Аз давраи мактабхонӣ ба соҳаи журналистика шавқи зиёд доштам.
Аз давраи мактабхонӣ ба соҳаи журналистика шавқи зиёд доштам. Дар синфамон Матлуба ном духтарак аъло мехонд ва мақолаҳояш дар газетаи деворӣ, ноҳиявӣ рӯйи чопро медиданд. Омӯзгорон ҳар доим ӯро таъриф мекарданд. Рӯзе мақолаи аввалинамро ба ӯ нишон додам, ӯ бошад нописандона гуфт: “Мақоланависиро ҳама ҳам намедонад”. Сухани ӯ ба ман таъсир кард ва аз таҳти дил мақоланависиро машқ кардам. Маводҳоям дар газетаи ноҳиявии “Ленинчӣ” рӯйи чопро диданд. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Мирзо Улуғбеки Тошканд ҳуҷҷат супурдам. Вале бахтам омад накард, дохил нашудам. Маро ба сафи ҳарбӣ ҷеғ заданд. Хизматро дар сарҳади давлатӣ гузарондам. Шабе як гурӯҳ авбошон ба хобгоҳи аскарон зада даромад, аскарон аз ҷумла, маро бо “дубинкаҳо” заданд. Дар қисмҳои ҳарбӣ ба аскарони навомада аскарони, ба қавли худ, «таҷрибанок» чунин муносибат мекардаанд, ки ин сабукандешӣ қисмати ман барин ҷавононро талх гардондааст. Дар беморхонаи ҳарбӣ ба худ омадам, сарам сахт дард мекард. Бо дубинка ба сарам зада будаанд. Ҳамин тариқ, баъди муолиҷаи дуру дароз маро аз қисми ҳарбӣ ҷавоб доданд. Ҳамон вақт ҳуҷҷати ногироиро рад кардам, нахостам дар айёми ҷавонӣ номи ногироиро гирам. Аммо дар ягон ҷо кор карда натавонистам, майнаи сарам сахт дард мекард. Ба идораҳои дахлдор муроҷиат кардам, то ҳуҷҷати ногироиро ба даст гирам. Ҳатто ба ҷойи хидматиам ҳам рафтам, маълум шуд, ки ҳуҷҷатҳо аз панҷ сол зиёд дар он ҷо нигоҳ дошта намешудаанд. Ба Маскав рафта ҳуҷҷатҳои заруриро овардам ва чун ногирои дараҷаи дуюм ба нафақа баромадам. Барои ба амал баровардани орзуи бачагӣ ба факултети журналистикаи Донишгоҳи ба номи Мирзо Улуғбек дохил шудам. Вале дард маро азият медод, сарборияш ҳамин ки ба хуруҷи дарди дил гирифтор шудам. Ду маротиба диламро ҷарроҳӣ карданд. Барои таскини руҳу танам худро бо навиштани мақолаҳои тарбиявию ахлоқӣ, танқидӣ, хабару лавҳаҳо таскин мебахшам. Журналист шифокори қалби инсон гӯем хато намекунем. Чунки инсонҳо барои ҳал намудани муаммо, дарду ормонҳои худ аз журналист мадад мепурсанд. Якчанд мақолаам дар матбуоти даврӣ рӯйи чопро диданд.
Бо ҳамсарам Дилфуза як писару як духтарро ба воя расондем. Тақдир маро ба рӯзҳои вазнин дучор гардонда бошад ҳам, ба фардо, ба оянда умед баста зиндагӣ кардам. Ногиро ҳастам гуфта аз касе имдод наталабидам. Ҳоло ҳам ба шахсоне, ки дар идораҳои дахлдор ба ноадолатиҳо дучор мегарданд, то имкон ҳаст, кумак мерасонам.
Дар ҳавлии хурдакаки худ ба боғдорӣ машғул ҳастам. Бахусус, моҳҳои тобистону тирамоҳ самараи меҳнатамро дида чашмонам аз хурсандӣ медурахшанд, ангурҳои тиллоранг, серҳосилии помидору бодиринг, қаланфури булғор, картошка, каду ва дигар маҳсулоти ба рӯзгор зарурӣ баракоти рӯзгорамро афзуданд ва ин албатта аз паси меҳнат аст. Даромаде, ки аз паси меҳнат ба даст меояд, беминнат ва бобаракат аст.
Рости гап, даставвал ногиро ҳастам гуфта, аз ташкилотҳои мутасаддӣ кумак пурсиданӣ ҳам шудам. Рӯзе аз телевизор лавҳаеро тамошо кардам. Соҳибхона аз як ваҷаб замини рӯйи ҳавлиаш даромади хуб гирифтааст. Ӯ гулҳои рангорангро парвариш карда ба бозор баровардааст. Замини ман бошад, хеле калон, танҳо меҳнат кунам бас. Халқи донои мо гуфтааст: “Сада шинонӣ сояаш – макка шинонӣ пояаш”.
Ҳастанд мардони ҳангомаҷӯе, ки ба чойхона баромада, вақти худро беҳуда мегузаронанд. Онҳо баъзан ба ман мегӯянд:
– Ако, аз ҳавлиатон тилло ёфтед-чӣ? Аз хона намебароед?
– Бале, тилло ёфтам, – ҷавоб медиҳам ман.
Ба замин меҳр бастану чашми корро донистан лозим. Дар як сол аз замин 3-4 маротиба даромад гирифтан мумкин.
Солҳои охир бо ташаббуси роҳбари давлат барои таъмини оилаҳои камбизоат ва ночор ё ки ба шахсоне, ки соҳибкорӣ кардан мехоҳанд, субсид ва вомҳои имтиёзнок дода мешаванд, ки ин баҳри фаровонии натанҳо оила, балки аҳолиро бо маҳсулоти зарурии хоҷагии қишлоқ таъмин намудан хидмат мекунад. Агар деҳқон, фермер ё инсони оддӣ асрори кишту корро донад, ҳам даромади зиёдатӣ мегирад, ҳам байни халқу ватанаш соҳиби обрӯву эътибор мегардад.
Зиёвуддин
ЗАЙНУДДИНОВ,
шаҳри Тошканд.