«АЗ ЗАРРИ ПАДАР ҲУНАР БЕҲ»

Дар чаҳорчӯбаи қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои ташкилӣ доир ба гузарондани Ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандӣ» аз 1 ноябри соли 2018 Шӯрои «Ҳунарманд»-и ҷумҳурӣ дар Маркази матбуоти миллӣ таҳти унвони «Омодагӣ ба ҷашнвораи якуми байналхалқии ҳунармандӣ», ки дар шаҳри Қӯқанд баргузор мегардад, анҷумани матбуотӣ барпо намуд.

Дар анҷуман таъкид гардид, ки моҳи декабри соли гузашта доир ба тайёр кардани рамзи ҷашнвора бо ҳамкории Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон, Шӯрои «Ҳунарманд», Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ, телерадиокомпанияи миллӣ озмун эълон шуда буд.
Бо мақсади иҷрои супориши мазкур доир ба тайёр намудани рамзи ҷашнвора озмуни эҷодӣ гузаронда шуд. Дар озмун дар қатори эҷодкорони соҳибтаҷриба ҷавонон, толибилмони коллеҷ ва мактабҳо низ фаъол иштирок карданд. Иштирокдорон якчанд лоиҳаи рамзии худро пешкаш намуданд. 98 фоизи лоиҳаҳо ба тарзи электронӣ тақдим карда шуданд. Дар натиҷа аз 145 нафар муаллиф 202-то лоиҳаи логотипӣ дастрас шуданд. Лоиҳаи Бахтиёр Ишматов ғолиб дониста шуд.
Вазорати рушди технологияи ахбор ва коммуникатсия якҷоя бо Шӯрои «Ҳунарманд» веб-сомонаи ҷашнвораро бо се забон созмон доданд. Дар веб-сомона маълумотҳо дар бораи ҷашнвора, ҳунармандии миллӣ, ҳунармандон, маҳсулоти онҳо ҷойгир карда шуданд. Инчунин, ҳунармандони хориҷӣ ва маҳаллӣ, ки хоҳиши дар ҷашнвора иштирок карданро доранд, тавассути сомона ариза супурда аз рӯихат гузаштанашон мумкин. 
Назар ба маълумоти ҷонишини якуми раиси Шӯрои «Ҳунарманд» Шерзод Рабимқулов, ба ҷашнвора аз 80 давлати хориҷӣ зиёда аз 180 нафар мутахассисони соҳа, олимони санъатшинос, ҳунармандон иштирок хоҳанд кард. Инчунин, дар ҷашнвора иштироки беш аз 1000 нафар ҳунармандони маҳаллӣ бо шогирдони худ пешбинӣ шудааст. 
Барои ба ҷашнвора дохил кардани рӯихати ҳунармандони хориҷӣ Шӯрои ҳунармандони ҷаҳон аз наздик кӯмак мерасонад. Аз Африқо 10, Аврупо 25, Осиё ва уқёнуси Ором 95, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ 10 нафар ҳунарманд дар рӯихат ҷой доранд. Ғайр аз ин, аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон 20 нафар, аз Русия иштироки 10 нафар ҳунарманд мавриди назар аст.
– Ҳунармандӣ аввало истеъдоди худодод мебошад. Масалан, кулолгарӣ, кандакорӣ дар чӯбу тахта, нақш дар санг, дуредгарӣ, кашидадӯзӣ, гилембофӣ барин ҳунарҳо аз як авлод ба авлоди дигар чун ҳунари меросӣ мегузаранд,– мегӯяд ҷонишини ҳокими шаҳри Қӯқанд Азиз Муҳаммадиев. – Бо ташаббуси роҳбари давлат дар қатори ҷашнвораҳои «Таронаҳои Шарқ», «Мақом», «Ҳунари бахшигӣ» ба соҳаи ҳунармандӣ, эҳёи ҳунарҳои қадима эътибор дода мешавад. Умед дорем, ки ҷашнвора бо рӯҳияти баланд мегузарад, тавассути он ҳунармандони ҷавони боистеъдод ҳунари худро намоиш медиҳанд. Аз ҷумла, дар чорабинӣ гувоҳи он мегардем, ки ҳунарманди ҷавон бо чашми баста аз лой кӯза месозад, духтараки нобино дар мато гулдӯзӣ мекунад, ҳунармандон аз чӯб, тахта, коғоз, риштаю калоба, лой, алаф, коҳ, чӯбчаҳои гӯгирд ва ҳоказо анҷому ашёҳои шавқовар месозанд, ки ин ба беш аз пеш ҷалб намудани диққату эътибори хориҷиён ва сайёҳон ба кишвари мо хидмат мекунад.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: