«...АЗ ЗУЛМОТИ ҶАҲОЛАТ ВА НОДОНӢ БАРОВАРДА...»

Маъракаи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои дӯстдоштаи муштариён идома дорад.

Ҳар кас ба нашрияи  дӯстдоштаи  худ обуна мешавад. Имрӯз дар кишвари мо обуна маҷбурӣ не, ихтиёрӣ  аст. Ҳар як шаҳрванд бояд моҳият ва аҳамияти рӯзномаро дарк намояд. Дарк намояд, тавре ки дастандаркорони нахустрӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои шариф” огоҳ намудаанд: “Бухорои шариф” ахбори ҳама ҷоро ба ҳама кас медиҳад ва ҳамаи мардумро аз зулмоти ҷаҳолат ва нодонӣ бароварда, ба рӯшноии илм ва ирфон раҳнамун месозад”. 
Мо тавассути рӯзнома аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ва мамлакатҳои дигар воқиф мегардем, ҷаҳонбиниамон ташаккул ва инкишоф меёбад. Маънавият ва маърифатамон рушд мекунад. Илму маърифат рӯшноиест, ки роҳи зиндагиро мунаввар намуда, ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд.
Баъзеҳо даъво доранд, ки ҷои онро телевизор ва интернет гирифтааст, ҳоҷат ба рӯзномахонӣ нест. Бояд таъкид дошт, ки ин даъво нодуруст аст. Чаро ки маводи онҳо ба забони дигар аст, на ба забони модарии мо. Устод Айнӣ дар нахустшумораи “Овози тоҷик” аз 25 августи соли 1924 навишта буд: “Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад”. 
Моҳият ва аҳамияти ин гуфтаи устод Айниро ҳар шахси солимфикр  бояд дарк намуда, дар дидаи худ чун гавҳарак ҷо диҳад.
Дар вазъи кунунӣ рӯзномаи тоҷикӣ  ягона воситаи мубодила, арзу ниёз ва васлгари ҳамзабонон мебошад. Иқрор бояд кард, мо имрӯз кам китоби бадеӣ мехонем. Дар сурати мутолиа онро ба забони дигар мехонем, чунки асарҳои тоҷикӣ дастнорас ва камшуморанд. 
Мо танҳо тавассути рӯзномаҳо (“Овози тоҷик”, “Ховар” ва “Овози Самарқанд”) ҳикояву порчаҳоро аз қиссаҳои нависандагон хонда баҳраи маънавӣ мегирем. 
Аз куҷое хондаам, ки дар Ӯзбекистон беш аз дусад нафар адибон ба забони тоҷикӣ эҷод мекунанд, вале аксар ҳамзабонони мо номи онҳоро намедонанд. Ин ҳодисаест хандаовар ва ҳамзамон дардест  тоқатнопазир. Имрӯз танҳо рӯзнома аст, ки моро ба ҳам мепайвандад, дар ташаккули забони адабӣ саҳм мегирад. 
Пас муносибати мо – соҳибзабонон ба “забони миллат” чӣ гуна сурат мегирад? Оё мо – тоҷикон ба “забони миллат” арҷгузорӣ мекунем?  Оё мо аз забони модарӣ, ки ба он ҳазорҳо соҳибдевон осори мондагори маънавӣ офарида, оламиён эътироф кардаанд, сипосгузорем?
Ҷавоби ин суолҳо оддӣ аст. Он дар муносибати мо ба маъракаи обуна падидор мегардад. Аз як навиштаи докторант Холмурод  Муртазоев хондаам: “Имрӯз масъалаи коста шудани мухлисону муштариёни рӯзномаҳои  тоҷикии “Овози тоҷик”, “Ховар”, “Садои Сӯх” дар сар то сари кишвар маълум аст. Ин як навъ нишони қадрношиносӣ, худписандиву такаббурӣ ва хештанношиносии мо – ҳаммиллатон аст! Наход бехабарем, ки ин рӯзномаҳо оинаву муаррификунандаи ҳастии мо, фарҳангу таърихи мо, маданияту тарзи зисти мо, оилаву модару мактабу муаллими мост?! Ва эй кош, ба қадри меҳнати Айнӣ бо пайравонаш мерасидем! Кош медонистем, ки дар гузаштаву имрӯз масъулини ин рӯзномаҳо чӣ ранҷҳое бурдаанду мебаранд. Забони рӯзномаҳои номбурда забонест, ки бо  хун ва шири ҷонофарин, бо лафзи ширини модар ба мо гузаштааст, ҳар яке аз мо бо он забон гӯиш дорем.Забони рӯзномаҳо забонест, ки ба он Рӯдакии Самарқандиву Синои  Бухороӣ, Ал-Бухорию  Баҳоваддини Нақшбанд, Донишу  Айнӣ, Икромиву Улуғзода... асарҳои мондагор офарида, дар ташаккули маънавият ва маърифати инсоният саҳм гузоштаанд. Магар мункири ин забон будан гуноҳи азим нест  назди рӯҳи гузаштагон  ва носипосӣ нисбат ба аллаи ширини модарон?!
Аксар мардуми мо, ки китоби бадеӣ намехонанд ва ё кам мехонанд, аз “душвори”-и забони рӯзномаҳо меноланд. Ҳатто муаллими мактаби тоҷикӣ инро баҳона меоварад. Ин гуна ашхос фаромӯш кардаанд, ки бо инкишофи ҷомеа истилоҳоти нав ба нав вориди забон мегардад. Калимаҳои иқтибосӣ танҳо ба забони тоҷикӣ не, ба кулли забонҳо хос аст. Забони рӯзнома забони миллат аст, на забони шеваи як маҳал. Маҳз рӯзнома дар вазъи кунунии кишвар мактаби забони адабии тоҷик аст ва хоҳад монд. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
Фархуддин НУРНАЗАРОВ,
омӯзгорони мактаби 30-и ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: