АЗ ҲАЁТИ АГРАРӢ – БА РУШДИ САНОАТӢ

Робита

Ҳанӯз дар хаёли он Қалъаи Муғи Истаравшан будем, ки кӯҳҳои сар ба фалак рӯ ба рӯямон намудор мешуданд ва билвосита аз қайди таассуроти он раставу ғурфаҳо ва хусусан оташкадаи дохили қалъа, ки дубора пас аз ҳазорсолаҳои нопадид гардидани мазҳаби оташпарастӣ дар ин ҷо онро эҳё кардаанд, то ки мардум аз гузаштаҳои дури худ воқиф бошанд, раҳо мекарданд. Виқор ва салобату ваҳми ин кӯҳҳову вартаҳои гӯшношунидро ҳанӯз аз шарикдарсонам замони таҳсил дар Душанбе зиёд шунидаам. Онҳо ба қисмати водии Зарафшон – ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ ва Масчоҳ то оғози гармиҳои тобистон бо ин ағбаҳои хатарноку печида рафта наметавонистанд. Обшавии яху пирях ва тармаҳои вайронкорро мунтазир дар пойтахт ноилоҷ моҳҳо монда мерафтанд. Ҳоло он шаҳомати кӯҳҳову хурӯши дарёҳои Зарафшон ва Фон заррае ҳам кам нашудааст. Аммо роҳҳои мошингард ва нақбҳои тозасохт акнун мусофиронро хотирҷамътар намудааст. Роҳҳои мумфарши замонавӣ ва равон дар ин мағзи кӯҳсор чун риштаи заррине деҳкадаҳо ва шаҳрҳоро ба ҳам пайвастааст. Хусусан ҷойҳои хатарноки ин ҷодаҳо бо баъзе роҳҳои болопӯш, ки аз тармаву сангкӯчӣ эмин медоранд ва нақбҳои тӯлонии «Шаҳристон» ва «Истиқлол» барои ҳаракати доимии нақлиёт мусоид гардонда шудааст. Акнун вақте ки, чи хеле ки дар як рубоии мардумӣ гуфта мешавад, «қад-қади Зарафшона гузар» мекунед, биму ҳаяҷон хеле кам шудааст.
Табиист, ки ин ҳама далел аз ободонии диёр, ки даҳсолаҳо мардум аз вуҷуд надоштани онҳо шиква мекарданд.
Вақте бо воситаи он роҳҳои пурпечутоб то поёниҳо мефаромадем, роҳамон ба шӯх-рӯди Варзоб мепайваст, ки бо оби зулолу шаффофаш мисли табиати бокира манбаи илҳоми аҳли эҷод буду ҳаст. Лаб-лаби ин рӯдхона ба самти пойтахт мерафтем ва нақши замону рӯҳи имрӯз дар сохтмону манзараҳои атрофи он бароямон намудор мегардид. Биноҳои пурнақшу зебо ва ҳар яке нотакрори бӯстонсароҳои мардум аз фазои мусоиди ҳаёти маишии имрӯзи онҳо далолат менамуданд.
Барои чунин зиндагии фараҳнок ва осудаву ором дар ҷумҳурӣ қариб даҳ сол фарзандони он ҷоннисорӣ намудаанд. Ҷангҳои бемаънии бародаркушии кишвари ҳамсоя дар солҳои навадум ҳанӯз дар хотир ҳаст. Он солҳои машъум агар ҷони азизи беш аз 150 ҳазор нафарро талаф намуда бошад, зарари иқтисодӣ беш аз 10 млрд.долларро ташкил намудааст. Дар ин хусус музейи таърихи навини ҷумҳурӣ дар Қасри Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба забони ҳол на танҳо аз тариқи расму нигораҳо нақл менамояд, балки наворҳои видеоӣ аз он рӯзҳои пурдаҳшат ва оғози эъмори давлати навин аз сессияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар ҳамин қасри воқиан таърихӣ то Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 27 июни соли 1997 пеши назар ҷилва мекунанд. Аз ин рӯ қадри иди Ваҳдати миллӣ, ки бештар аз як моҳ қаблтар 21-умин солгарди он ҷашн гирифта шуд, барои аҳли мамлакат дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ арзиши зиёд дорад. Таҳаввулоте, ки дар солҳои ҷанги дохили ҷумҳурӣ гирифтор шуда буд, имрӯз  ҳоло дарк гаштааст. Ҷамъият ҳаёти имрӯзаи осудаву фараҳнокро бо сарпарастии бунёдгузори Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бештар қадр менамояд ва тафовути байни ҷангу сулҳро хубтар дарк мекунад. Ин эътимоди онҳо ба рӯзи равшани имрӯз ва фардои дурахшон ба навиштаҷоте кӯчидааст, ки дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ дучор мегарданд, ки меҳвари ҳамаи онро калимаҳои «ваҳдат», «якпорчагӣ», «озодӣ»... ташкил менамоянд.
Маҳз шароити мусоиди сиёсӣ ва заминаи хуби сармоягузориву муҳити созгор аст, ки имрӯз ҷумҳурӣ аз марҳалаи кишвари кишоварзӣ ба диёри саноатӣ қадам гузоштан мехоҳад.
– Ҳоло дар корхонаамон 18 хати технологӣ насб кардаем, – мегӯяд роҳбари корхонаи «Талко кабел»-и шаҳри Душанбе Юсуфи Шоҳиён. – Дар айни ҳол маҳсулотамон ба мамлакатҳои ҳамсояи Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки мо мисро чун ашёи хом аз Ӯзбекистон мехарем, боз бо корхонаҳои ҷумҳурии шумо ба ҳаҷми қариб ним миллиард доллар қарордод имзо намудем. Ва умуман, – давом медиҳад суханашро директори генералӣ, – ният дорем барои хариди маҳсулот ба миқдори 1 млрд. доллар аҳду паймон намоем. Корхонаҳои «Техно кабел груп», «Ӯзметкомбинат», «Прокаб», «Андиҷонкабел» аз ҳамкорони мо ба шумор мераванд.
«Талко кабел» низ мисли Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар шаҳри Хуҷанд дар ин рӯзҳо намунаҳои маҳсулоти худро ба Тошканд овардааст, ки дар Намоишгоҳи миллии маҳсулоти Тоҷикистон дар «Ӯзэкспомарказ» гузорад. Маҳсули дастони дуредгарони Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аллакай дар Ярмаркаи маҳсулоти вилояти Суғд дар Самарқанд чанд моҳ қабл гузошта шуда буд, ки дар байни ин ду вилоят аллакай баъзе қарордоду шартномаҳо дар заминаи ҳамкорӣ намудан ба имзо расидааст.
Воқиан заминаҳои ҳамкорӣ барои Тоҷикистон ҷиҳати корҳои саноатӣ бо хориҷиён зиёд аст. Фақат бо Ӯзбекистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ табодули амвол ба 35 фоиз афзудааст. Бинобар суханони вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода бошад, дар ҳамин нимсола Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,2 фоизро ташкил намуда, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 1,2 фоиз зиёд мебошад.
Корхонае, ки корпоратсияи «Ҷунтайн»-и Чин бунёд намудааст, дар паҳнои ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Корхонаи муштарак, ки ба бадали 300 млн.доллар сохта шудааст, аз пахта ресмон мересад, то ҳол 600 нафарро бо кор таъмин намудааст, ки дар сурати пурра ба кор пардохтан теъдоди коргаронашро то ду ҳазор нафар мерасонад. Маъмури корхона Чжао Тзянлун мегӯяд, ки 70 фоизи сармояи сохтмон аз ҳисоби ҷониби Чин харҷ гардида, то ҳол 60 фоизи он азхуд гаштааст.
Чунин корхонаҳоро дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дучор омадан мумкин аст. Бинобар изҳори муовини раиси ҳукумати вилояти Суғд Рустам Раҳматзод, танҳо дар ин минтақа ба ифтихори 27-умин солгарди истиқлолияти мамлакат 3 ҳазор объекти муқаррароти мухталиф ба баҳрабардорӣ супурда мешавад.
Манзараҳои шаҳру деҳоте, ки ба назар расиданд, гӯёи онанд, ки сохтмон хеле дар авҷ аст. Баъзе қисматҳои ҳудудҳо, хусусан пойтахт, ба майдони бунёдкорӣ табдил ёфта, иморатҳои зиёди баландошёна қад афрохтаанд, ки бисёре аз онҳо иқоматианд. Дар чунин ҳол табиист, ки ба корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмон эҳтиёҷ ба вуҷуд меояд ва ҳоло қисме аз онро ҷумҳурӣ аз ҳисоби корхонаҳои Ӯзбекистон қонеъ месозад.
Манзараву падидаҳои мухталифе, ки аз пайвандии табиии ҳарду ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳанд, дар ҳар ҷо шоҳид шудан мумкин аст. Ва ин падидаҳо маъмулан ҷанбаи инсонпарварӣ ва маънавиву суннатӣ касб менамоянд, зеро маҳз ҳамин ҷиҳатҳои ҳаёт ва зиндагии мардумамон моро бештар ба ҳам қарин месозанд. Аксари навиштаҷоти «Хуш омадед!» ба ду забон бо акси ду роҳбар – дастфишории Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон оро дода шудааст, ки ин низ мавқеи пураҳамияти ҷумҳурии моро дар ҳаёти Тоҷикистони ҳамсоя муайян месозад.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
ИСТАРАВШАН – ДУШАНБЕ – КӮЛОБ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: