АЗ ЯК МАКТАБ — ДУ ҒОЛИБ

Маълум аст, ки ҳар сол озмуни фаннии зинаи ҷумҳуриявии донишомӯзони синфҳои 11-уми мактабҳои таълими миёна баргузор мегардад.

Чунин қувваозмоӣ байни хонандагони синфҳои 11-и мактабҳои миёна аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, ки дар Самарқанд ба амал омад, ба поён расид. 
Дар он аз 9 вилояти ҷумҳурӣ (Сурхондарё, Қашқадарё, Самарқанд, Навоӣ, Ҷиззах, Сирдарё, Тошканд, Намангон, Фарғона) 27 нафар довталаб аз рӯйи ду намуд: иншо ва ҷавоб ба саволҳои тест дониши худро санҷиданд. Натиҷаҳо чунинанд: ҷойи аввалро хонандаи мактаби рақами 52-юми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё Мавзуна Муҳаммадова, ҷойи дуюм ва сеюмро мувофиқан хонандагони мактаби 21-уми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ Ҷавоҳир Шакаров ва Ноила Раззоқова ишғол намуданд. 
– Дар таҷрибаи ин гуна озмунҳо, ки аз соли 1989 баргузор мегардад, рӯйдоди нахустин аст, ки аз як мактаб ду дастпарвари як омӯзгор ғолибият ба даст оварда бошад. Ин ду нафар ғолиб шогирдони омӯзгори варзидаи рақами 21 ноҳияи Нурато Бахтиёр Холов мебошанд. Месазад, ки таҷрибаи кории омӯзгори фаъолро дар миқёси ҷумҳурӣ оммавӣ гардонд, – мегӯяд яке аз аъзоёни ҳакамот Элмурод Рӯзиев. 
– Солҳои пеш аз вилоят бо на камтар аз 76 хол ба зинаи ҷумҳурӣ роҳхат гирифтан мумкин буд, ҳоло бартарӣ дар он аст, ки аз 76 хол паст низ ҳуқуқи дар марҳалаи ҷумҳурӣ иштирок карданро ба даст меорад. Боз як навгонӣ дар он аст, ки ба ҳар як вилоят се ҷой дода шудааст. Камбудиҳо бисёранд. Бо шеваи маҳалли худ навиштану баёни фикр намудан ба назар мерасад, ки ин бисёртар ба омӯзгори фан вобаста аст. Албатта, дар дег бошад, ба кафлез мебарояд гуфтаанд, – мегӯяд Э.Рӯзиев. 

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
 “Овози тоҷик”.         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: