АЗ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛӢ БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА БАРЕМ

Солҳои пеш қисми зиёди муроҷиати шаҳрвандон новобаста аз он ки ба кадом идора, ташкилот ё корхона таллуқ дошт, ҳалли онҳо беназорат мемонд.

Ё худ барои муроҷиат ва ҳаллу фасли он бисёр вақт, ҳатто солҳо сарф мегардид. Ҳоло, бинобар даъвати Президент Шавкат Мирзиёев «Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат намояд» масъала ранги дигар гирифтааст.

Яъне акнун ҳар як шаҳрванд метавонад ба ин ё он муаммову масъала ба «Қабулгоҳи халқӣ» муроҷиат кунад.
Алҳол нафақат роҳбарони корхона ва муассисаҳо, ҳатто ҳокимони вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо низ мувофиқи секторҳо ба маҳалҳо рафта, бо аҳолӣ мулоқот мекунанд, қабулҳои сайёр ташкил менамоянд ва дар ҳаллу фасли мушкилоти аҳолӣ саҳм мегиранд.
Қабули сайёри навбатии ҳокими вилояти Сирдарё Акмалҷон Маҳмудалиев  дар маҳаллаи Фаровони ноҳияи Сайҳунобод баргузор гардид. Ҷамъомадагон ба ҳоким бо беш аз бист масъалаву муаммо ва таклифу пешниҳод муроҷиат карданд.
Қисми асосии муаммоҳои онҳо чун ҳарвақта оид ба кумакпулӣ, нафақа, хонаву ҷой, вомҳои имтиёзнок, таъминоти газу барқ, мумфарш кардани роҳҳо ва дар хусуси беҳбудии саломатии аҳолӣ буд.
Ҳоким таъкид кард, ки мушкилоти инфрасохтори маҳалларо зина ба зина бартараф хоҳем кард. Аммо қарс аз ду даст мебарояд. Аксар бошандагони хонадонҳо ба замини наздиҳавлӣ ва боғҳои худ эътибор намедиҳанд. Ҳол он ки кишоварзӣ манбаи даромади асосии сокинони маҳалла мебошад. Мардуми деҳот ва маҳалла бояд бедор шаванд. Агар лозим шавад, мо бояд барои хуб зиндагонӣ кардани ҳар як шаҳрванди вилоят, аз ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда, даромади арзанда ба даст оварданро омӯзонем.
Дар қабули сайёр бошандаи маҳаллаи Фаровон Дилафрӯз Ёрова ба роҳбари вилоят бобати кумак расондан барои сиҳатии фарзандаш муроҷиат кард. Аз тарафи ҳоким барои беҳбудии кӯдак тамоми хароҷот ба дӯши мутасаддиён гузошта шуд.
Баробари фаро расидани зимистон мушкилоти таъминоти гази табиӣ ва неруи барқӣ зиёд мешавад. Дар ин ҷода барои иҷрои муроҷиати як гурӯҳ истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур  роҳбари вилоят ба ҳокимияти ноҳия вазифаҳои мушаххас дод.
Бошандаи маҳалла Наргиза Носирова бо арзи ба кор таъмин шудан муроҷиат кард. Муроҷиати Муҳриддин Фазлиддинов низ оид ба ин масъала буд, ки дар ҷояш ҳаллу фасл гардид.
Восит Абдураҳмонов хоҳиш кард, ки барои сохтмони корхонаи истеҳсоли шир аз бонк воми имтиёзнок гирад. Роҳбари вилоят ба дӯши мутасаддиён барои ҳалли муроҷиати ӯ вазифаҳо гузошт.
Дар қабули сайёр қисми зиёди муроҷиатҳо ҳалли худро ёфт.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: