АЗ ҲАМКОРИИ СТРАТЕГӢ ТО ҲАМКОРИИ ҲАМПАЙМОНӢ

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

– Ҷаноби сафир, инак, соли 2022 ҳам гузашт. Он дар муносиботи миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон чӣ гуна сол буд?
– Бояд таъкид намуд, ки солҳои охир робитаҳои дуҷонибаи байни Тоҷкистон ва Ӯзбекистон хеле пеш рафтанд. Дар тӯли се даҳсола заминаи анъанаҳои неки дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ мустаҳкам гардиданд ва ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба марҳалаи сифатан нав ва боло, аз шарикии стратегӣ ба сатҳи ҳампаймонӣ расиданд.     
Бояд тазаккур намоям, ки дар ин ҷода соли сипаришуда бисёр пурбаракот буд, мо ба натиҷаҳои назаррас ноил шудем. 
30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз воқеаҳои муҳими ин сол ба шумор меравад. Дар доираи ин санаи муҳим дар қаламрави ду давлат беш аз 20 тадбири тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию инсонпарварона гузаронида шуданд.
Дар ин сол боз як воқеаи муҳими таърихӣ рӯй дод: бино ба даъвати Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев 2-3 июн ташрифи расмии Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон ба амал омад. Дар ҷараёни ин ташриф ҳуҷҷатҳои зиёд ба имзо расиданд, ки вусъати ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои тарафайнро дар соҳаҳои сиёсӣ, савдою иқтисодӣ, саноат, обу барқ ва фарҳанг дар бар мегиранд.  Ба имзо расидани “Эъломияи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” воқеаи муҳимтарини соли сипаришуда маҳсуб меёбад. Ин эъломия дар асл ҳам санади муҳими сарнавиштсоз буда, ба манофеъи мардумони дӯст комилан ҷавобгӯй аст. 
Шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар амал кор мекунад. Ҳамчунин, он бар дарки пурраи мақсаду вазифаҳои ду давлат асос ёфтааст. Барои татбиқи амалии он заминаи ҳуқуқӣ ба вуҷуд меояд, масъалаҳои нақлиёту коммуникатсия ҳаллу фасл ва роҳи ҳалли муаммоҳо ҷустуҷӯ мешаванд. Ҳамкории иқтисодӣ вусъат меёбад, он имкон медиҳад, ки маҳсулоти соҳаҳои гуногуни ду ҷониб ба бозори умумӣ бароварда шаванд. Муҳимтар аз ҳама мардум самари ин ҳамкориҳоро дар рӯзгорашон ҳис мекунанд. 
Ҳоло миёни сохторҳои мухталифи давлатию хусусӣ беш аз 400 созишномаю шартнома имзо шудаанд, ки заминаи мустаҳками ҳуқуқии ҳамкории тарафайнро ташкил менамоянд. Қобили тазаккур аст, ки аксари ин ҳуҷҷатҳо солҳои охир ба имзо расиданд ва бешак ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар мусоидат менамоянд. Ин вусъати ҳамкориҳо ҳамаи соҳаҳои ҳаётамонро фаро гирифтаанд, равобити сиёсӣ, алалхусус дар сатҳи олӣ мустаҳкам гардид. Мулоқотҳои мунтазами сиёсатмадорони олимақоми тоҷик ва ӯзбек сурат гирифтанд.
Тоҷикистон ба даҳгонаи шарики асосии савдоию иқтисодии Ӯзбекистон шомил шудааст. Хусусан, дар соли бапоёнрасида равобити тиҷоративу иқтисодии тарафҳо хеле таҳким ёфтанд. Аз ин хусус рақамҳои зерин далолат медиҳанд. Соли охир мубодилаи моли тарафҳо ду баробар афзуд ва он дар ҳолати то моҳи ноябри соли 2022-юм 540 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тибқи муоҳидаҳои президентҳои ду кишвар солҳои наздик мубодилаи мол то 1 млрд. доллари ИМА хоҳад расид.
Ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, саноати сабук ва дигар ҷанбаҳо низ пеш мераванд. Дар кишварҳои мо хонаҳои савдо амал мекунанд, ки таҷассуми амалии ҳамкориҳои ҳамсоякишварҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мебошанд. Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии воқеъ дар Душанбе ва бизнес-форуми Тошканд чандин қарордоду муоҳидаҳо ба имзо расиданд, ки арзишашон беш аз як миллиард доллар аст. 
Афзоиши таъсис додани корхонаҳои муштарак низ назаррас аст. Ҳоло беш аз сесад корхонаи муштарак амал мекунад, дар соли охиршуда беш аз даҳ корхона таъсис ёфт, 14 созишнома оид ба ташкили кластерҳои бофандагӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, корхонаҳои коркарди пилла, истеҳсоли шоҳӣ, чарм, дору ва амсоли инҳо ба имзо расидаанд. 
Ба истифодаи самарбахши захираҳои обу энергетика эътибори алоҳида дода мешавад. Бо иштироки ду тараф дар дарёи Зарафшони ҳудуди Тоҷикистон сохтани ду неругоҳи барқии обӣ, ки иқтидори умумиашон 329 МВТ хоҳад буд, барпо мешаванд.  
Бо шарофати сарони давлатҳо анъанаҳои неки таҷлили Рӯзҳои фарҳанг ва кино дар ду кишвар, консертҳо, намоишгоҳҳо, анҷуманҳои муштарак барқарор шуданд. Равуо, мулоқотҳои ҷавонон ва сайёҳон вусъат пайдо кард.
Дар чорчӯби ин ҳамкориҳо соли гузашта чандин тадбири фарҳангӣ, вохӯриҳои рӯшанфикрони илмию эҷодӣ, аз ҷумла Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон, намоишгоҳҳои рассомони тоҷик дар Тошканд, консерти оҳангсозони тоҷик ва ӯзбек, оркестри симфонии тоҷик, мулоқоти адибони тоҷик ва ӯзбек, ташрифи намояндагони иттифоқҳои журналистон ва нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба амал омаданд. 
Қобили қайд аст, ки бо супориши сарварони ду кишвар – Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев таҳияи синопсиси филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба поён расид. 
– Ҷаноб сафир, 15-16 сентябр дар Самарқанд ҳамоиши СҲШ бомуваффақият гузашт. Президенти Ӯзбекистон зимни суханрониаш оид ба масъалаҳои минтақавӣ чандин пешниҳоди муҳимро баён намуд, Эъломияи Самарқанд қабул шуд. Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ин ҳуҷҷат чӣ гуна нақш хоҳад дошт? 
– Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории зич доранд ва аз ташаббусҳои якдигар пуштибонӣ мекунанд. 
Оре, дар ҳамоиши СҲШ дар Самарқанд Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат кард ва бо сарони кишварҳои иштироккунандаи ҳамоиш ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот дошт. Мувофиқи натиҷаҳои мулоқоти сарони давлатҳо чандин санади муҳими таърихӣ қабул шуданд, ки онҳо бешак ба таҳким ва вусъати ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СҲШ мусоидат хоҳанд кард. Қабул шудани Эъломияи Самарқанд натиҷаи асосии ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ гардид. Ин санад масъалаҳои муҳимтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла, рушди устувори иқтисодӣ, тақвият додан ба алоқаҳои нақлиётӣ, амиқ намудани гуфтугӯҳои фарҳангиро дарбар гирифтааст. 
Тоҷикистон мисли дигар аъзоёни СҲШ ташаббусҳои гуногунҷанбаро, ки дар Эъломияи ҷамъбастии ҳамоиши СҲШ зикр шудаанд, пуштибонӣ мекунад.
Қобили тазаккур аст, ки Тоҷикистон минбаъд низ ҳамкориро дар мавриди масъалаҳои сиёсати хориҷӣ дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай  тақвият мебахшад, инчунин, онро ҳамчун арсаи муҳим дар бобати гуфтугӯйи муфид ва воситаи асосии ҳамкориҳо баҳри таъмини амнияти минтақавӣ, рағбати равобити фоидабахши тарафҳо, ҳампаймонӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мебинад. 
– Мо дар остонаи Соли нави 2023 қарор дорем. Дар Соли нав, ба фикри шумо кадом самтҳои ҳамкории ҳамсоякишварҳо бартарӣ хоҳанд дошт? 
– Маҳз ба туфайли иродаи сиёсӣ ва кӯшишоти президентҳои ду кишвар дар бобати муқаррар ва татбиқ намудани стратегияи рушди муносибатҳои тарафайн қадамҳои муҳим гузошта мешаванд. Бояд қайд намуд, ки ҳоло дар ин роҳ корҳои бузург дар пешанд. Имрӯз муҳим аст, ки тамоми имконият ва иқтидорро дар ин роҳ сафарбар намоем, лоиҳаҳо ва барномаҳоро амалӣ кунем ва ҳамин тавр муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам мустаҳкам шаванд.
Албатта, дар Соли нав бояд нақшаҳои мо ба самтҳои муҳими рушди мамлакатҳоямон мувофиқат кунанд. Аз ин лиҳоз мо бояд барномарезии стратегӣ ва масъулиятро такмил диҳем, ба гуфтугӯйи парламентӣ ва дипломатияи халқӣ, рушди алоқаҳои байниминтақавӣ, таҳкими равобити фарҳангию гуманитарӣ мусоидат намоем. 
Дар мавриди ҳамкориҳои бисёрҷанба бояд қайд намоям, ки Тоҷикистон ба рушди ин муносибатҳо эътибори зиёд медиҳад. Мо арсаи ҳамкориро барои пешрафти масъалаҳои умумии иқтисодӣ ва сиёсӣ бар нафъи манфиатҳои аслии ду мардуми бародар пурсамар мавриди истифода қарор хоҳем дод. 
Барои Тоҷикистон пеш рафтан хеле муҳим аст: ин қабл аз ҳама ваҳдати мардуми мо барои расидан ба мақсадҳо ва ҳаллу фасли вазифаҳои умумист. Муътақидам, ки мо минбаъд низ муносибатҳои рушдёбандаи худро дар ҳамаи самтҳо инкишоф медиҳем. Бовар дорем, ки дар соли нави 2023 пешрафти афзояндаи бемайлони муносибатҳои мо дар ҳамаи самтҳо ба болоравии сатҳи зиндагии мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, таҳкими риштаҳои таърихии дӯстии мо хидмат мекунад. 
– Табрики Шумо ба мардуми Ӯзбекистон ба муносибати фарорасии Соли нави 2023...
– Дар соли 2022 Ӯзбекистон дар кулли соҳаҳои иқтисодиёт ба дигаргунсозиҳо ва рушди суръатафзо ноил гардид, бар манофеи кишвар ва мардум барои  татбиқи лоиҳаҳои бузургмиқёс замина фароҳам оварда шуд. Ҳоло иқтидори иқтисодии кишвар мустаҳкам мешавад, сохтори рақамӣ рушд мекунад, соҳаҳои нави саноатию индустрӣ барпо мегарданд, марому барномаҳои бузурги миллӣ дар амал татбиқ меёбанд. Ҳамчунин бояд таъкид кунам, ки ҳоло дар Ӯзбекистон барои инкишофи фарҳанг, адабиёт ва санъат кулли шароит фароҳам оварда мешавад. Дар роҳи ҳифз, ғанӣ ва оммавӣ гардонидани мероси миллӣ корҳои бузург амалӣ мешаванд 
Муътақидам, ки дар соли нави 2023 фаъолияти якҷоя ва дӯстии мо дар роҳи шукуфоии умумии мардумонамон боз ҳам тақвияту таҳким меёбанд. Аз фурсати мусоид истифода намуда, тамоми мардуми Ӯзбекистонро бо Соли нав табрику таҳният мегӯям. Дар роҳи шукуфоии умумии халқҳоямон дар якҷоягӣ ба сӯйи ҳадафҳои нав собитқадамона пеш меравем. Ба ҳама саломатии бардавом, саодатмандӣ ва беҳбудиҳо орзумандам. Бигзор соли 2023 барои мардуми Ӯзбекистон соли сулҳу амонӣ, комёбиҳои беназир ва шукуфоӣ гардад! 
– Барои суҳбати пурмазмунатон ташаккур.

Суҳбаторо 
Шоқаҳҳор САЛИМОВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: