АЗ Ӯ ХОТИРАИ НЕК МОНДААСТ

Ному кори ҳар як инсоне, ки барои ояндаи Ӯзбекистон, шукуфоии он ҷони худро нисор кардааст, дар ёди мардуми мо боқӣ мемонад.

 Агар ба рӯҳи гузаштагон дуои нек хондан аз ҷумлаи амалҳои шаръӣ бошад, хотираи онҳоро абадӣ гардондан ва аз онҳо ба некӣ ёд кардан аз зубдаи ҳувиятҳои миллии халқи мост. 
Солҳои 70-80-уми асри гузашта ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон ба як майдони бузурги сохтмон табдил ёфта буд. Паси ҳам биноҳои маданиву маишӣ, манзилҳои зебои баландошёна қомат меафрохтанд. Баробари ин, заминҳои нав аз худ мегардиданд, ҷӯйю каналҳо, дар пуштаҳо иншооти бузурги обкашиву обтақсимкунӣ сохта ба истифода супурда мешуданд. Дар сари ҳамаи ин корҳо инсони фидокору боғайрат Самарахон Каримов меистод. Ин шахсро, ки нахуст роҳбари аввали ноҳияи Чуст, баъдан роҳбари якуми ноҳияи Косонсой буд, аҳли ҳар ду навоҳӣ то имрӯз бо ҳурмат ёд мекунанд. 
Агар барандаи унвони «Корманди шоистаи маданияти Ӯзбекистон», соҳиби чандин ордену медалҳо Самарахон Каримов дар қайди ҳаёт мебуд, имсол 90 солагии худро қайд мекард. Самарахон Каримов, ки ба дараҷаи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ расида буд, чандин бор узви Кумитаи Марказӣ, депутати Шӯрои Олӣ интихоб шудааст. 
Аз тарҷумаи ҳоли ин марди фидоӣ пайдост, ки замони кӯдакиву бачагӣ ва наврасиаш бо душвориҳо гузашта, дар кӯраи меҳнат обутоб ёфтааст. Туфайли саъю кӯшишҳояш ба комёбиҳои баланд муваффақ гардидааст. Дар ӯ фаросату заковати дида тавонистани оянда буд. Бинобар ҳамин ҳам дар Косонсой, баъд аз роҳбари ин ноҳия таъин шуданаш, корро, пеш аз ҳама аз пайванд кардани ду соҳили дарёчаи ҳамном оғоз намуд, пулҳои мусофир ва мошингузар бунёд кард. Дар маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он пайи ҳам мактабҳо, кӯдакистонҳо, кинотеатрҳо, хонаҳои маданият, омӯзишгоҳҳо, боғҳои истироҳат сохта шуданд. Дар муҳлати кӯтоҳ садҳо ҷавонон имкон пайдо карданд, ки таълиму тарбия гиранд, соҳиби касбу ҳунар шаванд, сафи коргару хидматчиёни босалоҳиятро пурратар намоянд. Ҳанӯз дар солҳои ҳаштодуми қарни сипаришуда сохтмони беморхонаи марказии бисёрсоҳа оғоз ёфт, ки имрӯз низ ба талаби замон мувофиқат мекунад, баробари ин бисёр ташкилоти сохтмону бинокорӣ, корхонаҳои хиштбарорӣ, истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетон, фабрикаю заводҳо сохта шуданд. Косонсойи хурду назарногир дар як муҳлати начандон тӯлонӣ симои нав касб кард, ба шаҳри зебо мубаддал гардид. 
И. Наҷмиддинов, М. Оппоқов, А. Ҷаъфаров, З. Мансуров ва бисёр дигар ҳамзамонону ҳамкорони С. Каримов  тарзи корбарӣ, сухандониву кордонии қаҳрамони лавҳаи моро ба некӣ ёд мекунанд. 
Бино ба нақли онҳо нависандаи маъруф Саид Аҳмад, ки дӯстдори ноки Косонсой буд, бо баҳонаи он тирамоҳи ҳар сол ба ин ноҳия меҳмон мешудааст. Боре дар ташрифи навбатии худ Саид Аҳмад бо котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳия Самарахон Каримов ба тамошои саҳрои Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Абдусаттор Шарипов меравад. Онҳо, вақте ба пахтазори сап-сафед шукуфта наздик мешаванд, деҳқоне ба пешвозашон меояд ва ба Самарахон Каримов шикоят мекунад, ки сардори бригада то ҳол ба ӯ мукофоти пулиро надодааст.  Инро шунида, сарвари ноҳия аз  деҳқон хоҳиш мекунад, ки каландашро ба вай нишон диҳад, деҳқон каланди худро ба котиб нишон медиҳад. Самарахон Каримов пас аз дидани каланд ба деҳқон мегӯяд, ки сардори бригада қарори дуруст ва одилона баровардааст. Агар ту деҳқони ҳақиқӣ мебудӣ ва хуб меҳнат  мекардӣ, каланди дастат дар зери нури офтоб медурахшид, вале ман мебинам, ки ин асбоби кории ту аз «бекорӣ» занг задааст ва он далели хуб кор накардани туст. Деҳқон аз ин ҷавоби роҳбари ноҳия зери обу арақ мемонад ва бо сари хам аз назди онҳо дур мешавад.
Саид Аҳмад бошад, барои ин ҳақиқатпарвариву ҳозирҷавобиаш ба Самарахон Каримов тасанно мегӯяд. 
Роҳбари боистеъдоде, ки аз байни халқ баромадааст, бояд чунин ҳақпарвару одил бошад, худи ҳамин хислат аз кӣ ва чӣ гуна роҳбар будани шумо дарак медиҳад, – илова мекунад нависандаи бузург. 
Абдусаттор Ғафурови чустӣ аз шогирдони ҳақиқии Самарахон Каримов будааст.
– Шиносоии аввалини мо дар мавсими ба пахтазор об мондан оғоз ёфта буд, – ба ёд меорад ӯ. – Он замон мани хеле ҷавон дар вазифаи муҳосиби саркор кор мекардам. Боре Самарахонако бо раиси хоҷагӣ ба саҳрои мо омаданд. Як қисми майдони пахтазорро алаф пахш карда буд. 
– Ин чӣ ҳол аст? – бо хитоб ба ман нигарист раис. – Ҳама ҷоро алаф пахш кардааст-ку!
Ман хостам вазъиятро фаҳмонам, вале раис ҳатто фаҳмидан ҳам намехост, ӯ маро бо алфози дурушт дашном медод. Самарахонако ин ҳол ва муомиларо дида, ба раис рӯ оварда гуфт: 
– Худро ба даст гиред, чунин тарзи муомила бо зердасти худ аз рӯйи инсоф нест, вазнинтар шавед, вазъиятро омӯзед, ана баъд хулоса бароред.
 Котиб баъди ин суханон ба ман рӯ оварда гуфт: – Ту, ҷавонмард, ҳаргиз хафа нашав, рӯзе меояд, ки худат раис мешавӣ ва ба маънии ин дӯғу пӯписаҳои раисат расида, ҳамаашро фаромӯш мекунӣ. 
Воқеан, ман таълиму тарбияи Самарахонакоро гирифта, оқибат раиси хоҷагӣ ҳам шудам ва ҳар бор он гуфтаҳои ӯро ба хотир оварда, ба дурбиниву дурустандешии ӯ қоил мемондам. Ин воқеа дар ҳаёти ман сабақи бузург гардид. Бинобар ин ҳеч гоҳ ба зердастони худ, ҳамкоронам муомилаи дағал намекардам, дили касеро намеранҷондам.
Дар оилаи Самарахон Каримов нақши ҳамсари ӯ Манзурахон низ бузург буд. Вай барои ҳифзи обрӯйи оилаи роҳбари ноҳия талош мекард, соҳибхоназани хоксору меҳнаткаш буд. Дар вақтҳои зарурӣ бо ихтиёри худ ба саҳро мебаромад, ҳамроҳи занону духтарон кор мекард, пахта мечид, рӯҳи атрофиёнро бо суханони нарму самимӣ мебардошт. Баробари ин ба тарбияи фарзандон ҳам аҳамияти махсус медод. Худаш нон мепухт, гов медӯшид, хӯрок тайёр мекард. Ман ҳамаи ин кору ҷиҳатҳои махсуси ӯро бинобар он ки ҳамсари котиби аввали ҳизбии ноҳия бо холаи дӯзандаи ман – Хадичахон дугонаи қарин буданд ва зуд-зуд ба хонаи онҳо меомад, хуб медонам. Манзураапа, воқеан зани хушмуомилаву суҳбаторо буд. Аз ин рӯ дар хонаводаи Каримовҳо фарзандон хуштарбия ва ҳама соҳиби маълумоти олӣ гардиданд. Имрӯз фарзандони онҳо аз паи падару модар ва бобову бибӣ мераванд.
Ба инсон вақт баҳо медиҳад. Баробари гузаштани вақт фурсати гузашта ба назар беш аз пеш равшантар падидор мегардад. Агар ба роҳи умри Самарахон Каримов аз нуқтаи назари имрӯз дида дӯзем, дарк менамоем, ки ӯ мавзеи таваллуд ёфтаву бавоярасидаи худро басо қадр мекардааст, барои ояндаи он зиёда дилсӯзӣ намудааст.
Оре, имрӯз ҳам дар Косонсой корҳои азими бунёдкорӣ идома доранд. Симои шаҳру деҳот рӯз аз рӯз беҳтару дилкаштар мешаванд. Тарзи ҳаёти халқ низ куллан беҳ мегардад. Шароити зиндагии мардум хуб, дастурхони онҳо аз нозу неъмат сероб аст, роҳҳо равон, кӯчаҳо равшан ва аз ҳама муҳимаш халқ аз ҳаёти кунунии худ мамнун мебошад. Бешубҳа, барои ба чунин рӯзҳои хубу хуш расидан заҳмати беқиёси падару бобоёни мо низ ҳаст, зеро тағйироту дигаргуниҳо худ аз худ ба миён намеоянд. Ба ин пешрафтҳо одамон бинобар ҳифзи суннатҳои миллии худ, дониш, таҷрибаи ҳаётии хеш мерасанд. Агар ба қиёфаи Косонсойи кунунӣ аз баландии қалъаи Муғ, ки дорои таърихи дуюнимҳазорсола мебошад, назар бидӯзем, тавре ки дар асари шоҳ ва шоири бузург Заҳириддин Муҳаммад Бобур – «Бобурнома» иншо шудааст, ба як манзараи беназиру дилпазир рӯ ба рӯ мешавем. Дар байни ана ҳамин манзара биноҳои сап-сафед ва хуштарҳу хушнаморо мушоҳида мекунем. Маҳз ана ҳамин иморатҳо ва сокинони хушбахти онҳо бидуни шубҳа ёду хотираи неки Самарахон Каримовро зинда медоранд.

Муҳиддин ОМАД,
журналист.
Дар сурат: Самарахон Каримов бо фарзандонаш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: