АЗ ТАЪРИХ ВА БУЗУРГОНИ ДЕҲА

Дар мактаби таълими умумии рақами 58-уми ноҳияи Чуст тақдимоти китоби Боймирзо Ҳошимов бо номи «Сари қалъа ё худ таърихи Варзик» баргузор гардид.

Дар он устодон, хонандагон ва собиқадорони меҳнат иштирок намуданд. Тарғибгари мактаб Муҳайё Назарова доир ба аҳамияти китобу китобхонӣ сухан ронда, муаллифро бо китобаш муборакбод намуд.
Китоб аз таърихи деҳаи Варзик, ҳаёти инсонҳои бузурги деҳа – нависандагон С. Улуғзода, М.Наҷмиддинов, Ҳ.Имодӣ, олимон Инъомхоҷаевҳо, З.Қурбонов, К.Умаров, Р.Иброҳимов, С.Тӯйчиев ва маърифатпарваронаш Ҳ.Ғафуров, Ҷ.Исмоилов, Р.Мирзобобоев, З.Шарифов, Ғ.Ҳоҷиматов ва дигарон ҳарф мезанад.
Китоб ба забони ӯзбекӣ буда, изҳор намуданд, ки он ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарҷумаю нашр мешаванд.
Собиқадори таълими халқ Шарофбой Маҳмудов гуфт, ки касе бо китоб дӯст мегардад, вай роҳи рости ҳаёти худро меёбад.
Китобдор Аҳмедова  ҳозиронро ба хондани китоб, аз ҷумла рисолаи аввалини Б.Ҳошимов даъват намуд. 

Ш. МИРЗОЕВ,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: