АЗ СУҲБАТИ ҶОНПАРВАРИ МУАЛЛИМ

Касби ман – фахри ман

Имрӯзҳо басо ангуштшуморанд онҳое, ки ба рӯзнома дилбастагии қавӣ доранд. Кам андар кам касон ғами ин нашрияро, ки ҳоло садсола шуд, мехӯранду барои фардои дурахшони он нияти нек мекунанд. Ҳама ба кору рӯзгори хеш овора, гӯё вақту фурсати рӯзнома варақ задан надоранд...
Омӯзгори собиқадори мактаби деҳаи Порашт Собир Эргашев аз зумраи одамонест, ки зиндагиро хуб санҷидаву аз ҳар як воқеаву ҳаводиси он таҷрибаи кофӣ ҳосил намудааст. Ӯ соли 1961 дар деҳаи Порашт ба дунё омадааст.
– Падарам Ҳасанбой Эргашев омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буд, – мегӯяд ӯ. – Аввалин устодам ҳам падарам мебошад. Хондану навиштан ва ҳисоб карданро ҳанӯз дар шашсолагӣ омӯхтаву аз худ намуда будам.
– Боз киҳоро ба худ устод медонед? – мепурсам аз муаллим. 
– Дар мактаб фанҳои дӯстдоштаи ман забон ва адабиёт, таърих ва забони русӣ ба ҳисоб мерафтанд. Устодон Абдумурод Назаров, Тағоймурод Аввалбоев ва Зарифулло Шарифовҳоро  беҳтарин омӯзгорони худ медонам...
Мактаби миёнаро ба итмом расонида, ба мактабҳои олӣ рафта хонданро ҳар як ҷавон орзу мекунад. Қаҳрамони лавҳаи мо ҳам соли 1978 мактаби зодгоҳашро  хатм карда, бо даъвати ҳамдеҳааш Қироншоҳ Шарифзода, ки донишҷӯйи соли савуми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд, ба Душанбешаҳр рафт. Дар он ҷо аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузашт ва донишҷӯйи ҳамин факулта гардид.
Донишгоҳ худ мактаби одамият, боргоҳи фазлу дониш ва илму маърифат аст.
– Аз устодон Воҳид Асрорӣ,  Додоҷон Тоҷиев, Соҳиб Табаров, Мукаррама Қосимова, Абдусаттор Нуралиев ва Пайванди Гулмуродзода ба мо дарс гуфтаанд. Бинобар ин,  онҳо ҳаққи устодӣ доранду инро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Онҳо асрори санъати сухан ва илму адабро омӯзонданд, – мегӯяд устод.
Баъди хатми донишгоҳ ба деҳа баргашт ва дар мактаби миёна аз фанҳои таърих, забону адабиёт ва алифбои ниёгон дарс дода, пайваста таҷрибаи омӯзгории худро бой гардонд. Бисту як сол ҳамчун ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият ва маърифат кор кард.
– Солҳои 1991-1992 шогирдони мактабҳои тоҷикии ноҳияи Форишро ба озмуни ҷумҳурӣ (аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик) ба шаҳри Бухоро ва ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё бурдам, – ба хотир меоварад ӯ. – Аз иштирокчиёни озмун Манучеҳра Назарова дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Анорбой Назаров дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардаанд.
– Вақте дар мактаби миёна таҳсил мекардам, омӯзгори забон ва адабиёт, шодравон Абдумурод Назаров баъди гузаштани мавзӯъҳо ба мо супориш медоданд, ки аз китобхонаи деҳа адабиётҳои бадеӣ гирифта хонем. Мо ба китобхона рафта, аз китобдори он Турсун Қувноқова (хоҳари калонии Ҷонибек Қувноқ) китобҳои бадеӣ мегирифтем. Мехондему байни ҳамдигар муҳокима менамудем. Омӯзгорон моро имтиҳон мекарданд.

Ҳоло чӣ? Баъди пайдо шудани воситаҳои иттилоотӣ китобхонӣ хеле коҳиш  ва он китобхонаи дарозиаш даҳметра акнун ба манзили зист табдил ёфтааст. Китобхонаи мактаб ба талаби хонандагон ҷавоб дода наметавонад. Бо забони модарӣ китобҳои бадеӣ ниҳоят кам, – мегӯяд С. Эргашев.
Омӯзгор андешаҳояшро идома дода, таъкид мекунад,  ки китоб дорои таъсиррасонии калони тарбиявию дарккунӣ аст. Китоб дӯст ва маслиҳатгари мост. Дар замони қадим китобҳоро дар хонаҳои зебою мунаққаш маҳфуз медоштанд. Дар «Китобҳои ҳикмати қадим» чунин оварда шудааст: «Бояд бо худ ҳамеша китоб дошта бошӣ ва ҳамеша бихонӣ. Он беҳтарин маҳрами тану ҷони инсон аст».
Бо ин омӯзгори собиқадор борҳо сӯҳбат оростаам. Ин дафъа баъзе андешаҳояшро рӯйи коғаз оварда, ба ман  дод ки, чанде аз онҳоро боз меоварем:
«Зиндагӣ. Умри равон. Ҳар лаҳзаи ҳаёт. Оё ба қадри он мерасем?!
Оё гузарон ва бебозгашт будани онро медонем?»
***
– «Ман аз касби падарӣ мефахрам. Беҳуда нагуфтаанд, ки:
Мероси падар хоҳӣ, 
касби падар омӯз,
К-ин моли падар харҷ 
тавон кард ба ду рӯз.
Мо се нафар фарзандон илми падар омӯхтем. Бародарам Тоҳир дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ҷиззах, додарам Нодир дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил карданд ва тӯли солҳо омӯзгорӣ намуда, аз пайи ин пеша нони ҳалол хӯрданд.
Фарзандонам Бобоҷон, Баҳром ва Савсан низ омӯзгоранд.
Дар бадали 37 соли фаъолияти омӯзгорӣ шогирдони зиёд баровардам. Аз ҷумла, Нодира Ярашева, Раҳима Аввалова, Лайло Сатторова, Марям Султонова, Гулҳаё Завқиева ҳоло омӯзгоранд. Муаттар Абдуева, Шавқибой Бахтиев, Гулхан Қӯрғоноваҳо бошанд, алҳол дар донишгоҳҳо мехонанд», – иброз дошт С. Эргашев.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: