АЗ САРВАРИ ДАВЛАТ РОЗӢ ҲАСТАМ

Синнам ба 80 наздик расидааст ва дар иҳотаи як духтару набераҳо рӯзамро сипарӣ мекунам.

Писарам – Назирҷон Ҷӯраевро табъи дил тарбия карда будам. Аммо имкони молӣ даст надод, ки Назирҷон раваду дар ягон мактаби олӣ таҳсил кунад. Бо вуҷуди ин, ҳамеша даст ба корҳои неку манфиатбахш мезад ва ба одамони атроф муносибати самимӣ дошт. Вале одам шири хомхӯрда будааст. Инро ҳаёт бори дигар собит намуд. Назирҷон дар беназмиҳое иштирок кард, ки 31 майи соли 2020 дар минтақаи Чашмаи ноҳияи Сӯх ба вуқӯъ пайваст ва ба панҷ соли ҳабс маҳкум шуд.  
Хеле таассуф мехӯрам, ки соҳиби чаҳор фарзанд – Назирҷонам ба чунин гумроҳӣ ва нодонӣ роҳ доду ҳоло дар маҳбас ба сар мебарад. Дидаву дониста худро ба тӯдаи одамҳое зад, ки хилофи қонун рафтор мекарданд. Вай ба ҷойи он ки мардумро аз роҳи бад гардонад, худаш низ ба маҷрои онҳо пайваст ва аз озодӣ маҳрум шуд.  Иттифоқе афтод, ки ҳаргиз мо чашмдораш набудем. Агар аз ин воқеа саривақт огоҳ мешудам, ҳаргиз намегузоштам, ки дар ин беназмиҳо иштирок кунад. Аммо тақдиру насиб ҳамин будааст ва маҳз гумроҳӣ ӯро паси панҷара кашид.
Дар асл писарам мебоист аз пайи кору рӯзгори осудаи худ мешуд. Ба гапи шайтони лаин даромаду ба чунин сарнавишти талх мувоҷеҳ гардид. Ман ба ягон кас маслиҳат намедиҳам, ки чунин хатои фарзанди маро такрор кунад. Зеро ҳар гуна рафтору кирдори носазо ҳатман муҷозот мешуд! 
Ҳоло дар хона фарзандон роҳи падарашонро мепоянд. Гузашта аз ин, духтари калонаш маълул мебошад ва мунтазам ба кумаки тиббӣ ниёзманд аст. Вай бояд ҳар рӯз дору истеъмол кунад. Дар ин солу замона ҳама медонанд, ки нарху навои дорувор беш аз пеш боло меравад. Ман аз ҳисоби нафақаам ва кумакҳои ду писари дигарам, ки яке дар Русия ва дуввумӣ дар Тоҷикистон бо аъзои хонаводаи худ зиндагӣ мекунанд, бо илоҷе барои саломатии духтари маълӯлаш талош ба харҷ медиҳам. Боз хӯронидану пӯшонидани се фарзанди ноболиғаш, ки мактабхонанд, кори содаву осон нест.
Ба наздикӣ барои дидани Назирҷон ба Муассисаи иҷрои ҷазои рақами 2, воқеъ дар шаҳри Қаршӣ рафтам. Ман аз сарвари давлат миннатдорам, зеро дастур додаанд, ки ҳатто дар чунин муассисаҳо низ ҳаққу ҳуқуқи маҳбусон риоя карда шавад. Сардори ин муассиса Ҷамшед Сувонов хеле одами хуб будааст. Маро хуб пазироӣ намуд ва аҳволамро пурсид, ки роҳи дурударозро чӣ гуна пушти сар кардам. Баъд духтуронро даъват карда, фишори хунамро чен кунонд. 
Вай гуфт, ки муассисаашон ҷойи тарбияи ашхосе мебошад, ки дар ҳаёт раҳгум задаанд ва дониставу нодониста аъмоли ношоиста кардаанд. Маълум шуд, ки писари ман низ аз имкониятҳои дар ин муассиса фароҳамовардашуда баҳраманд мебошад, баъди сипарӣ кардани муддати ҷазо писарам куллан ислоҳ хоҳад шуд ва шахси нав шуда ба канори ман ва зану фарзандонаш  ҳоҳад баргашт.
Рости гап, чунин суханони Ҷамшед Сувонов маро қуввати дил шуданд ва худро хеле бардам эҳсос намудам. Вай иҷоза низ дод, ки бо писарам вохӯрам ва аз саломативу корҳояш воқиф гардам. Дарк намудам, ки писарам аз карда сахт пушаймон аст ва ҳаргиз ба чунин аъмоли ношоиста дигар даст нахоҳад зад.
Ман ба Президент қаблан муроҷиат кардаам. Умедворам, ки муроҷиати мани муштипарро он кас ба назари инобат мегиранд ва аз гуноҳи писари гумроҳи ман мегузаранд. Дарвоқеъ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми зиёд аз сиёсати хирадмандонаи Шавкат Мирзиёев огоҳу бохабаранд. Он кас дар панҷ соли охир чанд бор фармони инсонпарварона содир карданд ва ҳазорҳо гумроҳонро афв намудаву ба назди падару модар ва зану фарзандонашон баргардонидаанд. Барои чунин муруввати инсонпарварӣ дар ҳаққи сарвари давлатамон одамон дуоҳои нек мекунанд. 
Банда бо истифода аз шарофати истиқлол хонаи Худоро зиёрат карда баргаштаам ва шукргузорам, ки дар ин сарзамин ба дунё омадаам. Ҳарчанд зани аз илму савод андак дур ҳастам, вале матолиби “Овози тоҷик”-ро хондаву аз он баҳраҳо мебарам. Барои ҳамин маҳз ин рӯзномаро барои ифодаи фикру ақидаам интихоб кардам, ки манзури муштариён гардад.

Сайлинисо ҶӮРАЕВА,
сокини ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: