АЗ ЗИЁРАТИ ҲАҶ БАРГАШТАНД

Дар тӯли як моҳ иддае аз ҳамватанони мо ба зиёрати Ҳаҷи муборак рафта, ба тавофи Каъба мушарраф гардиданд.

Инак, онҳо ба Ватани азиз баргашта, ба ин рӯзҳои хурраму осуда ҳазорон бор шукрона мегӯянд. Бо раҳнамоии Президент Шавкат Мирзиёев онҳо барои ба ҷо овардани  рукни панҷуми дини ислом – зиёрати Маккаву Мадинаи муқаддас имкон пайдо намуданд. 

Имсол аз вилояти Ҷиззах 450 нафар ба зиёрати Ҳаҷ рафтанд, ки дар бозгашт онҳоро ботантана пешвоз мегиранд.
– Дар вақти адои зиёрат дар ҳаққи ободиву гулгулшукуфии Ватани азизамон, фаровонии рӯзгори мардум ва сиҳату саломатии Сарвари дурандеши кишварамон даст ба дуо бардоштем, – мегӯяд сокини маҳаллаи «Хонандӣ»-и ноҳияи Фориш Бибихадича Ханҷарова. – Шукри Худованд, ки ба Ватан баргаштем, фарзандон моро гарм истиқбол гирифтанд, набераҳои ширинро навозиш намудам. Дар ҷомеа ҷавононро ҳамеша ба  роҳи рост ҳидоят хоҳем кард.
Хешовандони Б. Ханҷарова дар деҳаҳои Моҷарму Андаген умр ба сар мебаранд. Чунончӣ, Бибихадича келини яке аз омӯзгорони деҳаи Моҷарм Қирон Ханҷаров мебошад. Шавҳараш дар айни ҷавонӣ бар асари садама аз олам чашм пӯшид. Саробониву парастории ду писару як духтар аз ҳамон дам бар дӯши Бибихадича афтид. Ӯ бо сабру қаноат онҳоро ба камол расонд.
Модари раҳматиаш Норбибӣ Бобоева гӯяндаи сурудҳои халқӣ аз деҳаи Андаген буда, кӯшишҳои ӯ барои фазлу камоли Бибихадича бетаъсир намондааст.
Ба муносибати аз зиёрати Ҳаҷ баргашта омадани Бибихадича ҳамаи наздикон, пайвандон гирд омаданд. 

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: