Ҳар ду додарон дар тахтабозори Самарқанд бо корҳои савдо машғул шуда, мардумро бо масолеҳи бинокорӣ таъмин мекарданд.
«Ҳамаи мо бояд як ҳақиқатро амиқ дарк намоем: дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ роҳи пурсамартарини афзудан ба фаровонии шаҳрвандону халқ, мақсади ниҳоии бунёди Ӯзбекистони нав мебошад».
Президент Шавкат Мирзиёев
УМЕД –МӮЪҶИЗАҲО ОВАРАД
Ҳар ду додарон дар тахтабозори Самарқанд бо корҳои савдо машғул шуда, мардумро бо масолеҳи бинокорӣ таъмин мекарданд. Онҳо мувофиқи амали хеш ризқу рӯзӣ меёфтанд. Умедҷон бо захира кардани масолеҳ банд буду Оллоҳбердӣ бо савдо. Талаботи аҳолӣ ба тунука афзуд, ки барои тезтару хубтар болопӯш кардани иншооти навбунёд айни муддао буд. Ин ҳолатро мушоҳидакунон додари хурдии чашмикордон ба калонӣ гуфт, ки агар худамон сехи тунука созем, корамон барор гирифта, зиндагиамон хуб хоҳад шуд.
– Ака, шумо аз ҳокими ноҳияи Самарқанд барои бунёди сехи тунукасозӣ замин пурсед, шояд ба манфиати халқ «не» нагӯяд. Аз ҳаракат – баракат гуфтаанд. Таклифи хуб, – сар ҷунбонд Умедҷон, – бегоҳӣ ба қабулаш меравам.
Ҳокими ноҳия Баҳодур Саъдуллоев ошнои деринаи худро хуш пазируфт.
– Баҳодур Сафиюллоевич, барои маслиҳат омадам, – ниҳоят ба мақсад гузашт меҳмон, – нияти сехи тунукабарорӣ сохтан дорем. Пӯсткаллаи гап ҳамин, ки замин барои тадбиркорӣ лозим.
Лаҳзае дар байни онҳо хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Ҳоким аз курсӣ хеста, назди харитаи ноҳия омад ва бо диққат ба он нигарист. Сипас ба Умедҷон гуфт, ки минтақаи партовҷой ҳаст ва барои обод кардан каме арақи ҷабин рехтан даркор. Ҳоло ман танобчиро даъват мекунам ва ӯ ҷойро нишон медиҳад.
Оши бамаслиҳат пухт, ки Умедҷон аз мурод ҳосил шудан шод гашта, арзи сипос намуд. Рӯзи дигар чанд нафар назди замин омаданд, ки дар байни онҳо меъмору танобчӣ низ буданд. Ҳозирон машварат ороста, нақшаи сохтмони навро кашиданд. Вале қабл аз гузоштани хишти аввал техникаи пуриқтидор чанд рӯз бо ҳамвор кардани замини пасту баланд машғул шуд. Сохтмон қариб ду сол тӯл кашид. «Ёр аҳл бошад, кор саҳл аст» гуфтаанд. Ҳамин тавр ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Абдулазиз метал сервис» ба заводи мӯъҷаз табдил ёфт.
– Корро ба роҳ мондан осон нашуд, – гуфт иҷрокунандаи вазифаи директор Оллоҳбердӣ Норбеков, – ман ҳамаи корамро аз ришта то сӯзанаш дар хотир дорам. Чӣ ҷои пинҳон кардан аст, баъзе бинокорони фиребгар агар илоҷ ёбанд, аз об ҳалво сохта медиҳанд. Барои сифати кор пои худро сахт мондем ва назорат қатъӣ шуд, ки ба мақсад расидем. Беш аз сад нафар бо меҳнати фоиданок машғуланд. Хушбахтона, ҷамоа ва комёбиҳои мо бад нест. Аз ҳисоби фоида ба оилаҳои камбизоат ва аҳволашон ночор кӯмаки моддӣ мерасонем.
Бо роҳбаладии мудири шӯъбаи коргузорӣ Фирӯз Қурбонов заводро давр задем. Диққати моро дастгоҳҳои замонавӣ ва шароити хуби меҳнату истироҳат ба худ кашид. Дар ин ҷо ҳар як шахс вазифаи хешро аъло дониста, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз вақт пурсамарона истифода барад.
– Аксарияти корҳои душвор ба зиммаи дастгоҳҳои пуриқтидор аст, – ба фаҳмонидан пардохт роҳбаладам Фирӯз Қурбонов. – Онҳоро аз Хитой, Италия, Русия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон харидем. Аз давлат қариб як миллион доллар кредит гирифта будем. Корхонаи мо қариб сӣ намуди тунукаҳои гуногунҳаҷми бомпӯширо истеҳсол менамояд. Нархҳои маҳсулотамон нисбат ба дигар ҷойҳо арзон аст. Натанҳо дар Самарқанд, инчунин вилоятҳои Қашқадарё, Ҷиззах ва дигар минтақаҳо харидорон дорем.
– Аз 12-солагӣ бо ҳунари тунуказанӣ машғулам. Аз тунука чӣ хоҳед, сохта метавонам. Ҳоло таҷрибаи худро ба шогирдони бешумор ёд медиҳам, – мегӯяд яке аз устоҳои соҳибтаҷриба Ҷонибек Илёсов.
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТ
Тавассути телефони дастӣ ба роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Абдулазиз метал сервис» Умедҷон Норбеков хабар додаанд, ки Президенти кишвар бо соҳибкорон вохӯрӣ хоҳад гузаронд. Агар ӯ ягон хел муаммо ё ташаббус дошта бошад, барои ҳалли он метавонад шахсан ба сарвари давлат муроҷиат намояд.
Рости гап, Умедҷон аз ин навид дар тааҷҷуб монд. Охир дар замоне, яъне ҳамаги 5-6 сол қабл ки сер бошӣ, дида наметавонанд, гурусна бошӣ, дода наметавонанд, «болои сӯхта намакоб» гуфтагӣ барин баъзе мансабдорон ба ҷои кӯмаки беғаразона ошкоро таъмагирӣ мекарданд, тазъйиқ меоварданд, садди пешравӣ мешуданд. Хушбахтона, солҳои охир сӯзанро гирифта, болорро бой додан барин ҳолатҳои нохуш, яъне «маҳсули зиндагӣ – оворагӣ» паси сар шуд. Зеро бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи сарвари давлатамон ҷомеаи мо босуръат тағйир ёфта, муносибатҳои нав, имконият ва арзишҳои беназар ташаккул меёбанд. Алалхусус, барои соҳибкорон ва корчаллонҳо шароитҳои хуби фаъолияти озодона ба миён меоянд. Ин аст, ки дастгирии тиҷорат, ҳифзи соҳибкорӣ ва мулки хусусӣ аз масъалаҳои умдаи кулли ислоҳоти иқтисодӣ маҳсуб ёфт.
Рӯзи 20-уми августи соли равон Умедҷон субҳи содиқ аз хоб хеста, ба мулоқоти кушоди Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев тайёрӣ дид. Зеро вохӯрие, ки соҳибкорон солҳои сол интизор буданд, амалӣ мегашт.
Вақте ки ӯ ба толори ҳокимияти вилоят омад, аллакай чанд нафар соҳибкорон ҷамъ омада, интизори мулоқоти рӯ ба рӯ буданд.
Президент дар суханронии хеш якчанд самтҳои муҳими ҳалли мушкилотеро, ки соҳибкоронро ба изтироб меоваранд, ошкоро ва бо далелҳои раднопазир гуфта дод ва роҳи ҳалли онҳоро муайян сохт. Вохӯрӣ қариб шаш соат тӯл кашид. Зимни мулоқот соҳибкорони ҳамаи минтақаҳои Ӯзбекистон дар бораи муаммоҳои сарбаста сухан ба миён оварданд ва пешниҳодоти худро баён намуданд. Ҳар як ҳолат бо иштироки шахсони масъул ва ҳокимони шаҳру вилоятҳо муҳокима гардид, ки табъи ҳозирон болида гашт. Масъалаҳои маблағгузории тиҷорат, такмил додани низоми андозбандӣ, такмили тартиби додани замин, рушди инфрасохтор ва ғайра вазифаҳои таъхирнопазир муайян шуданд.
Умедҷон аз вохӯрӣ бо Президент бо як олам таассурот ба корхона омад ва ҷамоаро аз рафти мулоқоти ошкоро огоҳ сохт.
– Дар мамлакат 20-уми август – Рӯзи соҳибкорон муқаррар карда шуд!– эълон намуд ӯ. – Минбаъд мо маҳз дар ҳамин рӯз иди касбии хешро ҷашн мегирем.
Аз ин навид ҳозирон қарсак зада, ба якдигар шоду масрур нигаристанд. Охир дар Ӯзбекистони нав – иқдоми нав пайдо гардида буд.
– Умедака мӯъҷизаҳо меоваранд, – иброз дошт ёрдамчии ҳисобчӣ Соҳибҷон Неъматов, – қариб ҳар рӯз дар корхонаи мо навигарӣ. Соли гузашта аз сафари Куриёи Ҷанубӣ ба зодгоҳ баргашта, ба корхонаи мазкур ба кор қабул шудам. Бовар кунед, дар баъзе масъалаҳо заводи мо аз корхонаҳои хориҷа камӣ надорад. Барои коргарон нисфирӯзӣ хӯроки бепул медиҳанд. Нақлиёт дорем, маошамон кофӣ аст. Дар рӯзҳои хурсандӣ ва лаҳзаҳои вазнин якҷоя ҳастем.
Хуллас, мо хурсанд ҳастем, ки дар бунёди Ӯзбекистони нав саҳмгузор мебошем.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.
Дар акс: чанд лаҳза аз фаъолияти корхона.