Роҳи ҳаёт ҳамвор нест.
Яке аз он бо вазнинӣ, оҳиста, дилпурона рост гузарад, дигаре бошитоб, саросема қадам мегузорад ва дар натиҷа пешпо мехӯрад.
Мадина Шодмонова, бо нияти ба даст даровардани даромади бедардимиён, ду-се нафар занону духтарони маҳаллаашро барои кор ба хориҷи кишвар ташвиқ менамуд. Бино ба гуфтаи ӯ, дар хориҷа ба кӯдакбон, фаррошу коркуни ошхона маоши зиёд медодаанд. Духтаронро бо ширинсуханию меҳрубонӣ ба домаш афтонда, ба хориҷ мефиристад ва ҳамтабақҳояш онҳоро пешвоз мегиранд. Баъди ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб намудани яке М. Шодмонова ба «шикор»-и навбатӣ даст мезанад...
Дар урфият мегӯянд, ки «бемориро пинҳон дорӣ, табаш ошкор месозад». Ҳаракатҳои ноҷояи Шодмоноваю дугонаҳояш аз назари ходимони ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ноҳияи Олмазори пойтахт дур намонд. Одамфурӯшҳо ба даст афтоданд ва мувофиқи кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ айбдор дониста, ба муддати 8 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Зиёда Ботироваи сурхондарёӣ низ зуд ба доми фиребгарон афтода шарики онҳо шуд. Ӯ дари автомобилеро, ки дар назди хонаи 24-уми кӯчаи Қатортоли ноҳияи Чилонзори пойтахт меистод, устокорона кушода, аз даруни он телефон ва 600 ҳазор сӯмро гирифта ғайб мезанад. Албатта, каҷравиҳои ӯ низ дер напоид. Духтарак, ки акнун баҳори 21-уми умри хешро дида буд, ба дуздӣ айбдор дониста шуда, ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Ҳукумати мо ба инсонпарварӣ, кушодадилӣ ва меҳру оқибат арҷ мегузорад. Фармони роҳбари давлат дар бораи авф боз як бор имконият дод, ки М. Шодмонова ва З. Ботирова барин қонуншиканҳо хатояшонро фаҳманд...
– Аз ҳаёт ва тавассути телевизион, рӯзнома ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дорем, ки қонуншиканӣ ва содир кардани ҷиноят аз ҷониби занону духтарон солҳои охир зиёд мешуд. Алҳол вазъият чӣ гуна аст? Барои пешгирии каҷравиҳо аз тарафи кумита чӣ чорабиниҳо андешида мешаванд? – мепурсам аз роҳбари шуъбаи масъалаҳои рушди фаъолнокии иҷтимоию сиёсии Кумитаи занон Дилором Қӯзиева.
– Назар ба маълумотҳои мо, дар натиҷаи корҳои профилактикӣ ҷиноят миёни занону духтарон дар соли 2018 нисбати солҳои пешин 35,7 фоиз кам шудааст. Аз оғози соли ҷорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ бар зидди ҷиноят, ҳуқуқвайронкунӣ, фиребгарӣ чорабиниҳои зиёде баргузор шуданд. Омӯхтани сабабҳои чунин каҷравиҳо ва бартараф намудани онҳо дар маркази эътибор аст. Кӯшиш мекунем, ки хоҳарону духтарони ғофили баҷиноятдастзада ва ба доми фиреб афтидаро ба сафи аъзои фаъоли ҷамъият баргардонем. Масалан, тӯли соли гузашта беш аз 2 ҳазор нафар аз рӯйхати ҷараёнҳои динию экстремистӣ бароварда шуданд. 110 нафар ҷинояткор ва 680 нафар қонуншикан дар асоси кафолат аз ҷазо озод карда шуданд. Бо саъю кӯшиш ва ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ, Иттифоқи ҷавонон, прокуратура, фаъолони маҳалла ва дигар ташкилотҳо соли гузашта дар ду ҳазору 301 маҳалла миёни занону духтарон ҷиноят содир нашудааст. Бо ташкилотҳои дахлдор дар 8 ҳазору 347 оилаи дучори мушкил корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд ва 70 фоизи чунин оилаҳо ба муҳити созгор баргаштанд.
Зан қабл аз ҳама бояд донад, ки осоиштагии оила, тарбияи фарзанд, ояндаи ҷамъият бар зиммаи ӯ мебошад. Аз як ҳаракати ноҷоя ва нодурусти зан оила вайрон мешавад, кӯдакон бе назорат мемонанд.
– Каҷрафтории занону духтарон бештар ба шароити оилавӣ, муҳити носозгор, мавқею нигоҳи онҳо ба ҳаёт, дар зери тазйиқ мондан, шефтаи молу сарват шудан ва баъзан ба беқарории руҳӣ вобаста аст,– мегӯяд руҳшинос Шоира Исоқова. – Дар паси панҷара нишастани зан-модар худ як фоҷиаи бузург аст. Ҳангоми иҷрои вазифа бо занону духтароне, ки ба роҳи бад рафтаанд, суҳбат мекунем. Ба қарибӣ бо сокини ноҳияи Сергелии пойтахт А. Саъдуллоева, ки дар асоси фармони роҳбари давлат дар бораи авф аз муассисаи ҷазо озод шуда буд, тамос гирифтем. Назар ба гуфти ӯ, 8 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Ӯ бо ашкҳои сӯзон изҳор дошт, ки аз ҳаёт тамоман умедамро канда будам, ба Президентамон раҳмат, ба туфайли авф ба оғӯши оилаам баргаштам. Аз ҳамаи ҳаракатҳоям, ки аз нодонӣ шефтаи молу сарват гардида будам, пушаймонам. Аз молу чиз, боигарӣ ҳам зиёдтар меҳру оқибат, ғамхорӣ ва инсонпарварӣ будааст.
Дарҳақиқат, ҳукуматамон ба шахсоне, ки аз муассисаҳои ҷазо озод шудаанд, кӯмаки моддӣ мерасонад, онҳоро аз назорати тиббӣ гузаронда, бо кор таъмин менамояд.
Низомии Ганҷавӣ барҳақ фармуда:
Аз кажӣ афтӣ ба каму костӣ,
Аз ҳама ғам растӣ, агар ростӣ.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».