Бо ташаббуси ёру дӯстон, хешу пайвандон дар қасри боксчиёни шаҳри Самарқанд бахшида ба 85-солагии устоди варзиш, мураббии номдор, ҳаками байналхалқӣ шодравон Абдуазиз Абдуҳамидов мусобиқаи ҷумҳурии муштзанҳои наврас баргузор гардид.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Бо ташаббуси ёру дӯстон, хешу пайвандон дар қасри боксчиёни шаҳри Самарқанд бахшида ба 85-солагии устоди варзиш, мураббии номдор, ҳаками байналхалқӣ шодравон Абдуазиз Абдуҳамидов мусобиқаи ҷумҳурии муштзанҳои наврас баргузор гардид.
Ташкилотчиёни чорабинӣ дар ҷойи намоён сурати соҳибҷашнро гузоштаанд, ки гӯё ӯ аз байни чорчӯбаи хушсохт меҳмонону мизбононро бо табассуми ширин, нигоҳи пурмеҳр хайра мақдам мегӯяд. Шахсоне, ки ӯро аз наздик мешинохтанд ва ё бо ӯ риштаи дӯстӣ баста буданд, чанд лаҳза сӯяш дида дӯхта, афсӯс мехӯрданд, ки ҳоло дар байни эшон нест.
Марги нобаҳангом ӯро дар 58-солагӣ аз байни мо рабуд, вале хотири некаш боқист.
Абдуазиз соли 1940-ум дар шафати майдони Регистон, гузари Масҷиди кабуд таваллуд ёфта, аз наврасӣ ба варзиш дил баст.
Аз ҳамин сабаб Абдуазиз аз наврасӣ ба маҳфили бокс рафт ва ҳатто дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои фахрӣ насибаш гашт.
Ӯ баъди хатми мактаби миёнаи рақами 21-уми ноҳияи Сиёб ба Тошканд омада, донишҷӯйи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Ӯзбекистон гардид. Ҳангоми таҳсил дар донишкада, баробари шуғл бо варзиш, пайваста китоб хонда, ғизои маънавӣ мегирифт.
Абдуазиз Абдуҳамидов соли 1962 фаъолияти кориро ҳамчун мураббии клуби «Динамо»-и назди садорати варзиши вилояти Самарқанд оғоз намуд. Аз байн ду-се сол нагузашта, ӯро директори мактаби махсуси бокс таъин карданд. Бинобар ташаббускорӣ, қатъият ва дигар хислатҳояш роҳбари мактаби олии маҳорати варзиши ҷумҳурӣ интихоб шуд. Соли 1973 унвони ҳаками тоифаи байналхалқӣ гирифта, дар бисёр мусобиқаҳои бонуфуз ширкат варзид.
Масалан, соли 1974 дар Куба чемпионати ҷаҳон оид ба бокс баргузор шуд, ки вай бо чаҳор нафар вакилони Иттиҳоди Шӯравӣ ба Гавана омад. Ҳамон сол намояндаи Тошканд Руфат Рисқиев чемпиони ҷаҳон шуд ва ифтихори кишвари шӯравӣ гардид.
Ҳамватани мо дар бозиҳои олимпӣ, байналхалқӣ, ҷумҳурӣ низ доварӣ кардааст.
Сад дареғ, ки соли 1998 аз сактаи дил чашм аз олами ҳастӣ пӯшид ва ӯро дар қабристони Чиғатой, воқеъ дар Тошканд, ба хок супурданд. Чанде пеш ҳамсараш Муҳаббатхола низ аз олами фано ба олами бақо реҳлат намуд.
Се нафар фарзандон ва қариб 10 нафар наберагон ворисони муносиби сулолаи Абдуҳамидовҳо мебошанд.
– Мо, фарзандон ҳар гаҳ ёди падари бузургворам мекунем, – бо ҳасрат гуфт ягона писараш Темурҷон. – Рости гап, дар Самарқанд гузаштани тадбири пуршукӯҳи хотирнишонро шунида ниҳоят хушҳол гардидем, шогирдони бешумор, дӯстони бовафо ёди неки падари бузургворам кардаанд.
– Раҳматӣ устодамон Абдуазиз Абдуҳамидов инсони хоксору росткор, дилёбу дарёдил ва ба мо – шогирдон ниҳоят ғамхору меҳрубон буданд, – иброз дошт устоди варзиш, депутати Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, яке аз ҳомиёни мусобиқа Ӯктам Саидмуродов, – солҳои 70-80-уми асри гузашта дар Самарқанд Абдуазиз Абдуҳамидов, Виктор Ким, Анатолий Панарин барин мураббиён мактаби хоси худро бунёд карда буданд, ки шогирдони эшон дар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ, Бозиҳои олимпӣ, чемпионати ҷаҳон ҷойҳои фахрӣ ишғол менамуданд. Додарон Александр ва Николай Анфимовҳо, Марат Габриелов, Игор Коржаманов, Михаил Ягудаев ва дигар варзишгарони Самарқандро дунё мешинохт.
Боз як гап. Раҳматӣ Абдуазиз Абдумаҷидович ба мо на танҳо сиру асрори муштзанӣ, фазилатҳои ҳамидаи инсониро низ ёд медоданд.
Таълиму тарбияти устод буд, ки аксарияти шогирдонаш ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд ва ба халқу Ватан хидмати шоиста мекунанд.
– Илоҳо рӯҳашон шод ва хонаи охираташон обод бод, раҳматӣ амакам Абдуазиз Абдуҳамидов барои хешу пайвандон низ ғамхору меҳрубон буданд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд яке аз собиқадорони варзиш, ҷонишини раиси амини гузари Масҷиди кабуд Абдукарим Абдуғаниев. – Ман аз фурсат истифода бурда ба шогирдони вафодори ӯ – фахриёни бокс Абдулло Сафаров, Собирҷон Бобоҷонов, Файзулло Зиёев, Ӯктам Саидмуродов, Қобил Сатторов, Рустам Насимов, Абдулло Мансуров, Рустам Алиев, Эргаш Ҳакимов, Холмурод Ҳасанов ва дигарон сипосгузорӣ мекунам, ки вақти хешро дареғ надошта, дар ин мусобиқаи бошукӯҳи варзишӣ ширкат варзиданд.
Боят таъкид намуд, ки дар мусобиқоти ҷумҳурӣ 15 нафар дар вазни худ ғолиб дониста шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои ташкилотчиён сарфароз гардидаанд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.
Хабарҳои дигар
ДАСТОВАРДҲОИ НАВ БА ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
Варзиш гарави саломатист.
Париж 2024: варзишгари паратаэквондо Зиёдахон Исакова - барандаи медали нуқраи Бозиҳои паралимпӣ!
Зиёдахон Исакова аз Ӯзбекистон дар Бозиҳои паралимпӣ дар Париж медали нуқра ба даст овард.
САРВАРИ ПАҲЛАВОНОНИ ӮЗБЕКИСТОН
Пӯлод Ҷӯраеви миёнақад, ҷасуру чолок ба сабаби ногирои модарзод будан солҳои пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар омӯзишгоҳи махсуси касбу ҳунари ҷамъияти ногироҳои даҳаи Ӯқчии шаҳри Тошканд таълим гирифт ва соҳиби касби дуредгарӣ гардид.
ИНЪОМИ БУЗУРГИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё бахшида ба ҷашни 31-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Дар Ӯзбекистони нав халқ азиз, инсон азиз» чорабинии идона баргузор шуд.
ӮЗБЕКИСТОН ДАР САФИ ЗӮРТАРИНҲО
Олимпиадаи навбатӣ ҷамъбаст ёфт, вале мо то дер таҳти таъсири бозиҳое хоҳем монд, ки беҳтарин варзишгарони дунё дар пойтахти Фаронса нишон доданд.
Мунтахаби Ӯзбекистон дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон медали аввалро ба даст овард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон дар Перу ҳайати Ӯзбекистон аввалин ҷоизаи худро ба даст овард.
ТОШКАНД — МИЗБОНИ МУСОБИҚАҲОИ ЗАКОВАТМАНДОН
24-25 сентябр Боғи ботаникии Тошканд аз ҳарвақта серодам буд.
ИФТИХОРИ МАКТАБ
Тайи чанд сол аст, ки варзишгарони ҷавони мактаби рақами 67-уми ноҳияи Сариосиё таҳти роҳбарии муаллими пуртаҷриба аз фанни тарбияи ҷисмонӣ Нуриддин Холиқов дар мусобиқаҳои ноҳиявию вилоятӣ доир ба намудҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ, хусусан, футбол, баскетбол, тӯби дастӣ, шоҳмот, стритбол, бадминтон ва теннис ҷойҳои асосиро ба даст оварда истодаанд.
КОМЁБИҲОИ ФАРҲОДҶОНИ ПАНҶСОЛА
Хушхабарро аз муаллими собиқадор Нуриддинов шунида, шод гардидем, ки набераяки ба синни 5 қадаммондаи ӯ ғолиби мусобиқаи варзишӣ шудааст.
Боз як медали тиллоии олимпиада
Вазнбардор Акбар Ҷӯраев дар ду самт рекорди олимпиро гузошт
Нахустин медал дар Бозиҳои БРИКС дар шиноварии синхронӣ ба даст оварда шуд
Ҳайати Ӯзбекистон дар бозиҳои БРИКС дар Қазон ба ҳисоби худ ҷоизаи аввалро сабт кард.
АНЪАНА ИДОМА ДОРАД
Маълум, ки воҳаи Сурхон аз азал ватани паҳлавонон ва чапандозҳои ҷасуру моҳир аст.