Аз ҳаёти шахсони наҷиб НОМАИ АЙНӢ БА РАҲИМӢ

Устод Айнӣ дар баробари тадқиқи адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ, эҷод намудани асарҳои нотакрори назмию насрӣ шогирдони зиёд омода намуд, ки аксарияти онҳо тавфиқ ва камол ёфта, шоир, нависанда ва олими машҳур шуданд.

Устод Айнӣ дар баробари тадқиқи адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ, эҷод намудани асарҳои нотакрори назмию насрӣ шогирдони зиёд омода намуд, ки аксарияти онҳо тавфиқ ва камол ёфта, шоир, нависанда ва олими машҳур шуданд. Яке аз қаламкашоне, ки таълими ӯ гирифта, суханвар ва мутарҷими номӣ гардид, ҳамдиёраш Муҳаммадҷон Раҳимӣ ба шумор мерафт.
Раҳимӣ зодаи деҳаи Фоиқи ноҳияи Шофиркон аст. Вай дар бачагию ҷавонӣ ба корҳои молиявӣ ҳаваси бештар дошт. Мутахассиси молия шуда, чанд сол дар ин соҳа фаъолият бурд. Баъд ба эҷод рӯ овард ва тӯли наздик чиҳил соли умри боқимондааш қалам аз даст нагузошт. Дар навиштани сенария барои филм, офаридани шеъру достонҳо ва баргардониши осори адибони маъруфи олам ба тоҷикӣ комёбиҳо ба даст овард. Аз ҷумла, қисме аз асарҳои адиби ӯзбек Ғафур Ғулом дар тарҷумаи ӯ бо тоҷикӣ хуб пазируфта шуд. Хулоса, дар кадом риштае эҷод накунад, ба вай муваффақият даст дод. Ҳаминро низ таъкид карданием, аз дастпарварони Устод Айнӣ маҳз Деҳотӣ ва Раҳимӣ дар ҳамаи жанр ва соҳаҳои адабӣ қалам ва қобилият санҷида, аз имтиҳони вай сарбаланд гузаштаанд. Вале ҳикоят мекунанд, баъдан устоду шогирд – Айнӣ ва Раҳимӣ як муддат якдигарро дуруст нафаҳмида ва гӯё номуросо шудаанд. Овозаҳо то кадом андоза асосноканд? Наход байни ду фарзанди номвари Бухоро воқеан ҳам носозӣ ва якдигарнофаҳмӣ ба вуқӯъ омада?
Яке аз шоҳасарҳои Устод Айнӣ повести «Марги судхӯр» буда, хусусияти тарҷумаиҳолӣ дорад. Устод давраи ҷавонӣ дар чаҳор мадрасаи шаҳри Бухоро таҳсил карда буд. Бинобар тангии вазъи иқтисодӣ ва мушкилиҳои рӯзгор давраи муллобачагиаш хеле вазнин гузаштааст. Надоштани сарпаноҳ дар шаҳр ба душвориҳо душворӣ зам мекард. Дар ҷустуҷӯи ҳуҷраи ориятӣ хеле вақт сарф кард, вале ҳаракатҳояш бесамар мемонданд. Рӯзе дӯстонаш маслиҳат доданд, ки назди Қорӣ Исмат ном сарватманд, ки ба хонаҳояш муллобачагонро ҷой медиҳанд, равед, шояд масъала ҳал шавад. Ҳуҷракобӣ сабаб мешавад, ки Садриддинхоҷа бо Қорӣ Исмат аз наздик шинос шавад. Баъдан бардошт ва мушоҳидаҳои назарии С.Айнӣ аз тарзи рӯзгори он сарватманди Бухоро ба навишта шудани повести «Марги судхӯр» асос гардиданд.
Повестро мутолиа мекунем ва ҳаёти Бухоро дар охири садаи нуздаҳуму аввали бистум дар пеши назарамон ҷилвагар мегардад. Дарк месозем, ҷараёни зиндагии устод дар давраи муллобачагӣ пурсамар ва пур аз талошу ҷустуҷӯ буд, ҳарчанд он давра барояш басо вазнин ва сахту гарон сипарӣ мегашт. Ана, Бухорои куҳан. Мадрасаи Кӯкалдош, ҳамон даргоҳе, ки устод овони ҷавонӣ дар он таҳсил мекард. Арк. Гузари Гавкушон. Масҷиди Хоҷа Зайниддин...
Дар «Марги судхӯр» асосан рӯзгори яке аз сарватмандони давр Қорӣ Исмат (Қорӣ Ишкамба) ба қалам дода шуда ва судхӯрию хасисӣ, барои молу дунё шуда, аз кӯчаи одамгарӣ баромадани баъзе бойҳои чашмгурусна мавриди мазаммат қарор дода шуда бошад ҳам, он танҳо ифодакунандаи одатҳои нохуб ва сахтҷони  феодалӣ нест. Дар асар бобати одамони ҳалолкору халқпарвар низ сухан рафта, фазилатҳои инсонии онҳо, ки бо вуҷуди меҳнати доимии тоқатфарсо зиндагии нобасомон доштанд, тараннум карда мешавад. Дар повест ғайр аз Қорӣ Исмат боз симоҳои Арбоб Рӯзӣ, Самандар машкобчӣ ва ғайраҳо офарида шудааст. Яке аз персонажҳо Раҳими Қанд мебошад, ки бо номи аслиаш омадааст. Умуман, персонажҳои қиссаи «Марги судхӯр» асосан бо номи ҳақиқиашон оварда шудаанд. То ки воқеаҳо боварбахш бароянд, Устод Айнӣ лозим нашумурд, ки ба онҳо номи сохта ё худ мустаор гузорад,  хусусан, Раҳими Қандро, ки аз шахсони машҳур буду дар Бухоро аксарият мешинохтанд. Баъди хеле вақт филмофарони ӯзбек дар асоси «Марги судхӯр» филми бисёрқисмата офариданд ва нақши Раҳими Қандро ҳунарпеша Насриддин Рустамов офарид. Ва ҳамон Раҳими Қанд падари шоири шинохта Муҳаммадҷон Раҳимист, ки дар ибтидо оиди яке аз шогирдони устод Айнӣ будани ӯ, баъдан номуросо шуда мондани онҳо ишора карда гузаштем.
Гап сари он ки дар повести «Марги судхӯр» аз ҷониби устод офарида шудани образи падараш Раҳими Қанд ба М.Раҳимӣ хуш наомад. Вай бо мутолиаи повест ва нақлҳо дар бораи Раҳими Қанд сахт нороҳат гардид. Устод Айниро нодуруст фаҳмид ва дар ҳолати шахсе, ки падараш таҳқир ёфтааст, ба унвони ӯ барқияи дурударозе фиристод ва бо ҳамин арзи эътироз намуд. 
Шоир Муҳаммадҷон Раҳимӣ аз Устод Айнӣ талаб намуд, ки эпизодҳо оиди Раҳими Қандро аз повест хат занад. Айнӣ ин ҳодисаи барояш ногаҳонӣ – эътироз намудани яке аз беҳтарин шогирдонашро чӣ тавр қабул намуд? Вай дили ҳассосу нозук дошт.
Афсӯс хӯрд, ки Раҳимӣ барин шоири тавоно ӯро дуруст нафаҳмида ва дар ҳолати изтироб ба ирсоли чунин як барқияи дурудароз иқдом гузоштааст. Чӣ илоҷ, модоме вай телеграмма роҳӣ кардааст, бояд бо мактуб ҷавоб навишт. Дар таърихи 29 марти соли 1937 вай ба унвони Раҳимӣ мактуб навишт. Эътирози Раҳимиро аз ҷиҳати илмӣ беасос ва хилофи қоидаи тасвири бадеӣ ҳисобид. Дар баробари ҳамин нуқтаи назари худро доир ба принсипи офариниши образи бадеӣ ва типсозӣ баён намуд. Дар номаи ҷавобии устод, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Ман агар монанди Раҳими Қанд падар медоштам, фахр мекардам. Падари ман ҳам одами фақир буд, аммо ба дари хонаи касе хизмат накардааст. Аммо, бечора, падари шумо маҷбур буд, ки ҳар шаб ба ҳар кас ба музди ноарзандае хизмат кунад ва ба ҳамаи ин шикамаш ҳам сер нашавад. Падари шумо дар он ҳикоя аз қатори қаҳрамонҳои мусбат (положителний) мебошад. Дуруст аст, ки гуфтаанд: «мисли ин одамҳо дар он замонҳо бисёр буд». Бинобар ин аст, ки падари шумо ба шарафи намоянда шудан ба ҳамин гуна одамҳо расид. Агар мисли ин одамҳо бисёр намебуд ва он тип махсусан падари шумо мебуд, ман ҳеҷ гоҳ дар он хусус чун наменавиштам. Нависанда бояд типҳои одамони бисёрро диҳад, на шахсони мунҳасир дар фардро... Нависанда ҳар чизеро, ки аҳамияти иҷтимоӣ дошта бошад, навишта метавонад. Падари шумо санъаткори он замон буд. Аҳволи ӯ назари ҷамъияти феодалиро ба аҳли санъат ба хубӣ нишон медиҳад. Нависандае, ки дар мавзӯъҳои таърихӣ менависад, бояд ба ҳар табақа намояндаҳо нишон диҳад... Хайрият, ки падари шумо аз ҷумлаи қаҳрамонҳои мусбат аст. Агар фарз кунем, ки манфӣ ҳам мебуд, агар рост меомад, менавиштам».
Тавре нақл мекунанд, шоир М.Раҳимӣ аз фиристодани барқия ва аз он ки устодро нодуруст фаҳмидааст, сахт хиҷолат шуд. Баъд бо вай муносибати самимонаи пештараро барқарор намуд. Номаи устод ба Раҳимӣ бошад, як намунаи воситаи равобити эҷодӣ, дар ин мисол, воситаи таълим ва сабақомӯзӣ ба адибони ҷавон арзёбӣ гашт.
Дар байни материалҳои бойгонии Муҳаммадҷон Раҳимӣ мактуби устод Айнӣ дар таърихи 29 марти соли 1937 ба унвони ин шоири зиндаёд арзиши бештар дорад.

М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: