Аз силсилаи ҳикоёти «АЗ КӮЛБОРИ ДАРВЕШ»

Юнуси ИМОМНАЗАР

Юнуси ИМОМНАЗАР

Аз силсилаи ҳикоёти 
«АЗ КӮЛБОРИ ДАРВЕШ»
Шогирд малӯлу дилшикаста ба сухан омад:
– Ба ин авбошон чӣ мегӯед, устод, наход ки ба сари муаллим мушт зананд?!
Дарвеш бо тафаккур гуфт:
– Инҳо ҳарчанд мағзи хар хӯрдаанд, ба андозаи гӯшдароз шуур надоранд!
– Ба ростӣ...
Дарвеш афзуд:
– Хар надида линг мепартояд, инҳо дидаю дониста! 
*** 
Дарвеш ҳар рӯз, ҳангоми баргаштан аз кор дар сари кӯча бо ӯ рӯ ба рӯ мешуд. Марде буд ҳамсинну соли худаш, вале ба маротиб лоғару чурукида. Ӯ ба маҳзи дидани Дарвеш калавидаю даст афшонда ба сӯяш медавид ва дар ҳоле ки оби даҳонаш даври лабҳояшро ҷило медод, дандонҳои зарди ҳарҷо - ҳарҷо кирмхӯрдаашро намоиш дода, бе салому бе алейк пул талаб мекард. Аксаран намедод, чаро ки намехост бо як финҷон шароб мастии ӯ афзуда ва худ дар гуноҳаш монад. Баъзан чунон мечаспид, ки ҷуз чор-панҷ ҳазор дода раҳо шудан чораи дигаре надошт...
Дирӯз дубора бо ӯ пеш омад. Бар хилофи рӯзҳои пешин, ин бор ҳушёр менамуд. Ӯ Дарвешро диду гӯё, ки халтаи зар ёфтааст, бо шаст ба сӯяш давид. Дарвеш пурсид:
– Чӣ хабар, бародар?
– Медонӣ, имрӯз таваллуди духтарам аст, мехоҳам барояш як ҳадяи хуб бихарам.
– Хуб, чӣ мушкилӣ дорӣ?
– Аз бозе, ки туро мешиносам, бароят эътимод кардаам, ҳар чӣ фармоӣ ҳамонро мекунам!
Дарвеш дар дил хурсанд шуд. Аз эътимоди ӯ болида, даст рӯйи шонааш гузошт ва гуфт:
– Ту ҳоло бо ҳамин ҳушёрӣ ба хонаат рав. Сари ҳол будани ту беҳтарин ҳадя барои духтарат аст!
Аз май ҳазар кунед, ки ин душмани ҳаё,
Коре, ки аз адаб натавон кард, 
мекунад.
(Бедил)  
* * * 
Дарвеш тасодуфан ба миёни суҳбати ду нафар ҳамсояи худ омад, ки аз сояи ӯ метарсиданд.
Яке бо тафохур мегуфт:
– Лаънатиро чунон кӯфтам, ки аз даҳону биниаш хун омад, аз таваллуд шуданаш пушаймон шуд! 
Дигарӣ бо завқ меафзуд:
– Давои ин ҷинси мӯйдарозу ақлкӯтоҳ ҳамин! Беҳуда нагуфтаанд, занро зан, намурад бо табар зан!
Дарвеш бо ғазаб ба миёни суҳбаташон зад:
– Марг ба ҳар дуятон, лаинони хонашеру майдонғариб! То ба ҳол бо диди асри миёна мегардед, аблаҳони бетарбият! Ба қадри як тор мӯйи зан арзиш надоред, вале ӯро азият медиҳед, номардҳо!
Ҳар ду «муштзӯр» ба маҳзи дидану шунидани ҳарфҳои Дарвеш мисли барги бед ларзида, бо нӯки бинӣ замин харошиданд...

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: