АЗ ҲАЁТИ АДИБОНИ БУЗУРГИ ФОРС-ТОҶИК

Дар нимаи дуюми асри XV ба Ҳирот аз шаҳрҳои гуногун толибилмон ва ҷавонони эҷодкор барои таҳсил ва аз имтиҳони адибони бузург – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ гузаштан меомаданд.

Онҳо дар ин ҷо истеъдоди худро такмил медоданд, ба ашъори шоирони бузурги гузашта назира мегуфтанд ва дар ҷамъомадҳои худ шеърҳои якдигарро муҳокима мекарданд. Ҷомӣ асарҳои онҳоро хонда, дар охир ба шоирони ҷавон  маслиҳат медод. Ҳатто ҷавонони болаёқатро ба наздаш даъват карда, аз онҳо имтиҳон мегирифт. Масалан, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Бадриддини Ҳилолӣ ва Мавлоно Ҳотифӣ (хоҳарзодаи Ҷомӣ) аз имтиҳони устодони мактаби адабӣ бомуваффақият гузашта буданд.
***
Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ӯ баъди сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳ барнагашт. Шоир дар Табрез зиндагии ороме ёфта, вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузаронд. Бо дастури Султон Увайс барои шоир дар домани хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ бунёд гардид ва хонақоҳи Камол ба маҷлисгоҳи шоирону орифон табдил ёфт.
Шайх Камол, ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез, ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор сол (ё ёздаҳ сол) дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.
Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорида шуд. Дар канори оромгоҳаш наққошон Камолиддини Беҳзод, Султон Муҳаммади Наққош ва шоир Машрабии Шервонӣ низ ба хоби абадӣ рафтаанд.

Таҳияи А.КОМРОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: