Телефон
Телефон
Яке аз фарзандони ҳунарпешаи номӣ Воҳид Қодиров, ки чун «Бойота» байни халқ машҳур аст, ба институт дохил шуда наметавонист. Мегуфтанд: «Муаллимони донишкада – шогирдҳои худатон. Телефон кунед!»
Хуб мегуфт Воҳидака ва ба шиносҳо занг мезад. Вале боз аз санҷишҳо «меафтид» писари ӯ.
Вай дар гуфтугӯи телефонӣ бо аъзои комиссияи қабул чӣ мегуфт?
Мегуфт: «Агар писарам дониш ва маҳорати актёрӣ дошта бошад, баҳои хуб гузоред ва бигзор ба институт қабул шавад. Агар не, ҳеҷ вақт ба шиносбозӣ роҳ нагузоред!»
Писар дид, ки намешавад, аз кӯмаки падар умедашро канда, ҳарҷониба омодагӣ дид ва соли чаҳорум, ниҳоят, донишҷӯ гардид.
Шӯхии ректор
Артисти хидматнишондадаи ҷумҳурӣ Ғайбулло Ҳоҷиев (Худо раҳмат кунад) асное имтиҳони дохилшавӣ месупурд, ректори ҳамонвақтаи Институти санъат, профессор Ҳамид Абдуллоев даромада омад. Ба саволҳо чӣ тавр пухтаву бурро ҷавобдиҳии абитуриентро шунид ва ба гӯши М. Абдуллоева, ки он вақт котиба шуда кор мекард, мамнун пичиррос зад:
– Ниҳоят, муносибаш низ омадааст.
Баъд Ғ. Ҳоҷиев «Модарҷон» ном достони Д. Файзиро ифоданок хонда дод.
– Йигитча, ту аз куҷо? – пурсид ректор.
– Аз Бухоро.
– Э, Бухороро шарманда кардӣ. Ба имтиҳон ҳам бо ҳамин хел тайёрӣ меоянд?
Ғайбуллоака ҷобаҷо шах шуд. «Тамом, афтидам», фикр кард дунё ба назараш торик тофта.
– Хуб, бармегардам ба Бухоро, – гуфт вай бо алами ошкоро ва сӯи дар равон гашт. Мехост рост ба аэропорт равад ва ҷониби зодгоҳ парад.
Аз пасаш Мунаввара Абдуллоева давида баромад:
– Ғайбуллоҷон, ист. Ректор ҳазл карданд. Вақте бисёр мамнунанд, одатан, ҳазл мекунанд. Баҳои ту аъло!
Шогирдон не, устодон
Ноябри соли 1976 як гурӯҳ хатмкунандагони Институти санъат дар шаҳрҳои Маскав, Санк-Петербург ва Рига шуда, спектаклҳо тамошо карданд, бо актёру коргардонҳои маъруф вохӯриҳо гузаронда, маҳорат такмил доданд. Хусусан, дарси маҳорати саррежиссёри ҳамонвақтаи театри калони академии Санк-Петербург ба номи Горкий, қаҳрамони меҳнат Г. А. Товстоногов ба донишҷӯёни ӯзбекистонӣ таассуроти калон гузошт. Аснои сӯҳбат яке аз донишҷӯён:
Георгий Александрович, дар бораи шогирдонатон ҳам нақл мекардед, – гуфт.
– Шогирдонам... – гӯён фикр карда монд саррежиссёр. Баъд давом намуд: – Фалон-фалониҳо шогирдони ман гуфтанам ноқулай. Хубаш, агар хоҳед, дар бораи устодонам нақл кунам. Ин барои ман хеле мароқнок.
Роҳбари заводи консерв
Яке аз хатмкардагони Институти санъат, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Эркин Комилов вақте дар мактаби зодгоҳаш Кӯфа (воқеъ дар ноҳияи Хӯҷаободи вилояти Андиҷон) мехонд, ҳанӯз хабар надошт, ки ин гуна институт дар пойтахт мавҷуд. Ба адабиёт ва ҳунар, ки шавқи баланд дошт, бо нияти ба консерватория дохил шудан ба Тошканд омад. Чун диданд, ки ба актёрӣ иштиёқ дорад, маслиҳат доданд, ба институти санъат ҳуҷҷат супорад. Имтиҳоноти қабулро бомуваффақият супурд ва донишҷӯ шуд. Вале чун ба деҳа баргашт, гуфт, ки ба консерватория дохил шудам. Чаҳор сол дар ин институт хонду падараш хаёл дошт вай донишҷӯи консерватория. Мӯйсафед ба ҳамдеҳаҳо бо фахр мегуфт:
– Эркинбой ба заводи консерв роҳбар шуда бармегардад.
ШАКАРХАНДИ АДИБОН
Хандаи беғубор
Адибони ӯзбек дафъае, ки ба Самарқанд рафтанд ва мехостанд устодро зиёрат кунанд, Ғафур Ғулом ба ҳамроҳони ҷавонаш гуфт:
– Ду шиша коняк ёбед. Панҷ-шаш лимон ҳам аз ёд набарояд.
Лимон ёфт шуд-куя, коняккобӣ хеле давом кард. Ниҳоят аз ресторан ёфтанд.
Устод дар хонааш будааст. Чун ҳамешагӣ онҳоро самимона истиқбол кард. Вақте гирди дастархон нишастанд, Ғафур Ғулом гуфт:
– Устод, аз кам-кам коняк нӯшиатон бохабарам. Дар аэропорти Тошканд додарҳои лётчикам бисёр. Ба зиёрати домулло рафтаниам, кадоме аз шумо ба Қафқоз парвоз кунад, аз он ҷо ду коняк ва панҷ-шаш лимӯ оварданро фаромӯш нанамояд, гуфта таъин карда будам, дирӯз ба хона партофта рафтаанд. Ду дона лимӯро бачаҳо хӯрда мондаанд, мебахшед.
Бузургвор диле дошт ҳассос: чашмҳои пиронааш нам шуданд аз ин тавр меҳрубонӣ.
Дили чун қалби кӯдак соф, ки дошт, бовар кард, миннатдорӣ изҳор намуд:
– Барака ёбед, Мулло Абдуғафур. Лимӯ хеле меваи шифоӣ. Хусусан, лимӯи Қафқоз!
Ман ин лимӯҳоро ба дигарон надодаву эҳтиёт карда мехӯрам, мазоргузашта – табаррук!
Чун устод берун баромад, нафаре норозиёна гуфт:
– Домуллоро фиребидед-а?
Ғ. Ғулом бепарво даҳон кушод: – Ягон нафарро хурсанд карда тавонад, дурӯғ ҳам чизи нағз шуда метавонад. Дидӣ, устод чӣ тавр мамнун гаштанд. Ҳозир чилчӯб оварда, ба мо нишолло тайёр карда медиҳанд.
Дӯсти Устод Айнӣ
Устод Айнӣ дар манзили худ ба адибони ӯзбек, ки меҳмонаш буданд, китобҳояшро бо дастхат туҳфа намуд. Ба китобе, ки ба Саид Аҳмади он вақт хеле ҷавон тақдим намуд, навишт: «Ба рафиқ Саид Аҳмад – хотираи дӯстона. Айнӣ 4.II.47»
– О, ин бача-ку, чӣ тавр «дӯст?» – хандид Ғафур Ғулом.
–Чӣ, бача дӯст намешавад? – гуфт устод Айнӣ.
Баъде ба Тошканд баргаштанд, Ғафур Ғулом ба ҳар адибе, ки дучор омад, Саид Аҳмадро нишон дода бо табассум мегуфт:
– Дигар бача нагӯед Саидро. Вай акнун одами майда не, дӯсти домулло Айнӣ аст!
Ш. МУҲАММАД.
Бузургон дар бораи дӯстӣ
Ҳамаи эҳтироми дунё ҷойи як дӯсти содиқро гирифтан наметавонад.
Ф. Волтер
***
Дӯсти ҳақиқӣ ҳамонест, ки туро ба баландиҳо мебарорад.
***
Дӯст инсонест, ки ман бо ӯ самимӣ будан ва дар наздаш фикрҳоямро озод баён кардан метавонам.
Р. Эмерсон
***
Дарде гаронтар аз гум кардани дӯсте, ки ту ба ӯ бовар дорӣ, вуҷуд надорад.
Р. Стивенсон
***
Дӯстӣ яке аз хушбахтиҳои бемисли ҳаёт мебошад, хушбахтии дигараш вуҷуд доштани одамест, ки ту асроратро ба ӯ бовар кунӣ.
А. Мандзони
***
Дар дӯстии ҳақиқӣ ҷозибае пинҳон аст, ки онро одамони сабукмағз фаҳмидан наметавонанд.
Ҷ. Лабрюйер
Тарҷума ва таҳияи
Фариштаи ҒОЙИБНАЗАР.
Оқил бояд
чӣ гуна бошад?
Ҳар киро ақл асту дониш, эй азиз,
Дур бояд буданаш аз чор чиз.
Кори худ бо носазо накнад раҳо,
Мард менакнад ба ҷойи носазо.
Ақл дорӣ, майли бадкорӣ макун,
3-ин чу бигзаштӣ, сабуксорӣ макун.
Ҳар киро аз ҳилм дил равшан бувад,
Дар замона бо салоҳи тан бувад.
То шавӣ пеш аз ҳама дар рӯзгор,
Даст бар нону намак бикшода дор.
То ту бошӣ дар замона додгар,
Зердастонро накӯ дорӣ асар.
Ҳар кӣ ӯ аз ҳирс дунёдор шуд,
Бегумон, аз вай Худо безор шуд.
Баҳри зар мастой дунёдорро,
То чӣ хоҳӣ кардан ин мурдорро.
Мурдагонанд ағниёи рӯзгор,
Эй писар, бо мурдагон суҳбат мадор.
Аз “Панднома”-и Шайх АТТОР.
Фарғона шаҳри аҳолиаш маълумотнок
Аз шаҳри Ҳамбурги Олмон хушхабар расид, ки тибқи он ЮНЕСКО шаҳри Фарғонаро ба феҳрасти яке аз шаҳрҳои аҳолиаш маърифатноки дунё ворид кардааст. Ин шаҳри ягона дар Ӯзбекистон мебошад, ки ба чунин мақоми баланди ЮНЕСКО ноил шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят хабар додааст.
ЮНЕСКО ба ин зумраи шаҳрҳои аҳолиаш маърифатнок аз 26 кишвари дунё 54 аъзои навро дар худ пазируфтааст. Шаҳрҳое, ки ба ин феҳраст ворид карда шудаанд, имконпазирии ривоҷи таълими муттасилро дар сатҳи маҳаллӣ намоиш додаанд.
Ин шаҳрҳо собит намудаанд, ки сиёсат ва амалияҳои таъсирбахши таълим метавонанд рушди шаҳрҳои фарогир, бехавф, босифат ва устуворро дастгирӣ кунанд ва дар барномаи соли 2030-и ташкилот ҳиссаи худро гузоранд. Аъзои нав шумораи умумии шаҳрҳои бомаърифати ЮНЕСКО-ро дар 64 давлат ба 230 адад афзоиш медиҳанд.
Файзулло ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.
Ҳикмати рӯз
Мероси бузург пурарзиштар аз ростӣ ва дурустӣ нест.
***
Ба аъмоле, ки пас аз маргат бароят фоида мерасонад, бикӯш.
***
Андешаҳо ба сӯйи умед мечарханд.
***
Умри ҷавонатро ғанимат дон, чун медонӣ ҷовидон нестӣ.
***
Пайваста дар кори хайр бикӯш ва гунаҳи дӯсти худ дидӣ, бипӯш.
***
Аз нодон бипарҳез, зеро дар рӯзи сахтӣ бароят зиён хоҳад овард.
***
Бузургонро қадр кун, аз онҳо боло магузар, ту худ андеша кун ва аз онҳо баҳра бубар.
***
Касе, ки хирад надорад, ҳамвора аз кардаҳои худ пушаймон ва дар ранҷ аст.
***
Ин, ки ташна бимирам, беҳтар аз он аст, ки ваъдаамро хилоф кунам.
***
Тафовути инсонҳо дар доштан ва надоштани истеъдод нест, балки дар чигунагии истифода аз он аст.
***
Қурбоққа, ки ба арши тиллоӣ гузошта шавад, боз ба ҳамон кӯлмак мепарад.
***
Одатҳои писандида зеварҳои тоза ва нав ҳастанд, ки куҳна намешаванд, фикр ойнаи пок ва соф аст.
***
Сахтиҳои бузург ба одамӣ нерӯи дучандон мебахшад.
***
Дониш арзиши онро дорад, ки ранҷҳо бикашӣ.
***
Он қадар ташвиқ кунед, ки ташвиқ нашудан танбеҳ бошад.
***
Мардумро дар ғайб ҳамон гӯй, ки дар пеши рӯй тавонӣ гуфт.
***
Агар ҳама метавонистанд аз истеъдоди худ дуруст баҳра бигиранд, дунё ҳамон биҳишти мавъуд мешуд, ки ҳама мехоҳанд.
***
Аз иштибоҳоти худ шарманда нашавед ва онро ҷурм надонед.
***
Шикаст беш аз муваффақият омӯзанда аст, касе, ки ҳеҷ гоҳ иштибоҳ намекунад, ҳаргиз ба ҷое намерасад.
Таҳияи ВОРИС.
ФОЛНОМАИ ҲОФИЗ
Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ.
Пӯшида нест, ки ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо бахшида ба рӯҳи «Лисон-ул-ғайб» Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазали интихобкардааш мезанад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад. Ҳоло мо ангушти ишорат ба рӯйи ғазали «Сурӯши олам» задем ва онро ҳамроҳ бо шарҳи фолаш дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» манзури хонандагони азизи «Овози тоҷик» менамоем.
Сурӯши олам
Биё, ки қасри амал сахт сустбунёд аст,
Биёр бода, ки бунёди умр бар бод аст.
Ғуломи ҳиммати онам, ки зери чархи кабуд
Зи ҳар чӣ ранги тааллуқ пазирад, озод аст.
Чӣ гӯямат, ки ба майхона дӯш масту хароб
Сурӯши олами ғайбам чӣ муждаҳо додаст.
Насиҳате кунамат, ёд гиру дар амал ор,
Ки ин ҳадис зи пири тариқатам ёд аст.
Ризо ба дода бидеҳ в-аз ҷабин гиреҳ бикушой,
Ки бар ману ту дари ихтиёр накшодаст.
Маҷӯ дурустии аҳд аз ҷаҳони сустниҳод,
Ки ин аҷуза арӯси ҳазор домод аст.
Нишони аҳду вафо нест дар табассуми гул,
Бинол, булбули бедил, ки ҷойи фарёд аст.
Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз,
Қабули хотиру лутфи сухан Худодод аст.
Орзупарварӣ дар дунёи фонӣ бемаъност. Дар банди завоҳир (ҷамъи зоҳир) набояд буд ва баландназариву сафо додани рӯҳ ва дарун, туро шоистаи мақомҳои бартар мекунад, ки қаноатварзӣ ва таслими тақдир шудан аз мароҳили муҳими он аст.
Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.