АЗ СИЛСИЛАИ «АЗ САРГУЗАШТҲОИ ХУДАМ»

Табрики бармаҳал

Табрики бармаҳал

Ин воқеа аввали солҳои ҳаштодуми асри гузашта рух дода буд. Инҷониб дар мактаби миёнаи деҳаи ҳамсоя ҳамчун ҷонишини директор оиди корҳои таълиму тарбия ифои вазифа мекардам. Рӯзе директори мактаб бандаро ба кабинети кориаш даъват кард. Рафтам. Вай ғайричашмдошт маро бо вазифаи нав – директории мактаб муборакбод намуд. Ҳайратам афзуд ва беихтиёр пурсидам:
– Директори кадом мактаб?
– Мактаби деҳаи худатон. Директори он ба кори дигар гузаштааст, ба ҷойи вай шуморо муносиб дидаанд,– ҷавоб дод вай.
Азбаски ҷавон будаму айёми пурҷӯшу хурӯши умр буд, аз ин мужда шод шудам. Охир, сарбози орзуи генералшавӣ надоштагиро сарбоз нест, гуфтаанд. Сарварӣ, хусусан ба ҳамон мактабе, ки худ дар оғӯши он ба воя расидаам, бароям хеле дилписанд ва гуворо буд. Эҳсосоти хурсандии банда ҳамааш чанд лаҳза давом кард.
Нохост директор боз ба банда рӯ овард:
– Домуллоро худатон медонед... – ғӯлингхоӣ карда хомӯш монд вай. 
Бо ҳайрат боз ба ӯ нигаристам. Аён буд, ки сардор «домулло» гуфта мудири шуъбаи маорифи халқи ноҳияро дар назар дошт.
– Шумо, ки ҷавон ҳастед, ҳоло ҳаётро хуб намедонед. Гумон доред, ки дар зиндагӣ ҳама чиз китобист?! Не, ҳаёт дигар асту китоб чизи дигар,– боз хомӯш монд директор.
– Ба мақсад гузаред,– ниҳоят худдорӣ карда натавонистам.
Мусоҳибам дилгиршавии маро пай бурда гуфт:
– Пӯсткандаи гап ин, ки домулло то чизи мегирифтагиашонро нагиранд, шуморо ба мактвб сардор таъин намекунанд.
Ба гӯшҳоям бовар намекардам, вале боз пурсидам:
– Мудир аз ман чӣ мехоҳанд?
– Якто тагал инъом мекунед, тамом. Дигар ҳеч чиз лозим нест.
Худро дошта натавониста беихтиёр аз содагӣ хандидам. Аввал гумон кардам, ки директор ҳазл мекунад, вале вай ҷиддӣ мегуфт. Болои сарам гӯё як сатил оби хунук рехта бошанд, аз хурсандии пештараам осоре намонда буд. Гӯё хоби ширине медидаму нохост бедор шудам. Ниҳоят гуфтам:
– Тагал дода директор шудан барои банда айб аст. Агар лозим бошад аз баҳри ин вазифаам ҳам мегузарам, – вуҷудам ларзида аз ҷой хестам. Сӯйи дар қадам мениҳодаму ба эътирози директор «Бачагӣ накунед, рӯзе пушаймон мешавед» эътиборе надода дарро аз берун пӯшидам.
Директор барои ба роҳ андохтани банда аз хешовандони мо низ истифода бурд. Дид, ки нашуд, оқибат умедашро канд. Дере нагузашта ба мактаби деҳаи мо сарвари дигар ёфтанд...

«Сурати пайғамбар»

Ин воқеа солҳои ҳафтодуми қарни гузашта рух дода буд. Азбаски баъзе аз хешовандони мо – вардонзеҳиён дар Тошканд буду бош доранд, рафтуои мо ба пойтахт тез-тез сурат мегирифт. Боре ҳамроҳи падар бо мақсади сафари Тошканд ба вокзали роҳи оҳани Қизилтеппа омадем. Мутаассифона, дар кассаи чиптафурӯшӣ гуфтанд, ки дар поезд ҷойи холӣ намондааст. Аз ноомади кор рӯҳафтода гардида, як муддат ҳайрон мондем. Фурсате нагузашта нафаре вориди вокзал шуд. Вай ҳамдарси собиқи падарам будааст, ки онҳо бо ҳам оғӯш кушода гарм вохӯрӣ карданд. Ӯ аз вазъи кори мо огоҳ гардиду чизе нагуфта сӯйи кассаи чиптафурӯшӣ рафт. Лаҳзае нагузашта бо чипта баргашт. Ӯ афзудани ҳайрати моро дида гуфт:
– Наход ки дар ҳама кор мушкилкушо будани « «Сурати пайғамбар»-ро надонед?!
Мо боз ба чизе сарфаҳм нарафтем. Оқибат мусоҳибамон як даҳсӯмии сурхи шараққосии сурати доҳидорро аз ҷайбаш бароварда илова кард:
– Ба ин «Пайғамбари замон» ҳама ихлос доранд. Агар шумо яктои инро даруни шиноснома гузошта  дароз мекардед, ҳамон лаҳза мушкилатон осон мешуд.

Ҳалолро ҳисобу ҳаромро азоб

Солҳои омӯзгорӣ дар мактаб ба қадри имкон азму кӯшиш доштем, ки шоҳроҳи зиндагии шогирдонамон ростию ҳалолӣ бошад. Бешубҳа, он солҳо дар дили онҳо нисбати нопокию беадолатӣ ҳисси нафрат ва ба ҳалолию ростӣ ҳисси муҳаббат падид омада, муғҷаҳои  адлхоҳию поквиҷдонӣ нумӯъ меёфт. Вале... Мутаассифона, ҳақиқати воқеӣ бо сабақҳои омӯхтаи мо мувофиқат намекард. Боре бо яке аз шогирдони беҳтарини собиқи худ аз шаҳр ба деҳа ҳамроҳ омадем. Вай, ки корманди соҳаи гумрук буду  сару либоси низомӣ ба бар дошт, ба чашм хеле салобатнок метофт. Баъди солҳои зиёд ӯро бори аввал медидам. Сӯҳбати мо хеле давом кард. Аён гардид, ки вай хеле тағйир ёфтааст.
– Домулло, дарсҳои шумо бобати ҳалолию покизагӣ ва фазилатҳои қаноату шикастанафсӣ афсона будаанд, – ғайричашмдошт гуфт вай бо оҳанги норозиёна.
– Адлхоҳӣ маро қариб аз кор маҳрум карда буд.
– Чаро? – бо тамкин пурсидам аз ӯ.
– Зиндагӣ ду роҳ доштааст: яке рӯзгори поквиҷдонона, яъне, аз ҳузуру ҳаловати дунё даст кашида, ба ризқи Худодода қаноат кардан, дигаре мисли дигарон мувофиқи маҷрои зиндагӣ созишкорона зистан. 
– Яъне, агар ҳамкорат дузд бошад, ту ҳам бояд дузд бошӣ? – гуфтам ман.
– Ҳамтӯ, дигар чорае нест. Гуфтор дигар будаасту мансаб дигар. Шояд шунида бошед, ҳар як мансаб «ставка»-и худро дорад...
– «Ҳалолро ҳисобу ҳаромро азоб» гуфтаанд, – хулоса кардам ман.
– Тоифае ба мақоли «То омадани табар кунда осуда аст» амал мекунанд, – илова кард вай.
Бешубҳа, худи ӯ низ ба ҳамин тоифа дахл дошт. «Дидӣ, ки нашуд, мон, ки равад» гуфтаанд. Аён буд, ки «Сухани зиёдатӣ ба хар бор аст». Дуруст фармудаанд: «Вақт ҳаками одил аст». Солҳо мегузаштанду гоҳ-гоҳ мешунидам, ки мардум дар қатори сарватмандони маҳал номи ӯ (шогирди собиқи мо)-ро низ ба забон мегирифтанд. Азбаски роҳу мароми мо тафовути ҷиддӣ дошт, дигар ӯро надидам.
Чанд сол муқаддам ба гӯшам расид, ки вай бо амри тасодуф сарвати чандинсолаашро харҷ карда, аз ҷазо бо азоби алим раҳоӣ ёфтааст.


Амрулло АВЕЗОВ,
вилояти Бухоро.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: