Азиза – ғолиби озмуни «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ»

Ба қарибӣ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон озмуни байналхалқӣ таҳти унвони «Беҳтарин донишҷӯи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2020» баргузор гардид.

Ба қарибӣ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон озмуни байналхалқӣ таҳти унвони «Беҳтарин донишҷӯи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2020» баргузор гардид. 
Мақсад аз ин озмун дастгирӣ намудани донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии ИДМ, муайян кардан ва ҳавасмандгардонии ҷавононе, ки баҳри рушди илму фан ва техника саҳми арзанда мегузоранд.
Донишҷӯи курси чоруми факултети таърихи ДДБ Азиза Нуриддинова дар равияи таърихи ин озмун бо кори илмиаш «Масҷиди Абдулаҳадхон дар Санкт-Петербург» (роҳбари илмиаш Дилноза Ҷамолова) иштирок намуда, байни намояндагони 14 мамлакат сазовори ҷойи аввал гардид.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: