширини дидорбинӣ, ҳамкорӣ, шатранҷбозӣ, саёҳат ба кӯҳсор армон шуданд.
Ҷумъаи гузашта турбати ӯро аз Новосибирск ба Самарқанд оварданд. Он лаҳза дидану шунидани доду фиғони хешу пайвандон, додарону хоҳарон, ёру дӯстон вазнин буд. Имом-хатиби масҷид Ҳоҷӣ Яъқуб Мансуров дар амри маъруфи худ доир ба хислатҳои неки марҳум ҳарф зад. Сипас турбати ӯ аз шафати қабри волидайнаш ҷой гирифт. Ҳақ асту рост, ки «аз санг нола хезад, рӯзи видоъи ёрон».

Аҳмадҷон СОЛЕЕВ, 
доктори фанҳои физика-математика, проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: