«АЗ ҲАЁТАМ РОЗӢ ҲАСТАМ»

Маҳбуба дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст дида ба дунё кушодааст.

Бо тақозои тақдир бо Шералӣ ном ҷавони тӯрақӯрғонӣ издивоҷ мекунад. Ин оила яке аз оилаҳои намунавии маҳаллаи Бордимкӯл ба шумор меравад. 
Шералӣ Ҷабборов духтури дандон, дар бунгоҳи тиббии деҳа кор мекунад. Писарони онҳо Бобурҷон ва Улуғбек аз пайи касби падар рафта, стоматолог шуданд. Дилором факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии Намангонро хатм намуд. Духтари хурдӣ Заррина хонандаи синфи 6-уми мактаби деҳа мебошад.
– Аз рӯйи ихтисос технолог ҳастам, аммо дар соҳаи худ кор накардаам, соҳаи соҳибкории оилавиро интихоб намудам. Хоҷагии фермерии бисёрсоҳаро ташкил намудем, 20 сотих олучазор дорем. Замини рӯйи ҳавлиам ҳам 17 сотихро ташкил медиҳад, дар он дарахтони меваноки гуногунро парвариш менамоем. Шавҳарам вақти холии худ бо парвариши мурғ, ғоз, мурғобӣ барин паррандаҳо машғул мешавад, ин машғулиятро дӯст медорад. Сӣ сол аст, ки дар ин маҳалла осуда ҳаёт ба сар мебарем. Дар маҳаллаи мо намояндагони миллатҳои гуногун: тоҷик, ӯзбек, қазоқ, рус аҳлона зиндагӣ мекунанд. Духтарамро ба ҷавони ӯзбек додам, насиб кунад, ба писаронам низ арӯси интихобкардаашонро гирифта медиҳам, – мегӯяд Маҳбуба.
Маҳбубаи соҳибкор дар ҳавлиаш толори фитнес ташкил намуд ва алҳол он ба маскани солимгардонии занону духтарони маҳалла табдил ёфтааст. Чи тавре ки дар боло қайд намудем, ин оила ба сифати тарбияи фарзандони боақлу зирак, чашмикордониву меҳнатдӯстӣ, бо кор таъмин намудани ҳамсояву ҳаммаҳаллаҳо яке аз оилаҳои намунавии маҳалла мебошад. 
– Агар зану шавҳар соҳиби дониши пухта, соҳиби касбу кори муносиб бошанд, оила боз ҳам мустаҳкамтар мегардад, – мегӯяд Маҳбуба ҳангоми суҳбат. – Ба фикри ман, норасоии моддӣ сабаби номуросоии оила мегардад. Танбалӣ накарда, ҳамҷиҳатона, бо маслиҳат кор бурда шавад, инчунин дар оила боварӣ ҳукмрон бошад, оила мустаҳкам мегардад. Бо ҳамсарам деҳқонӣ кардем, каланд задем, аз кори саҳро шарм надоштем. Барои солим ба камол расондани фарзандон, хонондану меҳнаткашу инсондӯст шудани онҳо даставвал муҳити оила бояд созгор бошад. Шукри Оллоҳ, аз ҳаётам розӣ ҳастам.
Дарҳақиқат, инсон ба туфайли боварӣ ва меҳнати ҳалол обрӯву эътибор пайдо мекунад. Духтари тоҷик бо чунин ақида ба оилаи ӯзбек арӯс шуд ва мавқеи худро дар ин оила мустаҳкам намуд.            

Шоҳида ДАМИНОВА,
вилояти НАМАНГОН.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: