АЗ ТАҲКИМИ РИШТАҲОИ ДӮСТИИ АЗАЛӢ ҲАМААМОН МАМНУНЕМ

Дар Душанбе дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ «Саҳми роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, кушодани сафҳаҳои нав дар муносибатҳои шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон» оид ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳои ду кишвар ибрози андеша карданд.

Дар Душанбе дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ «Саҳми роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, кушодани сафҳаҳои нав дар муносибатҳои шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон» оид ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳои ду кишвар ибрози андеша карданд.
Хабарнигори ӮзА бо чанде аз ширкаткунандагон суҳбат кард.

Хуршед Махшулзода ЗИЁӢ, директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— Пас аз сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе  ҳам дар муносибатҳои ду кишвар ва ҳам дар байни халқҳои мо дигаргуниҳои куллӣ ба мушоҳида расиданд. Инро метавон ҳамчун саҳми шахсии сарони ду давлат дар рушди ҳамкориҳои мутақобила арзёбӣ кард.
Дар конфронс мо кӯшиш кардем, ки хусусиятҳои амалҳои пайваста, мақсаднок ва самарабахшро объективона арзёбӣ кунем, корҳои анҷомдодаамонро таҳлил ва нақшаҳои ояндаро муайян намоем. Ба фикрам, мо ба мақсадҳои гузошташуда расидем. Таҳлил нишон дод, ки муносибатҳои байни кишварҳои мо метавонанд барои дигар давлатҳо намуна бошанд.  Мо мехоҳем, ки ин муносибатҳо таҳким ёбанд ва дар оянда на танҳо тамоми Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои дигарро низ фаро гиранд.
Ман ҳамчун коршинос-таҳлилгар мехоҳам қайд намоям, ки мардуми ду кишвар дастовардҳои мусбати муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистонро эҳсос мекунанд. Коршиносон як рақами муҳимро мисол оварданд: дар тӯли сол беш аз якуним миллион ташрифи шаҳрвандон сурат гирифтааст. Дӯстии чандинасра, робитаҳои оилавӣ ва бародарӣ барқарор карда шуданд. Биёед, ман ба шумо аз зиндагӣ мисол орам. Чанде қабл бо як шиносам вохӯрдам, ки замоне дар Вазорати маориф ва илм кор мекард. Вай гуфт, ки духтараш солҳои пеш бо шаҳрванди Ӯзбекистон издивоҷ карда буд. Бо сабаби монеаҳое, ки солҳои тӯлонӣ ба мо маълум буданд, ӯ наметавонист духтар ва набераҳояшро бубинад. Ҳоло, бидуни монеа, ӯ метавонад ба аёдати одамони наздикаш равад. Ва ин гуна мисолҳо зиёданд.
Иброҳим ЙӮЛДОШЕВ, ректори Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон.
— Ҳамаи мо таҳкими дӯстии байни халқҳои ӯзбек ва тоҷикро дар солҳои охир истиқбол менамоем. Ман бори аввал соли 1972 ба Тоҷикистон ташриф оварда будам. Ҳоло ман Тоҷикистони имрӯзаро мебинам — ин Тоҷикистони дирӯза нест. Дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидашуда ҷумҳурии бародарӣ қиёфаи нав пайдо кардааст. Табиат зеботар шуда, барои одамон имконияту шароити зиёде фароҳам оварда шудааст.
Ҳамаи мо аз идома ёфтани анъанаҳои барои таҳкими робитаҳои дӯстӣ эҳёшуда, ки дар мероси Мавлоно Ҷомӣ ва Ҳазрати Навоӣ боқӣ мондаанд, хушҳол ҳастем. Навоӣ ба Ҷомӣ эҳтиром зоҳир намуда, асари «Хамсат-ул-мутаҳаййирин»-ро офарид ва бо ҳисси ифтихор беҳтарин насиҳатҳоро ба наслҳои оянда боқӣ гузошт. Ва ин бояд барои ҳамаи мо намуна бошад. Боварӣ дорам, ки дар оянда дӯстии халқҳои ӯзбек ва тоҷик мустаҳкамтар мешавад, ҳаёти маънавии халқҳо ғанӣ мегардад ва орзуҳои наҷиб афзун мешаванд.
Бо ҳамкорон аз Тоҷикистон мо ҳамкориҳои минбаъдаро дар соҳаи санъат ва фарҳанг баррасӣ кардем. Мо дар пеш нақшаҳои бузурги умумӣ, лоиҳаҳои муштарак дорем, ки ба ҳам наздик кардани халқҳоямон нигаронида шудаанд.
Шариф РАҲИМЗОДА, директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон:
— Муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ба чор давра тақсим кардан мумкин аст. Ин давраи қабл аз истиқлолияти давлатҳои мо, солҳои 1991-2000, давраи аз соли 2000 то 2016, инчунин давраи баъд аз соли 2016 мебошад. Дар се марҳилаи аввал пастиву баландиҳои муносибатҳо ба амал омаданд. Пас аз он ки Шавкат Мирзиёев Президент шуд, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳои мо ба сатҳи комилан нав баромаданд, барои тағйиротҳои минбаъдаи мусбат заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.
Муносибати мо мустаҳкам, дӯстиамон абадист. Халқҳои мо таҳти роҳбарии президентҳо, бешубҳа, ба марҳилаҳои баландтарини муайяншуда мерасанд.

Нигорандаи суҳбат
 Ғ. ХОННАЗАРОВ,
мухбири махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: