АЗ ВОСИТАҲОИ ОТАШБОЗӢ ЭҲТИЁТ ШАВЕД!

Дар ҳама соҳаҳои кишвари мо барои ҳифзи манфиати инсон ва фаровонҳолии аҳолӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.

Муносибат дар бозор мувофиқи қонунгузории миллӣ дар пояи ҳифз кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолгарон ташаккул меёбад. Ин дар гардиши молҳо, аз ҷумла фурӯши ашёҳои пиротехникӣ (оташбозӣ), ки ба саломатии одам зарар расониданашон мумкин аст, аҳамияти алоҳида касб мекунад. Боиси қайд аст, ки воситаҳои оташбозӣ аз моддаҳои зудсӯзанда, масалан аз порох, яъне доруи милтиқ тайёр карда мешаванд ва тамоми намудҳои он аз нуқтаи назари сар задани оташ хавфнок мебошанд. Мувофиқи таснифоти миллӣ ва байналхалқӣ, ашёҳои пиротехникӣ ба тоифаи якуми масолеҳи тарканда ва гурӯҳи махсуси ин қабил чизҳо дохил шудааст. Зеро онҳо ба бехатарӣ, саломатӣ ва ҳаёти одамон, ҳамчунин ба молу мулки шаҳрвандон бевосита таъсир мерасонанд. 
Мо  —  мутахассисони соҳа якҷо бо ҳамкории ходимони шуъбаи корҳои дохилӣ ва инспексияи давлатии андози шаҳр дар ин бобат кор мебарем. Аз ҷумла, дар шабакаҳои савдо, дуконҳо, бозор ва шабакаҳои савдои доимии шаҳр бинобар муайян кардани ҳолатҳои ғайриқонунии овардан ва фурӯхтани восита ва моддаҳои гуногуни пиротехникиву таркишӣ корҳои маънидодкунӣ бурда, нисбат ба онҳое, ки бо чунин амалҳо машғуланд, чораҳо андешида ва аз онҳо барои такрор нашудани ин ҳодисаҳо забонхат гирифта мешаванд.
Барои маҳсулоти пиротехникиро истеҳсол ва тайёр кардан, нигоҳ доштан, гирифта гаштан ва истифода бурдан, ҳамчунин, бар хилофи қонун ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузарондани он мувофиқи моддаи 250-уми Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷавобгарии ҷиноӣ муайян шудааст. 
Чун анъана ин қабил воситаҳо дар арафаи Соли нав зиёд мушоҳида мешаванд. Инро ҳар кас ҳар хел таҳлил мекунад, вале барои мо муҳимаш воситаҳои оташбозӣ набояд лаҳзаҳои хурсандиро ба воқеаҳои нохуш табдил диҳанд. Барои ҳамин ҳам, агар падару модарон дар ин ҳангом назоратро ба дасти худ гиранд, мувофиқи мақсад аст. 

Мирзоалӣ ИБОДУЛЛОЕВ,
инспектори калони шуъбаи бехатарӣ 
аз сӯхтори 
шаҳри Янгийӯли
 вилояти Тошканд.    

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: