АЗ ТОШКАНД БА ПЕШҚӮРҒОН БО «СПАРК»

Дар Қасри эҷоди ҷавонони пойтахт дар доираи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» озмуни «Китобхони ҷавон» баргузор гардид.

 Дар он китобхононе, ки дар марҳилаҳои вилоятӣ иштирок карда ғолиб шуда буданд, дониши худро санҷиданд.
Дар қувваозмоиҳои китобхонони синну солашон 20-30-сола муаллимаи мактаби рақами 22-юми ноҳияи Чортоқи вилояти Намангон Замира Абдуллоева ғолиб гардида, туҳфаи Президент — автомобили «Спарк»-ро ба даст овард. 
— Дар ин муваффақиятҳо нафақат хизмати аҳли ҷамоаи мактаб, балки хизмати аҳли оилаам низ бисёр аст, — мегӯяд Замира. 
— Ба ман барои мутолиаи китоб шароит фароҳам оварданд. Бо тавсияву маслиҳатҳои устодон ва дастгирии онҳо ман ғолиби озмун шудам. 

Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: