Аз Тошканд ба минтақаҳо хатсайрҳои нави автобусҳо кушода мешаванд

Аз Тошканд ба вилоятҳо маршрутҳои нави автобусҳои байниминтақавӣ ва байнишаҳрӣ кушода мешаванд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт хабар додааст.

Чӣ хеле ки мушаххас карда мешавад, корхонаи  «Uzautotrans Service»  хатсайрҳои мунтазами автобусиро бинобар масирҳои зерин ба роҳ мемонад:

аз 17 август: “Тошканд – Шаҳрисабз – Китоб”, “Тошканд – Янгиер”;

аз 22 август: «Тошканд – Қаршӣ –Косон», «Тошканд – Ғузор – Камашӣ»;

аз 23 август: «Тошканд – Бойсун».

Шумо метавонед бо ҷадвали сафар ва нархи чиптаҳо дар саҳифаҳои расмии автовокзали "Тошканд" ва корхонаи «Uzautotrans Service» дар шабакаҳои иҷтимоӣ  шинос шавед.

Чиптаҳои рафту баргаштро электронӣ тавассути сомонаи avtoticket.uz ва иловаи мобилии ATTO, UzBUS харид кардан мумкин аст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: