«АЗ ҲАМА БУЗУРГ, АЗ ҲАМА АЗИЗ»

Агентии доир ба матбуоту иттилоот, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттиҳоди эҷодии журналистон, Ассотсиатсияи эҷодии «Тасвирий ойина», Иттиҳоди нависандагон, Ширкати телевизиону радиои миллӣ, Оҷонсии миллии «Ӯзбеккино», Академияи бадеӣ, Ассотсиатсияи миллии расонаҳои ахбори ҳамагонии электронӣ ва Бунёди ҷамъиятии дастгирӣ ва рушди расонаҳои ахбори ҳамагонии мустақил ва оҷонсии иттилоот бахшида ба 27-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни анъанавии «Энг улуғ, энг азиз» («Аз

Ба озмун корҳои эҷодие, ки дар худ ғояи неку наҷиби «Ту барои ман азизӣ, Ватанам, Ӯзбекистони маҳбуб»-ро муҷассам намудаанд ва офаридаҳое, ки аз мазмуну моҳияти Стратегияи амалиёт бино ба рушди панҷ самти бартариноки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ва Барномаи давлатии «Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо» бармеоянд, ислоҳотро доир ба такмил додани низоми сохтмони давлатию ҷамъиятӣ, роҳандозии мулоқоти доимӣ бо халқ, дастовардҳои волоияти қонун ва ислоҳсозии минбаъдаи низоми суду ҳуқуқ равшан кардаанд, бо кӯмаки мисолҳои ҳаётӣ мазмуну моҳияти ислоҳоти васеъмиқёсро доир ба таҳкими сулҳу осоиш, бехатарӣ, ризоияти байнимиллӣ ва фарохдилии динӣ татбиқ мешаванд, робитаҳои ба ҳар ду ҷониб судбахш бо ҳамаи кишварҳои хориҷии дуру наздикро, ки дар рушди сиёсати хориҷӣ бартарӣ дорад, кушода додаанд, қабул карда мешаванд.
Озмуни «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз» бино ба номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
– осори бадеии шоиру нависандагон;
– мақолаҳои ходимони РАО чопӣ;
– корҳои журналистии ходимони веб-сайтҳое, ки аз ҷониби давлат ба сифати РАО номнавис шудаанд;
– маводи ходимони эҷодии телевизиону радио;
– осори санъати тасвирӣ, сурат ва корҳои ороишӣ;
– асарҳои санъати кино.
Ба корҳои эҷодии ба озмун пешниҳодгардида бояд ҳуҷҷатҳои зерин илова карда шаванд:
– маълумоти мухтасар дар бораи муаллиф ва фаъолияти касбии ӯ;
– нусхаи шиносномаи муаллиф;
– тавсиянома аз ҷойи кор;
– манзил ва телефони тамоси муаллиф.
Осори бадеӣ, мақолаҳое, ки дар рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва нашрияҳои интернетӣ, матолибе, ки аз тариқи радио ва шабакаҳои телевизионӣ аз 1 августи соли 2017 то 1 августи соли 2018 нашр гардидаанд, ҳамчунин осори ҳунари тасвирӣ ва санъати кино то 3 августи соли равон қабул карда мешаванд.
Ғолибони озмун дар арафаи ҷашни 27-солагии истиқлолияти Ватанамон сарафроз гардонда мешаванд ва рӯйхати онҳо дар матбуот рӯйи чопро хоҳад дид.
Корҳои эҷодӣ бо ишораи ба озмуни «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз» ба манзили зер фиристонда шаванд:
100129, ш.Тошканд, кӯчаи Навоӣ,30
Агентии оид ба матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон, Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи эҷодии «Тасвирий ойина»
Телефонҳо: 244-12-61, 244-64-61, 244-11-64.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: