Натиҷагириҳои имтиҳоноти тест барои қабул ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ нишон дод, ки мактаби рақами 50-уми ноҳияи Китоб дар миқёси вилояти Қашқадарё аз беҳтарин дабистонҳо ба шумор меравад.
Аз 23 хонандаи як синф 22 нафар шомили мактабҳои олӣ шуданро чӣ хел баҳо медиҳед? Бешак, ин нишондоди олӣ боиси тааҷҷуб мебошад ва сароҳатан диққати моро низ ҷалб намудаву сӯйи ин дабистон раҳнамун сохт.
Мактаби миёнаи рақами 50 дар деҳаи Работи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тӯпчоқ» ҷой гирифтааст, ки аз маркази маъмурии ноҳия 20 километр дур, дар миёни кӯҳҳои баланд мавқеъ дорад.
Роҳбарии мактабро шахси фозил, омӯзгори варзидаи фанни ҷуғрофия ва таърих Ориф Пардаев дар ӯҳда гирифтааст ва аз соли 2017 дар ин вазифа кор мекунад. Вай аз натиҷаҳои соли хониши 2023-2024 изҳори мамнуният намуд ва ин тавфиқро натиҷаи заҳматҳои бепоёни устодони дабистон номид, ки ҷамъ 45 нафарро ташкил дода, саросар маълумоти олӣ доранд. Назар ба гуфтаи ӯ, соли равон дабистонро дар маҷмӯъ 41 донишомӯз хатм намуданд ва 63,4 дарсади хатмкардагон ба макотиби олии ҷумҳурӣ дохил шуданд.
— Ин дар миқёси вилояти Қашқадарё натиҷаи хубе буда, заҳматҳои аҳли ҷамоаи омӯзгорони мактаби моро нишон медиҳад ва беҳтарин туҳфа дар арафаи шодиёнаҳои 33-юмин солгарди Истиқлоли Ватан мебошад, — гуфт ӯ ва сухан аз синфи ХI «А» ба миён овард, ки ҳама аълохон ва аз синфи IХ сар карда, бо таълими амиқ фаро гирифта шуда буданд.
— Дар истилоҳи соҳаи маориф чунин синфҳоро «вариативӣ» меноманд, ки бо хоҳиши падару модарон аз байни чандин синфи як мактаб ҷамъ кардаву бо таълими амиқи фаннӣ фаро гирифта мешаванд. Синфи вариативии «А» - и мактаби мо раванди физика ва математикаро дошт ва ба аҳли ин синф беҳтарин омӯзгорони мактаб дарс медоданд ва соати дарсҳояшон ҳам назар ба синфи «Б», ки бо таълими маъмулӣ фаро гирифта мешуд, зиёдтар буд. Дар ноҳияи Китоб се мактаб бо ин усул таълимро ба роҳ мондаанд, ки натиҷаи назаррас дар мактаби мо ба қайд гирифта шудааст. Чунки омӯзгорони мо дониши хуб доранд ва ба ҳаёти шогирдони худ аз паси панҷа наменигаранд, — бо ифтихор таъкид кард Ориф Пардаев.
Назар ба гуфтаи ӯ, синфи вариативии мактаб дар соли хониши гузашта натиҷаи рекордӣ ба даст овард. Азбаски раванди таълими ин синф физика ва математика интихоб шуда буд, 12 кас аз хатмкардагони синфи мазкур ба факултаҳои физика ва математика дохил шуданд. Раҳбари ин синф Парвоз Элмирзоев ба шогирдони худ аз фанни риёзӣ таълим додааст. Вай муаллими соҳиби тоифаи олӣ, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон аст. Ҳамчунин омӯзгорони дилсӯзи мактаб Амон Бердиев, Чамангул Эгамова, Сайфиддин Бердиев ва Собир Воҳидов барои баланд бардоштани сифати таълим дар мактаб хидмат мекунанд.
Директори мактаб изҳори шодмонӣ намуд ва таъкид кард:
— Мо омӯзгорон хеле шодем, ки шогирдонамон аз имтиҳоноти тест бо дарёфт кардани холҳои баланд ба мактабҳои олии кишварамон дохил шуданд. Масалан, Нозанин Ҳомидова бо дарёфти 148,5 хол донишҷӯйи факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ, Ҷаҳонгир Пардаев бо 128,6 хол шомили факултаи математикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, Рухшона Салимова бо 128 хол донишҷӯйи бахши риёзии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, Файёза Бӯриева бо 107 хол донишҷӯйи бахши риёзии Донишкадаи омӯзгории Шаҳрисабз шуданд. Ин шогирдони мо дар асоси гранти давлатӣ таҳсилро идома хоҳанд дод. Ҳамин тавр, аз 23 хонандаи як синф 22 нафар сазовори номи донишҷӯйи шуданд ва ин ба ҳисоби фоиз 96 дарсадро ташкил медиҳад.
Ба чунин натиҷаи баланд ноил гардидани мактаб тасодуфӣ нест ва солҳои пеш низ дабистон нишондоди хубе доштааст. Шогирдони ин мактаб соли 2019 ҷамъ 36 дарсад, соли 2020 – 44,4, соли 2021– 51,1, соли 2022 – 59 ва соли 2023 бошад, 58,8 дарсад ба муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ дохил шуда буданд.
Шариф ХАЛИЛ, хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.